Рӯ ба илм. Геологияи баҳрҳо, яъне чӣ?

Геологияи баҳрҳо, яке аз бахшҳои геология, илм дар бораи таркиб, сохт ва таърихи як қисми калонтарини Замин, ки бо оби Уқёнуси Олам пӯшида шудааст. Вазифаҳои асосии геологияи баҳрҳо таҳқиқоти ҷараёни геологӣ ва пайдарпай ташаккулёбии таҳнишастҳо, ҷинсҳои сатҳи Замин, қишр ва қаъри баҳрҳо, инчунин  маъданҳо, ашёи минералии ба фаъолияти геологии  баҳру уқёнусҳо вобаста мебошад.

Геологияи баҳрҳо  яке  аз қисмҳои  маҷмўии  ҳама гуна илмҳои  геология буда, дар заминаи  таҳқиқоти  геологияи сатҳи Замин инкишоф ёфтааст ва яке аз соҳаи пешқадамтарин дониста шудааст. Геологияи баҳрҳо бахши беканори геология буда, бо илмҳои геологияи динамикӣ, литология, минералогия, стратиграфия, палентология, геологияи таърихӣ, геморфология, техника, вулканология (вулканшиносӣ)  петрография, геологияи муҳандисӣ ва геологияи канданиҳои фоиданок алоқаи зич дорад.

Дар таҳқиқоти геологияи баҳрҳо усулҳои таҳқиқоти илмҳои  зикршуда ҳамаҷониба истифода мешавад, вале аз рўйи иҷрои корҳои саҳроӣ тафовут доранд. Намунаҳо ва озмоишҳо барои таҳқиқот ба воситаи киштиҳо бо асбобҳои махсуси геофизикӣ гирифта мешавад. Аз маводи пармакардаи баҳру уқёнусҳо барои таҳлил ва хулосабарорӣ истифода мекунанд. Ба омезиши  ҷараёнҳое,  ки дар қаъри баҳру уқёнусҳо ба вуқўъ меоянд, соҳаи океанологияи (уқёнусшиносӣ) машғул аст, вале он ба масоили сохти геологӣ ва таърихи  тараққиёти қаъри баҳру уқёнусҳо  посух  дода  наметавонад.

Вазифаи геологияи баҳрҳо омўзиши қонунҳои паҳншавӣ ва шароитҳои пайдошавии конҳои канданиҳои фоиданок, аз қабили нафт, газ, гўгирд (сера), маъданҳои оҳан, манган, ангишт, фосфоритҳо ва муайян  кардани  қабатҳои  маъданҳо дар қаъри баҳрҳо мебошад.

Инчунин таъмин кардани маълумоти ҳидрогеологӣ,  сохтмонҳои дар қаъри баҳр, пешгўй дар бораи зилзилаи зерибаҳрӣ  ва мавҷҳои сунамиҳо, мудофиа аз ҳодисаҳои ғайричашмдошт, соҳаи моҳипарварӣ ва ҳифзи онҳо низ вазифаи геологияи баҳрҳо мебошад.

Бозчоп аз Энсиклопедияи  Миллии Тоҷик. – Душанбе. – 2015. – Ҷ.4. –      С. 302-303.

Муаллиф: К. Вазиров

Таҳияи Парвина Қаюмова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.