Сухан аз истиқлол дар як ҳамоиши сиёсӣ дар Китобхонаи миллӣ

Аввалин хишти бинои муҳташами Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳанўз 4-уми сентябри соли 2007 гузошта шуд. Дар як муддати кўтоҳ ин бинои зебову боҳашамат қомат афрохт. Имрўз бо як меҳр ва ифтихор мегўем Китобхонаи миллӣ дорем. Ҳарчанд китобхонаи миллии ҳамонвақта яке аз иншоотҳои нисбатан бонуфузи фарҳангӣ буд, бузургиву хирадмандии роҳбари давлат дар ҳамин ифода меёфт, ки гуфтанд, халқи мо китобдор аст, соҳибкитоб аст, бояд китобхонаи сазовор дошта бошад. Ва ин биноро сохтанд. Ҳоло Шумо бо ифтихор дар ин бинои зебову муқаддас фаъолият мекунед ва мардум аз он истифода мебаранд. Китобхонаи миллӣ  танҳо муассисае нест, ки дар он танҳо хонандаҳо биёянд аъзо шаванд, китоб бигиранд, омўзанд. Китобхонаи миллӣ ҳам мақоми илмӣ дорад, ҳам мақоми иҷтимоӣ, гуфт ходими давлатӣ, Корманди Шоистаи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар маҳфили сиёсӣ бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон.

Ў дар идомаи суҳбата афзуд, ки дар ҳузури Шумо барои ман сухан гуфтан ифтихор аст. Ба назари ў дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон корҳои зиёди илмӣ бояд анҷом пазирад ва китобхона бо соири китобхонаҳои ҷаҳон дар тамос бошаду беҳтарин технологияи замон омўхта шавад.

Сипас,  ў аз Истиқлоли давлатӣ сухан намуда, гуфт мо соҳиби давлат шудем, сарнавиштамонро бо дасти худамон менависем. Мирзошоҳрух Асрорӣ суханони Сарвари давлатро дар бораи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтибос овард: Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланди мутамаддини тоҷик аст, ки тақдирашро бо роҳу равиши хосса, мақоми муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намуда, давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад.

Истиқлол ба миллати тоҷик ҳама чизро дод. Вакте дар бораи давлату давлатсозии тоҷикон пас аз иҷлосияи таърихи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф мезанем, вақте зимоми давлатдориро ба даст гирифтанд, аввалин суханашон дар бораи сулҳ буд. Иҷлосия ба охир нарасида, Ҷаноби Олӣ аз тариқи шаҳри Тирмиз ба Шаҳритус сафар карда, ҳамаи силоҳбадастонро ба сулҳу амният даъват намуданд. Ва ба сулҳу амният расидан осон набуд. Маҳз рўҳи тавоно, хиради бузург, иродаи оҳанин, азми росих ва нияти неки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо имрўз дар чунин давлати амну соҳибистиқлол зиндагӣ дорем. Истиқлолият ва таҳкими он чун раванди асосии пешрафту тарақиёт ҳамеша саъю кўшиши хастанопазири аъзои ҷомеа ва кулли ташкилоту муассисаҳои давлативу ғаридавлатӣ ва сохторҳои худфаъолиятии ҷамъиятро тақозо мекунад.

Дар тақвияти суханони Мирзошоҳрух Асрорӣ, Шоири Халқии Тоҷикистон Назри Яздон низ изҳори назар

намуд. Вай аз дастовардҳои замони истиқлол истиқбол намуда, махсусан дар самти пешрафти занон ишора намуда, афзуд 43 дарсади вазифаҳои роҳбарикунанда дар Тоҷикистон ба занон тааллуқ дорад, ки ин эҳтироми роҳбари давлат нисбат ба зан-модар аст.

Ў Кохи Наврўзро низ, ки бузургтарин санъати кандакорӣ, гаҷкорӣ, ва дигар ҳунарҳои мардумист, аз пешрафти истиқлол номид. Ў гуфт мебинам хориҷиҳо бо чӣ шавқу ҳавсалае аз он дидан мекунанд. Назри Яздон гуфт ҳарчанд қоида нест одам аз он рўзҳои душвори кишвар ёд кунад, аммо набояд фаромўш кунем. Одамоне, ки синнашон ба 40 нарасидааст, рӯзҳои мудҳиши солҳои 90-умро, ки мо шоҳид будем, афсона мепиндоранд.

Ман дар ҳукумат кор мекардам, вазифаи масъул доштам. Давоми 6 моҳ ҳар субҳ худамро барои он дунё омода мекардам, калима арза менамудам ва аз хона мебаромадам.

Сипас Шоири Халқии Тоҷикистон шеъри тозаэҷодашро барои ҳозирин қироат намуд.

Маҳфил субҳи имрӯз бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, рӯзноманигорон, хонандагон ва кормандони Китобхонаи миллӣ доир шуд. Салима Раҷабзода-муовини аввали Директори Китобхонаи миллӣ дар сухани ифтитоҳии худ аз таърихи Истиқлоли давлатӣ ҳарф зад ва аз нақши он дар худшиносии миллӣ сухан гуфт.

Академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Кароматуллоҳ Олимов низ дар бораи музаффариятҳо дар замони Истиқлол ва нақши он дар пешрафти илму маърифат дар кишвар изҳори назар намуд.

Раҳима Бобоева, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.