Гаршосп дар осори хаттиву шифоҳӣ

 Гаршосп паҳлавони устуравӣ дар «Шоҳнома», яке аз паҳлавонон ва сарони сипоҳи шох Манучеҳр дар ҷанг бо Салму Туру Афросиёб ва хазинадори Манучеҳр. Нажодаш ба Ҷамшед мерасад. Дар Авесто, «Бундаҳишн» ва осори адабии садаҳои нахусти ислом ёд шудааст. Чунончи, дар Авесто Гаршосп писари Асрат, аз хонадони Сом ва кушандаи аждаҳои заҳрдор аст.

Ба гуфтаи Берунӣ дар «Осору-л-боқия» ва таҳқиқоти ховаршиносон Гаршоспу Сому Наримон ҳар се як тананд ва дар ривоятҳои форсӣ аз Гаршосп, ки номи ин паҳлавон аст ва Сом, ки аз хонадони ўст ва Наримон ба маънои далеру паҳлавон, ки сифати ўст, се ному се паҳлавон сохтаанд. Бинобар маъхазҳо, дар «Шоҳнома»-и мансури Абулмуайяди Балхӣ, ки ҷузъе аз он «Китоби Гаршосп» аст, симои Гаршосп ба таври барҷаста таҷассум ёфтааст, аммо ин асар то замони мо нарасидааст.

Асадии Тўсӣ, ки «Гаршоспнома»-ро дар шарҳи паҳлавониҳои ў сурудааст, Гаршоспро бо бародараш Гавранг аз писарони Асрат писари Сом писари Гувург писари Шедасп писари Тур писари Ҷамшед, яъне аз дудмони шоҳону паҳлавонон мехонад. Ў ниёи Наримон, Сом, Зол, Рустам ва Сўҳроб аст.

Ба тасвири Асадӣ, Гаршосп аз овони зода шудан чобук асту ҷуссаи бузургу чеҳраи зебо дорад, ҳунарҳои размро меомўзад ва бо шеру паланг набард менамояд. Дар 14-солагӣ ба камол расида, сипаҳсолори дарбори Заххок мегардад. Дар кору симати хеш содиқ аст, гарчи худраъйиву золимии Заҳҳокро дарк кунад ҳам, андешаи сарнагунии вайро надорад, зеро бимаш аз он аст, ки пас аз Заҳхок шояд шоҳе золимтар аз ў ояд. Ва чун Фаридун ба тахт менишинад, дар баробари вай бо ҳамон садоқат камари хидмат мебандад. Иродати лутфу карами инсоннавозӣ дорад, ҳатто агар душман аз ў амон хоҳад, гузаштро раво медорад.

 Диловар асту бо душманони сарзаминаш беамон ва мудом дар набардҳо пирўз. Ба зиндагиву мардуми атрофаш дилгарму меҳрубон аст ва чун ба духтари қайсари Рум ошиқ мешавад, ҳама шартҳои қайсарро ба ҷо оварда, комёб мегардад. Рўҳияи накукорию ободгарӣ дорад, аз ҷумла Сиистонро сохта, Ганҷаро дубора барқарор мекунад ва ҳеч гоҳ ба харобкории лашкари худ рох намедиҳад.

Гаршосп баробари ин муҳассанот, он гуна, ки дар «Гаршоспнома» тасвир шудааст, пайваста дар омўзишу андешаи нек аст, ҳатто бо ин ният сафарҳо мекунад ва аз бараҳманҳову ҳакимони Ҳинду Рум аз боби фалсафаи оламу Одам ва дигар масоили рўзгор суол мекунаду посухҳо мегирад.

Бигўед, то дониш афзоядам,

 Магар дил ба чизе биороядам.

 Гаршосп бародарзодааш Наримонро тарбият карда, ҷонишини худ мегардонад ва дар 73-солагӣ аз ҷаҳон дармегузарад.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2015. – Ҷ.4. – С. 235.

Муаллифон: А. М. Хуросонӣ.                   

Таҳияи Ҳусния Назарова

          корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.