Раҳмонов, Э. Имоми Аъзам: рӯзгор, осор ва афкор. / Мурат.: Ғ. Ғоибов; С. Аҳмадов; Таҳти назари А. Ализода. – Душанбе, «Эр- граф», 2009. – 416 саҳ.
Дар ин китоб сайри мухтасар ё дар таърихи омӯзиши аҳволу осор ва афкори яке аз барҷастарин чеҳраҳои шинохта дар соҳаи илмҳои исломӣ – асосгузор ва мураттиби фиқҳи исломӣ, яке аз аввалин мутаккалимон Абуҳанифа Нӯъмон бини Собит машҳур бо лақаби « Имоми Аъзам» сурат гирфитааст, то хонандаи азиз шиносоии кӯтоҳе дар бораи дараҷаву сатҳи омӯзиши ин мавзӯъ дошта бошад. Муаллиф дар соли бузургдошти Имоми Аъзам – соли 2009 тасмим гирифт, ки ин китобро ба хотири равшанӣ андохтан ба паҳлӯҳои зиндагӣ ва осори Имоми Аъзам таълиф намояд, то хизмати хоксоронае дар ҷодаи омӯхтану муаррифии ин бузургмарди таърихи миллату динамон анҷом дода бошад.
Китоб барои ҳамаи онҳое, ки майлу рағбати ошноӣ бо зиндагӣ ва осори Имоми Аъзам Абӯҳанифа доранд, навишта шудааст.