Рақси тоҷикӣ аз дидгоҳи устоди рақс. Муруре ба китоби “Композитсия  ва методикаи  эҷоди  рақс”

Ин китоб  соли 2022 дар нашриёти “Хуросон”-и шаҳри Хуҷанд чоп шудааст ва чуноне аз номаш пайдост, як асари таҳқиқӣ дар бораи композитсия ва методикаи рақси тоҷикӣ мебошад. Набиҷон Ҷўраев, собиқадори соҳаи фарҳанг, Аъолчии фарҳанги Ҷумҳурии    Тоҷикистон дар ин чанд ҷумла нависандаро муаррифӣ кардааст:

Муаллифи ин китоб Аюбҷонова Фирўза Мирзоҷонова устоди санъати рақс, педагог, балетмейстер, собиқадори меҳнат, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медали «Хизмати шоиста» ва  Ҷоизаи ба номи Маҳастии Хуҷандӣ мебошад. Ў ба раванди   ташаккул ва инкишофи санъати рақси муосири тоҷик, ҳамчунин тарбияи  санъаткорони ҷавони балет ва роҳбарони ҷомеаҳои рақсӣ саҳми  назаррас  гузоштааст.

Ф.М. Аюбҷонова  муаллифи китоби «Рақси  анъанавии  тоҷикӣ» (солхои 2000-2001) мебошад, ки дар он хусиятҳои рақси тоҷикӣ,  жанрҳои хос ва сабку равишҳои муқарраргардидаи он мавриди  таҳлил ва тавсиф қарор гирифтааст. Китоби «Комтозитсия ва усули эҷоди рақс» идомаи тадқиқоти  муаллиф дар ҷодаи омўзиши аслияти  рақси миллии тоҷикӣ  мебошад.

Умедворам, дӯстдорону мутахассисони санъати рақс фикру андешаҳои худро доир ба ҳусну қутби ин китоб беғаразона баён хоҳанд кард.

РАҚСИ ИМРӮЗ ВА ТАҚОЗО АЗ УСТОДОНИ РАҚС

Муаллифи китоб Фирӯза Аюбҷонова дар пешсуханаш ба китоб дар атрофи ҳамин масъалаҳо ибрози назар кардааст. Вай мегӯяд, солҳои охир дар мамлакати мо шавқу рағбат ба санъати хореографӣ  назарас  зиёд  шудааст. Дар бисёр  шаҳру  ноҳияҳои  Тоҷикистон   ҷомеаҳои рақсии  кўдакону калонсолон  ташкил  карда  мешанд. Ин бошад, дар набати  худ, аз кормандони фарҳанг ва санъат  тақозо  менамояд, ки ба омодасозии  кадрҳои   касбӣ  диқкати махсус диҳанд.

Мусаллам аст, ки танхо он  раққосоне  балетмейстрҳои  сазовор   мегарданд, ки назарияи санъати рақсиро хуб омўхтаанду зимнан   қобилияти худодод ва майлу рағбати беандоза ба ин намуди фаъолияти эҷодӣ доранд ва метавонанд дониши андўхтаро  дар кори амалӣ татбиқ  кунанд.

Бинобар ин педагогхо – балетмейстерхо бояд ба ошкор сохтани   фардияти   ҳар  як аз шогирдони худ таваҷҷўҳи хоса зоҳир  намоянд, зеро ҳамаи онҳо аз лиҳози эҷодӣ мустақиланд, нотакроранд, ба худ хосанд, сабки худ ва тафаккури нодир  доранд.

Ҳангоми саҳнагузории ин ё он рақс балетмейстер бояд ҳамеша ба маъхазу сарчашмаҳои дасти  аввал  такя  намояд. Маҳз барои ҳамин бо таърихи рўзгор ва  сарулибос, хусусияту вижагии маводи мусиқӣ шинос кардани балетмейстерҳои оянда хеле муҳим аст, зеро рақси миллӣ  бояд   ҳамеша характернок   бошад. Танҳо  дар  мавриди  пеш гирифтани чунин муносибат ба марҳилаи оянда, яъне ба эҷоди   образи саҳнавӣ, ба идроку ифодаи характер, сабки  рақси алоҳида  гузаштан имкомпазир мегардад. Агар ин қоида халалдор гардад, ғайриирода хусусияти  рақсро  таҳриф  кардан аз эҳтимол дур нест, ки он боиси аз даст рафтани аслият, арзиши  бадеӣ  ва  коҳиши шавқу  рағбати тамошобин  мешавад.

Ҳангоми кор аз болои композитсияи рақс балетмейстер ғайр аз фаҳмидани  зарурати  истифодаи  дурусти  ҳамовозии  мусиқию ритм (зарб) ва асолати  сарулибоси  таърихӣ, бояд  ҳамчунин масъулияти   худро дар интиқоли дурусти по, фигураҳо, ҳаракатҳо ва худи  лексикаи  асари рақсӣ, ки ба анъанаҳои халқӣ такя  мекунад, идроку эҳсос намояд.

Мутаассифона, дар рўзҳои мо баъзе аз хореографҳо,  балетмейстерҳо ҳангоми  эҷоди  рақси хоси  миллӣ  кори худро танҳо бо интихоби бомуваффақияти маводи мусиқӣ, ҳамчунин сарулибоси муаллам ва серороиш  маҳдуд  мекунанд.

Бинобар ин, педагогҳо –хореографҳо бояд кўшиш ба харҷ диҳанд, ки шогирдонашонро чун ҳамфикрони худ, устодони баландихтисоси ба касбашон содиқу  дилдода  тарбия кунанд.

Китоби “Композитсия ва методикаи эҷоди рақс”-ро, ки ба ду забон: тоҷикӣ ва русӣ навишта шудааст, хонандагони азиз метавонанд дар шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Салима ОДИНАЕВА,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.