Намоиши китоб бахшида ба бузургдошти Умари Хайём
Ба ифтихори Рӯзи гиромидошти хотираи Умари Хайём – шоир ва мутафаккири бузурги форс-тоҷик”, ки ҳамасола дар саросари олам таҷлил мегардад, имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши китоб ташкил карда шуд.
Ин намоиши пурмазмун бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии омода гардида, ҳадаф аз он ошно намудани хонандагон ва меҳмонон бо моҳияти эҷодиёт ва арзиши фарҳангии осори мутафаккири бузурги форс-тоҷик Умари Хайём мебошад.
Дар гӯшаи намоишӣ тамоми осори Умари Хайём ва он асарҳое, ки дар бораи ӯ навишта шудаву дао бойгонии Китобхонаи миллӣ мавҷуданд, ба маъраз гузошта шуданд.
Намоиши мазкур тавонист таваҷҷуҳи зиёди меҳмонон ва хонандагонро ҷалб намояд ва барои баланд бардоштани маърифати адабии ҷавонон саҳми назаррас гузорад.
Олучамоҳ Исмоилова