Раҳмонов, Эмомалӣ. Тоҷикон дар оинаи таърих Аз Ориён то Сомониён / Муҳар.: С. Фаттоев, Б. Абдураҳмонов. – Душанбе: Ирфон, 2009. – Китоби якум. –704 саҳ.
Китоби мазкур тамоми сарчашмаҳои воқеии худшиносии миллӣ, қабл аз ҳама, бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуну мероси фарҳангии ниёгон ва посдории хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллатро дар бар гирифтааст. Китоб ба мавзӯҳои зерин тақсимбандӣ шудааст: “Сабақҳои таърих ва озмоишҳои мактаби истиқлолият”, “Шоҳроҳи абрешим – пули заррини гузашта”, “Имрӯз ва оянда”, “Рӯҳи ҷовидонаи Бохтар ва Вахши ҳаётбахш”, “Ватани Зардушт ва зуҳури паямбари оини ростин”, “Қаноати мард ва сутуни пойдори давлат”, “Бохтару Суғд – гаҳвораи нахустдавлатӣ тоҷикон”, “Ҷоми Ҷамшед ва тафсири муаммои се замон тоҷикон”, “Ҳидояте ба хонанда”, “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Дирӯз ва имрӯзи тоҷикон”, “Давраи тиллоии тоҷикон”. Китоб бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр шудааст.