Рӯнамоии дастури библиографии “Ҳошим Гадо: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ”

Ҳошим ГадоДар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  маросими рӯнамоии дастури библиографии “Ҳошим Гадо: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ” баргузор карда шуд.

Қабл аз оғози маросим дар толори алоҳида маҷмуи аксҳои ҳунарманд, лаҳзаҳои ҷолибу хотирмони нақшофарии ӯ дар филмҳо ва садҳо ҷилд китобаш ба намоиш гузошта шуданд. Дар ин маҳфил аҳли фарҳанги кишвар, ҳунармандон, рӯзноманигорон ва алоқамандони китобу синамо ва ҳунари Ҳошим Гадо ширкат намуданд.

Дар ифтитоҳи ин маросим директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода суханронӣ карда, устоди саҳнаи тоҷикро аввал ба муносибати 88- солагии умр ва ба нашр расидани 1000-умин ҷилди асарҳояш шодбош гуфт.

Директори Китобхонаи миллӣ зикр кард, ки  Ҳошим Гадо як устураи воқеии санъату ҳунари тоҷик аст ва на танҳо барои театру синамо, балки барои адабиёт хидмати босазое кардааст, ки онро таърих ёд надорад. Воқеият ҳам ҷуз ин нест, ки гузаштаи фарҳанги тоҷик рӯйдодеро ёд надорад, ки як нафар баъди рафтан аз саҳна даст ба навиштани китобҳо задаву дар як муддати хеле кутоҳ 1000 ҷилд китоб навишта, чоп карда бошад. Ин як ҳодисаи нодир дар тамаддуни башарист.

Профессор Ҷумахон Файзализода дар бахши дигар аз суханронии худ иброз дошт, ки ба чоп расидани 1000-умин ҷилди асари устод Ҳошим Гадо далели он аст, ки ӯ худро ба адабиёт бахшидааст. Шуъбаи библиографияи миллӣ, ки силсиладаструҳои библиографиро ба чоп омода мекунад, ин навбат осори гаронбаҳои Ҳошим Гадоро дар шакли дастури библиографии “Ҳошим Гадо: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ” омода намуд ва онро нашр намудем. Бояд гуфт маҷмуаи мазкур барои олимону муҳақиқон ва алоқамандони ҳунари устод Ҳошим Гадо, ки мехоҳанд таҳқиқоте анҷом диҳанд, кумаки бисёр хуб мерасонад.

Давлат СафарДавлат Сафар, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон дар идома суханронӣ карда, шахсияти Ҳошим Гадоро барои миллат барҷаста ва таърихӣ унвон кард. “Ҳар нафаре Ҳошим Гадоро эҳтиром намекунад,ӯ ба фарҳанги миллат беэҳтироми кардааст”, гуфт Дафлат Сафар муовини Вазири фарҳанги кишвар. Дар анҷом пешниҳод кард, ки ба номи Ҳошим Гадо ҷоиза таъсис дода шавад.

Ноиби Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён атрофи маҳорати актёрӣ ва нависандагии Ҳошим Гадо сухан карда, пешниҳод намуд, ки ӯ ҳамчун узви вобастаи АМИТ қабул карда шавад.

Атрофи ҳунарнамоии Ҳошим Гадо дар саҳнаҳои театр ва синамои дохил ва хориҷӣ мамлакат ва шогирдони муваффақи ӯ Маҳмуд Назарзода, ректори Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон сухан кард. Ӯ гуфт, ки Ҳошим Гадо маҳз барои ҳунарманд шудан ба дунё омад ва фаротар аз он ба дунёи нависандагӣ ворид гардид. Имрӯз таваллуди 1000-умин фарзандашон ва ҷашни мубораки 88-солагиашонро шодбош мегӯем.

Дар қисмати дигари маросим рӯзноманигорони шинохта Сайёф Мизроб– сардабири ҳафтаномаи СССР, Хуршед Атовулло – муассиси ҳафтаномаҳои “Фараж” ва ”Самак” ва Маҳбуба Камолова– сармуҳарири рӯзномаи “Народная газета” атрофи маҳорати нависандагии Ҳошим Гадо ва андешаҳои файласуфонаи ӯ ҳарф зада, таъкид намуданд, ки эътирофи шахсияти Ҳошим Гадо кори ҳар кас нест. Ҳошим Гадо ба касе монанд нест ва мо рӯзе бо ифтихор мегӯем, ки ҳамасри чунин марди тавоно будаем.

Дар фарҷоми ин маросим Ҳошим Гадо суханронӣ карда, ба роҳбарияти Китобхонаи миллӣ барои чопи дастури библиографии “Ҳошим Гадо: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ”, созмон додани чунин як маҳфили хотирмон ва ба тамоми ҷамъомадагон барои қадрдонӣ изҳори миннатдорӣ кард.

Наргис Назарзода

  • "Ҳошим Гадо: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ"
    "Ҳошим Гадо: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ"

  • Ҷумахон Файзализода ва Ҳошим Гадо
    Ҷумахон Файзализода ва Ҳошим Гадо
  • "Ҳошим Гадо: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ"
    "Ҳошим Гадо: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ"
  • "Ҳошим Гадо: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ"
    "Ҳошим Гадо: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ"
  • "Ҳошим Гадо: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ"
    "Ҳошим Гадо: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ"
  • "Ҳошим Гадо: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ"
    "Ҳошим Гадо: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ"
  • "Ҳошим Гадо: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ"
    "Ҳошим Гадо: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ"
  • "Ҳошим Гадо: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ"
    "Ҳошим Гадо: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ"
  • Ҷумахон Файзализода
    Ҷумахон Файзализода