Рози “Шоҳнома”. Нажод, Табор дар шоҳасари пири Тӯс
Дар «Шоҳнома» тоҷикон ағлаб бо вожаҳои «деҳқонон» (деҳқоннажодон), «озодагон», «паҳлавиён» номбар мешаванд. Вожаи «деҳқон» (деҳгон) мисли имрўз на ба маънии кишоварз, балки ба маънии қавми деҳнишин-шаҳрнишин, бар хилофи саҳронишину биёбонгарду ғорнишин далолат мекунад.Тавре, ки дар ин байт вожаи «кишоварз» ба мафҳуми барзгар, вале «деҳқоннажод», ҳамчун ориёӣ омадааст:
Кишоварз бо марди деҳқоннажод,
Яке шуд бари мо ба ҳангоми дод.
Баҳман дар ибтидо намедонист, ки Зол кист, вале чун барояш маълум буд, ки ў эронист, мегўяд:
Чу наздиктар гашт овоз дод,
Чунин гуфт, к-«Эй марди деҳқоннажод».
Тоҷиктаборон ба таври фаровон бо вожаи «озодагон» ёд мешаванд. Вожаи «озод» дар Авасто ба маънии наҷиб, шариф омадааст. Дар «Бандуҳиш» чунин сабт шудааст: «Фарри озодагон он аст, ки ориёиёнро аст». Дар рўзгори сосониён озодагон табақае буданд, ки лашкариёни савораро ташкил мекарданд. Фирдавсӣ дар ситоиши ноэрониён вожаи «озод»-ро истифода намекунад, ба истисно Пирони Виса ва Манижаро «озодихўй» меномад.
Дар «Шоҳнома» қавмҳо ғолибан ба эронӣ, анэронӣ (ғайриэронӣ) тафсил мешаванд. Ҳакими Тўс бо ибораву таркибҳои аҳурони «деҳқоннажод», «озоданажод» (озодагон), «каёнинажод», «фаррухнажод», «бонажод», «нўзарнажод», «сипаҳбаднажод», «нажоди меҳан», «марди нажод», «нажоди Манучеҳр» ва амсоли он онҳоеро тавсиф кардааст, ки марзу буми ватанро аз таҷовузгарону харобкорон дифоъ кардаанд ва дар муқобили онҳо бо ибораҳои аҳримани «туроннажод», «туркнажод», «ҳоқоннажод», «тозинажод», «кайсарнажод», «руминажод», «нажоди Заҳҳок», «баднажод», «аҳриманнажод» неруҳои ишғолгару тааррузкунандаи меҳанашро бозгў намудааст.
Пажўҳандаи Номаи Бостон ба мавзуи мансубияти нажоду паҳлавонони асараш таваҷҷуҳи вижа зоҳир карда, фаслҳои зиёди достонҳоро ба равшан сохтани асолати онҳо бахшидааст. Фаридун, Кайхусрав, Дороб ва чанде дигарон аз модар ё парастанда асолати нажодии худро пурсида, бо фаҳмидани нажоди каёниву эронии хеш сарфарозона аз пайи пирўзии Эрон мешаванд.Чуноне, ки Фаридун аз модар ба Таҳмураси девбанд тааллуқ доштани нажодашро муайян карда, барои баргардондани тахту тоҷи каёнӣ бармехезад.
Зи Таҳмураси гурд будаш нажод,
Падар бар падар ҳаме доштӣ ёд.
Эрониҳои «Шоҳнома» қавми бофарҳангу хирадгаро, донишиву созанда, реша дар сарзамини ниёконашон дошта, жарфтарин эҳсосот дар ҳимояи фарҳанг ва ҳувияти миллии худ доранд. Ин ки Ҳаким Фирдавсӣ қаҳрамонони шоҳкорашро ба эронӣ ва анэронӣ тафсил мекунад, фарёду дареғи меҳанпарастест, ки бо чашми худ дида, ки арабҳо домани салтанати худро густариш дода, бартарии нажоди худро талқин ва туркҳои хунрези қарахониву қарахитоиву ғазнавӣ сарзамини фарҳангиёнро харобу вайрон мекарданд.
Дареғ он сари тоҷу он тахту дод,
Дареғ он бузургиву фарру нажод.
К-аз ин пас шикаст ояд аз тозиён,
Ситора нагардад магар бар зиён.
Дар «Шоҳнома» вожаи нажод на ба маънии имрўзаи аврупоии «раса», «насия» истифода шудааст. Фарёди Фирдавсӣ ҳаргиз як нафрати натсионалистӣ алайҳи миллатҳо ва нажодҳои дигар нест. Фирдавсӣ ин вожаро ба мафҳуми тухма, дудмон, авлод низ васеъ истифода карда, гаҳе ду эронинажодро ҳангоми тасбит кардани асолати худ муқобили ҳамдигар мегузорад. Мисле, ки Рустам ва Исфандиёр, ки ҳар ду аз озодзодагон мебошанд, ҳангоми дар майдони набард бо ҳам рў ба рў шудан, ҳар кадоме дудмони худро «нажод» ном бурда бо ифтихор дар муқобили якдигар мегузоранд. Ончуноне Исфандиёр ба пархошу таҳқир мегўяд;
Ки Дастони бадгавҳари девзод
Ба гети фузунӣ надорад нажод.
Рустами Достон дар посух бузургиҳои ниёи худро васф мекунад:
Ҷаҳондор донад, ки Дастони Сом
Бузург асту бодонишу некном.
Пиромуни нажод дар «Шоҳнома» байни пажўҳандагон ихтилофоти назар вуҷуд дорад. Агар адабпажўҳони шинохта, чун Забеҳулло Сафо ва Ҷалолуддини Ҳўмоӣ тасбит карднӣ бошанд, ки дар «Шоҳнома» нажоди эронӣ мубтанӣ бар фарҳангу доду хирадгаронашон, болотар аз истилогарони тозиву туркиву румӣ бозтоб шудааст, донишиёни дигар, ба мисли марҳум Ҷавоншерӣ, диди эшонро нажодпарастӣ ва табаҳкорӣ тафсир кардаанд. Вале бинобар он ки мавзуи асоситарини китоби китобҳо қиёмҳои хунини эрониён дар баробари таҷовузкорони нажодҳои гуногун мебошад, ба назар мерасад, ки Ҳаким Фирдавсӣ бо сароидани дастурномаи эронинажодон, зимни нишон додани бартариҳои озодагон, хостааст рўҳияи аз даст рафтаи қавмашро баргардонад.
Нуқтаи дархўри таваҷҷуҳ ин аст, ки худовандагори адаби форсӣ-тоҷикӣ ақвому шахсиятҳои «Шоҳнома»-ро на танҳо ба эронӣ ва анэронӣ, балки ба нимаэронӣ низ фасл кардааст. Нимэронӣ намодҳое мебошанд, ки бар асари пайванди эронӣ бо ғайриэронӣ ба дунё омадаанд.Чунин пайвандҳо гаҳе тасодуфӣ, мисли дар натиҷаи дилбохтагии шоҳзодагон ё гурдони эронӣ ба шоҳдухтарон ё дўшизагонӣ ғайриэронӣ ва баъзан барои пайванди хешовандӣ ба хотири оштиву оромӣ сурат мегиранд. Ба ин ҷиҳат мебинем, ки агар Зол ба Рудобаи духтари Меҳроби тозӣ дилбастагӣ пайдо карда бошад, Рустам ба Тахмина-духтари шоҳи Самангон ва Сиёвуш ба Фарангиси туронӣ, Доро-шоҳаншоҳи Эрон духтари Қайсари Рўм-Файлакусро, ки Ноҳид ном дошт, бо тавсияи мубадон хачун бож ба занӣ мегирад.
Дар айни замон ҳангоми ба занӣ гирифтани занони анэронӣ эҳтиёти зиёд ба амал омада, аз нажоду паёмади чунин пайванд андешаронии амиқ мешавад. Чунончи шоҳи Ҳинд барои ба занӣ ихтиёр кардан, духтарашро пешкаши Баҳроми Гўр мекунад ва Баҳром нахуст аз нангу нажоди хеш андеша мекунад:
Фурў монд Баҳрому андеша кард,
Зи тахту нажоду тахту набард.
Шоҳону радон дар чунин ҳолат, пеш аз он ки бо қарори муайян оянд, мубадону хирадмандонро даъват карда, аз паёмади ин пайванд машварат мехоҳанд. Баъзан мубадони кишвар ба пайвандҳои дугона машварат намедиҳанд, вале пофишории сахти дилбастагон онҳоро ба ризояти ногузир водор месозад. Чуноне, ки ба пайванди Зол бо Рудоба танҳо пас аз зориҳои Зол ва миёнҷигариҳои падараш Соми Наримон, шоҳаншоҳ Манучеҳр изҳори ризоият мекунад, зеро Рўдоба духтари шоҳи тозӣ аст. Сом ҳангоми хондани номаи Зол, баёнгари меҳри бепоёнаш ба духти Меҳроб, сахт барошуфта, андўҳгин мешавад:
Суханҳои Достон якояк бихонад,
Бипажмурду дар ҷой хира бимонд.
Соми Наримони аз мубадон хоҳиш мекунад, ки воқеиятро ба шоҳ нақл кунанд, зеро танҳо амри шоҳ дар ин омехташавии паҳлавоннажод ба тухмаи подшоҳи тозиён воҷиб буда метавонад.
Хамон аст, ки бар тозиён подшост,
Ҳамон аст, ки аз гавҳари аждаҳост.
Донишманди доно Манучеҳри Муртазавӣ бар он бовар аст, ки тафсилоти нажод усулан «махлуқи зеҳни Фирдавсӣ нест ва реша дар торикии асотир ва афсонаҳои бостонӣ ва сина ба сина дорад…» Ва тавре мефаҳмонад, онро набояд меъёри илмиву мантиқӣ, балки тасодуфӣ пазируфт. Ин далоилро наметавон берун аз ҳадафи сухансарои бузургамон донист. Зеро ончуноне гуфта будем, на танҳо ҳар вожа, балки ҳар овои вожаҳои «Шоҳнома» бо ҳадафи ягона, яъне ҳифзи асолати миллии тоҷиктаборон, сароида шудааст. Гузашта аз ин, Ҳаким Тўс Заҳҳоки аждаҳофашро аз нажод тозӣ номида («Зи Заҳҳоки тозист моро нажод»), огоҳона хати роҳи гурези ўро ҳамчун шоҳи арабҳо аз Арвандрўд (Даҷла), Бағдод ба Байтулмуқаддас мушаххас кардааст. Ногуфта намонад, ки ин ҳамон масири таърихие мебошад, ки Куруши Кабир кишварҳои номбурдаро тасхир карда буд:
Ба хушкӣ расидан сар кинаҷўй,
Ба Байтулмуқаддас ниҳоданд рўй.
Ба тозӣ «Хонаи пок» хон,
Бароварда айвони Заҳҳок дон.
Аз китоби Зафар Мирзоён “Офаридгори сухан”, Душанбе, 2018.
Ин китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи ОйҷонгулДавронова,
сармутахассиси шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ