Расул Ғамзатов дар бораи сабки эҷод. Бахши сеюм

Расул Ғамзатов Дар дафтарчаи хотироти падарам қиссаи дандоншинонии ў сабт шудааст.  Вақте ки кор наздик меояд, духтур аз Ғамзат мепурсад, ки дандони чӣ хел шинонад: тилло, нуқра ё пўлод? Ғамзат саросема шуда, чӣ гуфтанашро намедонад ва ба дўстонаш, ки он ҷо ҳузур доштаанд, имдодталабона менигарад.

Тилло шинон, -маслиҳат медиҳад як дўсташ.-Тилло чизи асил аст.

Пўлод нишон, – мегўяд дигаре.-Пўлод сахт, ҳеҷ вақт хўрда намешавад.

Чӣ хел мешавад, -эътироз менамояд Ғамзат. – Агар ман ба авул дандони тилло ё пўлод шинонида равам, одамон ба ман тарзе менигаранд, ки гўё дар даҳонам дандон не, фонусҳо даргирифта бошанд. Мардум маро монда, фақат дандонҳоямро тамошо мекунанд. Ҷилои дандонҳо симоямро мепўшонад. Устухониашро шинонидан мумкин аст, ки касе дандони нав доштани маро пай набарад. Агар ҳамин хел дандони номаълум бошад, ман розӣ.

Духтур хоҳиши Ғамзатро иҷро намуда, дандони садаф мешинонад, ки он ба дандонҳои пештараи ў ҳамранг мешавад. Баъдтар дар назми шоире мисраъҳои бегона ё иқтибосиро дида, падарам мегуфт:

Дар ин шеър дандонҳо ориятӣ метобанд.

Албатта, бо дандони ориятӣ ҳам себ хўрдан мумкин, аммо ба гумонам, себ бо дандони худ газидагӣ барин қарсас ҳам намекунад, ширин ҳам намешавад.

ЁДДОШТ. Соли 1947 дар театри Махачқалъа шабнишинии ботантанае барпо гардид: ҳафтодсолагии падари ман, шоир Ғамзат Садасаро ҷашн мегирифтанд. Бисёр нуқтҳои табрикӣ гуфта, басе шеърҳо хонда ва туҳфаҳои зиёде бахшида шуданд. Дар охир ба худи соҳибҷашн, ба падарам, сухан доданд. Ғамзат ба минбар баромада, оромона аз қиссаи сари синааш як варақ шеъри махсус ба ҷашни мазкур иншокардаашро бароварда ва ҳамчунин оромона ба қисаи дигараш даст андохт…

Ҳамин дам ҳаракатҳои оромонаи падарам якбора ноором шуданд. Гоҳ ба як киса, гоҳ ба кисаи дигараш даст меандохт. Ҳама яқин карданд, ки соҳибҷашн айнакашро дар хона фаромўш кардааст. Фавран барои овардани айнак одам фиристоданд. Аммо Ғамзат дар минбар меистод ва илоҷи воқеаро ёфтан лозим буд. Бинобар ин, дўсти Ғамзат-Абўтолиб айнаки худро дод, ки он дар назар мувофиқ меомад. Падарам айнаки Абўтолибро ба чашм гирифта, ба хондан сар кард. Ў шеъри худро мехонд, аммо дар овозаш, дар тамоми симояш ноустуворие, беҷуръатие мушоҳида мешуд ва ба назари ҳама чунин мерасид, ки падарам шеъри худро не, балки шеъри каси дигар ва тасодуфан ба дасташ афтодаро мехонад.

Ҳангоме ки падарам ба хондани шеъри дуюм шурўъ кард, ҷавони ба айнак рафта тозон ба маҷлисгоҳ даромад. Ғамзат айнаки Абўтолибро гирифта, айнаки худро бо чашм монд ва ҳамон лаҳза қоматаш рост, овозаш устувортар гардид ва тамоми аҳли маҷлис ба падарам кафкўбӣ кард, гўё ки Ғамзат Садасаи ҳақиқӣ нав ба минбар баромада, то ҳол дар он ҷо шахсе ба ў монанд истода бошад.

Айнак қариб ҷашнамро вайрон карда буд, – бо табассум гуфт Ғамзат.

Магар айнаки ман аз айнаки худат бадтар буд? -бо овози баланд пурсид Абўлолиб.

Бисёр хуб аст, лекин, ба ҳар ҳол вай айнаки туст. Ҳар кас худ чашм дорад ва бояд айнак дошта бошад.

РАСУЛ ҒАМЗАТОВ ДАР БОРАИ САБКИ ЭҶОД. БАХШИ АВВАЛ

РАСУЛ ҒАМЗАТОВ ДАР БОРАИ САБКИ ЭҶОД. БАХШИ ДУЮМ

Падари ман чизи аз ҳад равшани чашмхиракунанда ва аз ҳад тираи ба чашм нонамоёнро намеписандид. Ў чизи аз ҳад ғализ ва аз ҳад тунук, аз ҳад сард ва аз ҳад гарм, аз ҳад қимат ва аз ҳад арзон, аз ҳад қафомонда ва аз ҳад пешқадамро намеписандид.

Ба вай хунхории гург ҳам маъқул набуду буздилии харгўш ҳам, ҳукмронии золимона ҳам, итоаткории ғуломона ҳам. Ў мегуфт:

Начандон хушк бош, ки зуд шиканӣ, на чандон тару нарм бош, ки чун латта фишурда, обатро бароранд.

Падари ман аз қобили касоне набуд, ки қатрае борон занад, нам мекашанду боди сабуке вазад, хушк мешаванд. Падарам корманди одие буд, тамоми одат ва хислатҳои халқамонро ба тарзи шоиста дар худ таҷассум мекард.

ЁДДОШТ. Рўзе ману падарам аз Махачқалъа ва авул, ба аёдати як хешамон рафтанӣ шудем. Сардори ҳукумати Доғистон он вақт Абдураҳмон Дониёлов буд. Ба кўҳистон азми сафар кардани моро шунида, ў мошини сиёҳи ҳукуматиро ба ихтиёрамон дод. Мошин, ба фикрам, «ЗИМ» буд.

То даме ки дар кўчаҳои шаҳр роҳ мепаймудем, табъи падарам равшан буд. Ҳамин ки аз шаҳр баромадем ва аз одамони хару хачир ва аспсавор, инчунин пиёдагард пеш гузаштан гирифтем, падарам дар рўини шастгоҳи нарми бароҳати мошин безобита шудан гирифт. Ман ҷавонӣ карда, сарамро аз тирезачаи мошин баровардам, то одамон дар чӣ хел мошин савор будани маро бинанд: аммо падарам худро ҳатталимкон дарунтар, ҷойи паноҳии мошин мекашид.

Борон меборид. Ба лаби дарёчаи Тоқатлӣ расида дидем, ки як пирамарди аробасавор дар миёни об мондааст. Падарам зуд мошинро нигоҳ доранда, ба об даромад ва ба пирамард ёрӣ кард. Онҳо ҳарду барзаговҳоро чу-чу мегуфтанд, чархҳои аробаро тела медоданд. Пас кўшише чанд ароба ба роҳи ҳамвор баромад. Мо ба роҳи худ давом кардем. Баъди якчанд километр аз пеши роҳ боз дарёчае баромад. Падарам боз мошинро нигоҳ доронда, то расида омадани он пирамарди аробасавор таваққуф намуд.

Муйсафед ҳатман ин ҷо дармемонад. Ман аз ин дарёча чи хел карда гузаронидани барзаговҳоро медонам. То омадани мўсафед истода, ба вай ёрӣ медиҳам. Дар ҳақиқат, то ин дарёчаи дуюм ғиҷиррос карда расидани ароба нигарон истодем ва падарам барзаговҳоро моҳирона аз об гузаронида монд.

– Вақтҳое ки аз Бўйноқ ба кўҳ борҳои гуногун мекашонидам, ман ҳам ба чунин аҳвол чандин маротиба афтодаам, -мегуфт падарам ба мо дар ҳолате ки дастони тарашро ба бари доманаш пок карда, сўйи мошин бармегашт. Ў аз қафои ароба нигариста истода, табасуми ҳузнангезе мекрд, гўё ки тамоми рўзҳои гузаштаи зиндагиаш ҳамроҳи он ароба мерафта бошад.

Ҳангоми баромадан ба ағбаи Хунзах мошини боркаше ба мошини мо зада гузашт ва чархи мошинамон вайрон шуд. Падарам аз ин ҳол хурсанд шуд магар, ки сўи авул пойи пиёда қадам зад. Ҳарчанд илтиҷо кардем, ки то шинонидани чархи нав истад, не гуфта, пиёда рафт.

– Ман бо ин хел мошин ҳатто тўй рафтанро ба худ раво намебинам ва ҳол он ки ба аёдати дўсти бемор бо чунин карруфар рафтан ҳаргиз намезебад. Не, ман бисёр хурсанд, ки мошин вайрон шуд. Пойи пиёда меравам.

Падарам бо пайроҳае, ки аз овони бачагӣ барояш шинос аст, бо пайроҳае, ки он ҳафт пушти мардуми кўҳистонро ба авули мо расондааст, раҳсипор гардид. Мо чархи мошинро дуруст карда бо роҳи калон рафтем. Мову падарам ба авул баробар расидем. Баъд дар Махачқалъа Абдураҳмон Дониёлов бо парешонӣ аз падарам қиссаи вайроншавии мошинро пурсид.

Падарам шўхиомез ҷавод дод:

Мошин аз ҳад зиёд нағз буд, агар андак бадтар мебуд, ҳеҷ воқеа рўй намедод.

МАНБАЪ: Расул Ғамзатов: “Доғистони ман”. Душанбе, 2018. Тарҷумаи Абдулло Зокир. Бо таҳрир ва тасҳеҳи Гулназар. Муҳаррир Меҳрӣ Саидова. Нашри чаҳорум.

Хоҳишмандон имкон доранд ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Рисолат Шералиева,
мутахассиси пешбари хизматрасонӣ
ба шахсони имконияташон маҳдуд.