Рӯ ба илм. Кӣ метавонад докторант шавад?
Докторант, шахсе, ки дараҷаи илмии номзадҳои илм дошта, барои дарёфти дараҷаи доктори илм дар докторантураи ягон муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ё таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ таҳсил мекунад. Номзади илме докторантура шуда метавонад, ки асарҳо ва дастовардҳои илмӣ дошта, дорои қобилияти баланди таҳқиқотӣ, ҷустуҷў ва амалигардонии натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бошад.
Барои докторант шудан довталаб ба номи роҳбари муассисае, ки докторантура дорад, ариза, нусхаи дипломи дараҷаи номзади илм (шахсоне, ки мактабҳои олии кишварҳои хориҷиро хатм кардаанд, нусхаи дипломи унвони дахлдори илмӣ, ки нострификатсия шудааст), нақшаи васеи рисолати докторӣ, рўйхати корҳои илмии чопшуда ва навовариҳо, ҳисобот оид ба корҳои илмию таҳқиқотии худро пешниҳод менамояд. Роҳбари муассисаи докторантурадор ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи довталабро баррасӣ намуда, дар асоси хулосаи кафедраи дахлдор оид ба қабули довталаб ба докторантура фармон мебарорад, инчунин барои докторант мушовири илмӣ (доктори илм, профессор) таъйин мекунад. Нақшаи васеи рисолаи доктории ўро низ дар асоси фармон тасдиқ менамояд.
Ба докторант мувофиқи нақшаи муфассали кори илмиаш тибқи муқаррарот маош дода мешавад. Докторант ҳар сол аз корҳои илмии анҷомдодаи худ ба Шўрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ё таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ гузориш пешниҳод менамояд. Шўрои олимон аттестатсияи докторантураро анҷом дода, аз рўи гузориш ва натиҷаи корҳои илмии ў доир ба таҳсили ояндааш қарор қабул мекунад.
Докторант пас аз анҷоми таҳсил бояд яке аз масъалаҳои муҳими илмиро мавриди таҳқиқу таҳлил қарор дода, рисолаи докторӣ нависад ва онро барои баррасӣ пешниҳод намояд.
Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба докторант кафолати иҷтимоӣ ва имтиёзҳо муайян карда шудаанд. Муҳлати таҳсил дар докторантура ба собиқаи кории илмӣ ва педагогии докторант дохил мешавад.
Бозчон аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ. 6. – С. 46-47.
Муаллиф: Р. Раҳмонӣ.
Шуъбаи библиографияи миллӣ.