Рӯ ба илмҳои табиӣ ва риёзӣ: Давраи яхбандӣ чист?
Давраи яхбандӣ, фосилаи нисбатан дуру дарози таърихи геологии Замин, ки дар муддати он хушки борҳо зери қабати ғафси яхҳо мондааст. Давраи яхбандӣ чанд бор бо давраҳои нисбатан гармтар иваз шудааст, ки дар ин давраҳо қисми зиёди яхҳо об мешуданд. Дар замони яхбандиҳо сатҳи обу баҳр нисбат ба замони имрўза то 100 м ва бештар аз ин паст мефуромад; дар ҷойҳои гулўгоҳҳои имрўза “пулҳои хушк” пайдо мешуданд, ки таввассути онҳо ҳайвоноти хушкигард аз як қитъа ба қитъаи дигар мегузаштанд.
Яхбандиҳои Амрикои Шимолӣ (дар протерозойи поин), Африқо, Австралия (рифеи боло), Аврупо, Осиё ва Амрикои Шимолӣ (венд), Африқо (ордовик), материки Гондвана (охири давраи ангишт ва аввали перм) маълуманд.
Таҳқиқоти 100 соли охир нишон дод, ки масоҳати зиёди қисми аврупоии ИҶШС 1 млн сол муқаддам чандин бор ва қисми ғарбии Аврупо 4 бор ба зери ях мондааст. Ғафсии ях дар нимҷазираи Кола то 1000 м, Норвегия то 2000 – 3000 м мерасид. Майдони яхбандӣ дар Сибир 4 млн км2, Аврупо 5,5 млн км2-ро ташкил медод.
Таҳқиқотҳои палеоҷуғрофиёӣ нишон медиҳаанд, ки ба давраи чорумин хунукшавии умумии иқлими Замин бештар хос мебошад. Дар ин давра рўи заминро се бор қабати яхҳо пўшиданд. Бо самти сардӣ дигаршавии иқлими Замин дар давра боиси тағйирёбии мавқеи минтақаҳои табии ҷуғрофиёӣ гардид. Аксарияти навъҳои ҳайвоноти ширхўри давраи неоген аз байн рафта, гурўҳҳои ба давраи чорумин хос – филҳо, барзаговҳои муосир, аспҳои тоқасум ва ғайраҳо ташаккул ёфтанд.
Ҳар як давраи яхбандӣ баьди худ таҳнишастҳои моренавӣ, флювиглятсиалӣ ва кўлӣ – пиряхӣ боқӣ мегузошт. Дар марҳилаҳои яхбандии бузургтарин (максималӣ) майдони таҳнишастҳои пиряхҳо аз масоҳати пиряхҳои замони имрўза беш аз се баробар зиёд мегардид. Пиряхҳо масоҳати зиёди уқёнусҳоро фаро гирифта, сарҳадди майдони ҷинсҳои яхбастаи бисёрсола то ба ҷануби Фаронса поин мефуромад. Махсусуан дар замони плейстотсени болоӣ, ки иқлим хеле хунук буд (бо вуҷуди нисбатан танг будани майдони яхбандӣ), дар минтақаҳои атрофи пиряхҳо ландшафти паҳновари хосси тундраву даштҳо ба вуҷуд омад; минтақаи бешазорҳо ба самти ҷануб ҷой иваз намуда, дар баъзе мавридҳо тамоман аз байн рафтанд. Дар минтақаҳои наздипиряхӣ таҳнишастҳои лёсс ва лёссмонанд ба вуҷуд омаданд; ҳайвоноти сардидўст: мамонтҳо, каркаданҳои пашмдор (ҳоло вуҷуд надоранд), говмешҳо, гавазни шимолӣ, рўбоҳи шимолӣ, кабки Кутбӣ (ки ҳатто дар арзҳои Қрим ва Қафқози Шимолӣ дучор меомаданд), ҳамчунин ҳайвоноти даштӣ ва бешадаштӣ – аспҳо, говҳои ёбоӣ (бизонҳо), гавазнҳои бузургшох зиндагӣ мекарданд.
Тақрибан 10000 сол қалб, дар сарҳадди плейстотсен ва голотсен иқлими рўи Замин куллан тағйир ёфт. Сатҳи уқёнуси Олам нисбат ба сатҳи имрўзааш тақрибан 100 м баландтар шуд. Ландшафти минтақаҳои калон, олами наботот хеле тағйир ёфт; бисёр намудҳои ҳайвонот, ки ба иқлиму шароити нав мутобиқ шуда натавонистанд, аз байн рафтанд.
Муаллиф: М. Ҷанобилов
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2017. – С. 197-198.
Таҳияи Маҳина Раҳмонова
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.