Романи “Хирс”-и Маҷид Салим  муаррифӣ гардид  

Романи нави адиби шинохта, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Маҷид Салим “Хирс” дар доираи «Рӯзи китоб» бо ташаббуси шӯъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар як ҳамоиш бо ширкати зумрае аз адибон, дониш мандон, хонандагон ва намояндагони воситаҳои ахбор муаррифӣ гардид.

 Дар рӯнамоии романи “Хирс” Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, мудири шуъбаи энсиклопедияи миллӣ Ҷумахон Сайдалӣ, корманди рӯзномаи “Минбари халқ” Ҷумахон Темурзода, муҳаққиқи ҷавон, муовини Директори Хонаи китоб Муҳаммаднабӣ Баёнӣ, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Омӯзгор” Ноилшо Нуралиев ва дигарон иштирок ва  роҷеъ ба романи мазкур фикру андешаҳояшоно баён намуданд.

Роман дар бораи муйсафеде, ки хирсеро ба худ ром карда буд ва ҳар куҷое мерафт бо худ мегирифт, қисса мекунад, ки дар охир соҳибаш мефавтаду хирсро ба боғи хайвонот мебаранд. Хирс аз фироқи соҳибаш дар боғ мефавтад.

 Нахустин чакидаҳои хомаи Маҷиди Салим дар ибтидои солҳои ҳаштодуми асри гузашта ба табъ расидааст. Муалифи маҷмӯаи қиссаю ҳикояҳои «Гурги похурда», «Зоғеву доғе», «Панҷаи ҳасрат», «Ҳикояҳо дар бораи ҳайвонот», «Чӯҷаи кабк», «Алибоҷ», «Аз паи паланг», «Уқоб ва лошахӯр», «Лонаи мусичаҳо», «Дар паноҳи сабзбеша», «Сангодавак», «Шоҳпарк ва рангинкамон», «Намадгардак» ва романи «Хирс» мебошад.

Ҳамчунин ӯ ба унвонҳои ифтихории корманди фахрии муҳити зисти Тоҷикистон, «Аълочии фарҳангӣ Тоҷикистон», «Аълочии матбуот», «Аълочии тлевизион ва радио», «Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва медали «Барои хидматҳои ҳарбӣ» мукофотонида шудааст.

Маҷид Салим аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мебошад. Намунаи қиссаву ҳикояҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, арабӣ, озарӣ ва туркӣ ба табъ расидаанд.

Раҳима Бобоева шӯъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.