Роҳбари кордон ва муҳаққиқи варзида
Ҳурмати илму устоду китоб,
Лозими ин роҳ аст аз ҳама боб.
Ҳар ки ӯ тарки се ҳурмат кард,
Азми идбору майли зиллат кард.
Пой аз ҳурмат он касе, ки кашид,
Андар ин роҳ ба ҳеч куҷо нарасид.
Камолиддин БИНОӢ
Ба китоб меҳри беандоза доштам ва неруи ҳамин муҳаббат маро водор намуд, ки донишҷўйи факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» гардам. Таҳсил оғоз ёфт ва барои ману шарикдарсонам рўзҳои хушу хотирмон оғоз гардиданд. Рўзҳое, ки моро бо Шариф Комилзода, Гадобег Маҳмудов, Қурбоналӣ Бўриев, Бозорбой Холов, Қурбон Ғуломзода, Бахтинисо Палаевна, Ислом Ҷўраев ва Сафар Шосаидзода барин устодони варзида, сахтгиру серталаб ва ҳамзамон меҳрубону дилсўз рў ба рў намуд. Мо шогирдон аз китоби зиндагии ибратомўзи ҳар яке аз ин чеҳраҳои шинохтаи соҳаи китобдорӣ ҷаҳон – ҷаҳон маънӣ бардоштем. Воқеан, китоб неъмати бузург аст. Неъматест, ки метавонад дар гуруснагӣ нон, дар беморӣ дармон, дар зулмот нур ва пас аз марг нишон бошад. Чун ба уқёнуси беканори китобу китобдорӣ ғӯтавар гаштам, ранҷу заҳмати офарандагону тарғибгарони китоб бароям бештар аён гардид ва назди худ мақсад гузоштам, ки оид ба ҳаёту фаъолияти як тан фидоии ин соҳаи барои ҷомеа муфид, шахсияти китобдўст, устоди азиз Сафар Шосаидзода меҳрномае нависам.
Қаблан бояд зикр намоям, ки меҳру муҳаббат нисбат ба китоб дар қалби устод аз аёми кўдакист.
Бо ҳамин муҳаббати самимӣ мактаби миёнаро хатм намуда, ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода месупорад.
Панҷ соли донишҷўии ў бо талошҳои пайгирона паси сар мегарданд ва Шосаидзода Сафар соли 1981 донишкадаро ба ҳайси гирандаи стипендияи ленинӣ бо дипломи аъло хатм менамояд. Бо маслиҳати ректори донишкада устоди ҳалиму хоксор ва донишманд Меҳрубон Назаров ва декани факултаи китобдорӣ Абдураҳим Раҳимов устод дар факултаи хатмкардааш ба кор шурўъ намуда, тўли солҳои фаъолият дар ин боргоҳ шогирдони зиёдеро тарбия кардааст.
Солҳои аввали фаъолият ба сифати муаллим нозукиҳои соҳаи китобдориро омўхта, андешаҳояшро дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ба табъ расонид.
Устод ҳанӯз аз ибтидои солҳои 80-уми асри XX дар бахши илму таҳқиқот иқдоми ҷиддиву устувор гузошта, то имрўз оид ба проблемаҳои муҳимтарини соҳаи китобдорӣ, иттилоотшиносӣ ва фарҳанг беш аз 200 асару мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ ва таълимӣ таҳия ва чоп намудааст. Аз силсилаи таҳқиқоти олим метавон асарҳои «Инноватикаи китобдорӣ», «Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо», «Менеҷмент ва маркетинги фаъолияти китобдорӣ», маҷмўаи мақолаҳои илмии ў – «Фаъолияти китобдорӣ. Фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ: назария, услубҳо, амалия», мақолаҳои арзишманди илмии «Таъсиси Китобхонаи миллиро таъхир набояд», «Фаъолияти методии китобхонаҳои Тоҷикистон дар фазои иттилоотии муосир», “Стандартсозии истилоҳоти китобдорӣ: вазъият ва проблемаҳо», «Ташаккули фарҳангӣ иттилоотии китобдорон», «Сиёсати китобдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Проблемаи типологияи китобхонаҳо: тамоюлҳои тағйирот», «Монеаҳои раванди хониш: таснифоти омилҳо», «Ҷойгоҳи Хонаи китоби Тоҷикистон дар ҳифзи хотираи миллат”, “Фаъолияти инноватсионии китобхона: сохтор, равандҳо ва захирахо», «Имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи китобдорӣ: вазъият ва проблемаҳо», тарҷумаҳои беҳтарини осори илмию методии соҳа – «Таснифоти даҳгонаи универсалӣ» (УДК), «Манифести ЮНЕСКО оид ба китобхонаҳои оммавӣ» ва ғайраро номбар намуд. Устод соли 1990 рисолаи номзадиро дар самти фаъолияти тарбиявии китобхонаҳо дифоъ намудааст.
Сафар Шосаидзода аввалин маротиба (2005) дар китобхонашиносии ватанӣ зарурати таҳияи стандартҳои миллии соҳаи китобдорӣ, библиографишиносӣ, иттилоотшиносӣ, табъу нашр, тавзеи китоб ва ба сатҳи стандартҳои байналмилалии созмонҳои бонуфузи ҷаҳон ИФЛА – Федератсияи байналмилалии анҷуманҳо ва муассисаҳои китобдорӣ, ИСО – Созмони байналмилалӣ оид ба стандартсозӣ мутобиқ гардонидани онҳоро таъкид намудааст; аввалин маротиба дар китобхонашиносии миллӣ (2013) дар заминаи аломатҳои типологии – таъиноти хонандагии китобхонаҳо, таркиби фонди онҳо, тобеият (аз ҷумла тобеияти идоравӣ), моликият, маъмурӣ-ҳудудӣ, принсипи ташкили фаъолияти китобхонаҳо, мақоми китобхона дар низоми муассисаҳои китобдорӣ китобхонаҳоро тасниф (классификатсия) намудааст; Дар назарияи китобхонашиносии ватанӣ аввалин маротиба тавзеҳоти илмии мафҳумҳои «сиёсати давлатии китобдорӣ» ва «имплементатсия»-ро ворид намудааст.
Сафар Шосаидзода яке аз муҳаррирони шинохтаи осори илмӣ ва таълимию методии на танҳо соҳаи китобдорӣ, балки фарҳанг, идоракунии давлатӣ, педагогика ва забоншиносӣ мебошад. Устод Шосаидзода узви ҳайати таҳририяи асари бисёрҷилдаи энсиклопедиии “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” (солҳои 2015-2018) буда, ҷилдҳои 1-3-уми он санаи 29 июни соли 2018 дар Озмуни ХV байналмилалии «Санъати китоб» сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардиданд.
Айни замон номбурда вазифаи муҳаррири масъули маҷаллаи илмии тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Паёми донишкадаи забонҳо. Силсилаи илмҳои филологӣ, педагогӣ, таърих ва фалсафа”-ро ба ўхда дошта, зери назари ў китоби дарсии “Психологияи идоракунӣ” (муаллиф Ҷ. Файзализода), маҷмўаҳои илмии “Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон”(ҷилдҳои 2,3,4,5) ва шумораи хеле зиёди осори таълимӣ ва таълимию методӣ ба табъ расидаанд. Номбурда ба ҳайси узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмии «Паёмномаи фарҳанг», «Китобдор», «Фарҳанг ва санъат» ҷиҳати такмили сифат ва мазмуну муҳтавои нашрияҳои мазкур корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.
Пешниҳоду андеша ва мулоҳизаҳояш дар маҷлису машваратҳо чеҳра ва истеъдодашро рўшантар менамоянд. Маҳз ҳамин навоварию навгўиҳои Шосаидзода Сафарро роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта, ўро ба вазифаи сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (солҳои 2006-2014) ба кор даъват намуд. Дар раёсати мазкур ў дар таҳияи 7 барномаи давлатии соҳаи китобдорӣ ва фарҳанг ба сифати яке аз мураттибони асосӣ ширкат варзида, барои дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ баргузор гардидани аксарияти чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ саҳми босазо гузоштааст.
Сафар Шосаидзода инчунин дар вазифаҳои мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014-2016), Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии забоншиносӣ ва тарҷумаи ДДЗТ ба номи С. Улуғзода (2016-2018) адои вазифа намудааст.
Сафар Шосаидзода як муддат ба сифати намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар секцияи МБА-и кишварҳои узви ИДМ дар таҳкими робитаи китобию китобдорӣ саҳм гузоштааст
Хуллас, ҳар қадар китоби зиндагӣ ва кору пайкори ўро варақ занем, ба ҳамон андоза корҳои неки анҷомдодааш намоёнтар мешаванд.
Шосаидзода Сафар пайваста дар талоши пажӯҳиши проблемаҳои муҳимтарини соҳаи китобдорӣ, иттилоотшиносӣ ва фарҳанг буда, лаҳзае аз омӯзиш ва таҳқиқ фориғ нест. Ӯ ҳоло дар айни камолоти эҷодӣ қарор дошта, баҳри фатҳи қуллаҳои баланди илмӣ ва тарбияи мутахассисони варзидаи соҳаи китобдорӣ пайваста кӯшишу ғайрат менамояд.
Тайи солҳои фаъолияти илмию омӯзгориаш садҳо шогирдонро тарбия намудааст, ки имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ ва берун аз он кору фаъолият намуда, шарафи касби китобдориро баланд мебардоранд. Омӯзгорони ҷавон – Сайзароб Надиров, Нилуфар Равшанова, Наботов Шариф, Эраҷ Исмоилов ва муаллифи ин сатрҳо шогирдони устод буда, имрӯз дар донишкада дар паҳлуи ў фаъолият доранд.
Таҳти роҳбарии ӯ шумораи зиёди магистрантону унвонҷўён, аз ҷумла 3 нафар барои дарёфти унвони доктор Phd аз рўи ихтисос ба пажӯҳиши илмӣ машғуланд.
Меҳнатҳои шоёни устодро Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм ба назар гирифта, ўро бо нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2007), «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2012), медали «Хизмати шоиста» (2011) ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонидаанд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1319 аз 22.08.2012 Сафар Шосаидзода соҳиби рутбаи тахассусии мушовири давлатии дараҷаи 3 мебошад.
Устод дар раванди таълим пайваста таъкид мекунад, ки китоб хонем, илм омӯзем, то дар байни мардум маҳбубият пайдо кунем. Ӯ барои тақвияти фикраш мисраъҳои зерини Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро қироат мекунад:
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,
Ҳар ҷо, ки равӣ азизу маҳрам бошӣ.
Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз,
То тоҷи наберагони одам бошӣ.
Солҳои донишҷўйӣ сипарӣ гардида, мо шогирдон соҳибкасб шудем. Имрўз ҳар яке бо камоли масъулият эҳсос менамоем, ки дар назди Ватан қарздорем. Кўшиш менамоем, ки амсоли устодони хеш дар тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар, тарғиби китоб ва ҷалби хонанда ба китобхона ҳиссаи арзандаи хешро гузорем, чунки танҳо ва танҳо китоб метавонад роҳи ояндаи миллатро рушан созад.
Мо шогирдон аз он ифтихор дорем, ки Шосаидзода Сафар барин устоди арҷманд ва мушфиқу меҳрубон дорем. Зеро ў моро падарвор ба роҳи рост ҳидоят мекунад, мушкиламонро осон ва рӯҳамонро болида мегардонад. Ба устоди гиромиқадр аз забони шоир мегӯем:
Шараф бодо муаллим, арҷмандӣ,
Сазовори ҳама номи баландӣ.
Зафари ШАРИФ,
Равшанова НИЛУФАР,
омўзгорони факултаи китобдорӣ ва
иттилоотшиносии МДТ «ДДФСТ
ба номи Мирзо Турсунзода»