Рӯнамоии китобномаи шарҳиҳолии Кароматулло Олимов дар Китобхонаи миллӣ

Кароматулло ОлимовБа ифтихори 80-солагии зодрӯзи файласуфи маъруфи тоҷик, узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Академияи байналмилалии илмҳо, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, доктори илмҳои фалсафа, профессор Кароматулло Олимов толори академикҳо ва докторони илм, ки дар назди шуъбаи рисолаҳои илмии Китобхлонаи миллӣ фаъолият дорад, китобномаи шарҳиҳолӣ таҳия намуда, онро зимни мизи гирд рӯнамоӣ намуд.

Дар кори рӯнамоии китобномаи мазкур олимону файласуфон, шоирон ва ходимони илмӣ, рӯзноманигорон ва ҳамчунин кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуда, дар бораи хидматҳо ва саҳми  Кароматулло Олимов дар рушди илми тоҷик сухан гуфтанд.

Директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода чорабиниро ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ қайд кард, ки дар назди шуъбаи рисолаҳои илмии Китобхона Толори академикҳо ва докторони илм фаъолият дорад, ки вазифаи асосии он ҷамъоварию гурўҳбандӣ ва мавриди омўзишу тарғиб қарор додани захираи китобхонаҳои шахсии академикҳо ва докторони илм мебошад. Боиси зикр аст, ки дар радифи 34 китобхонаҳои шахсии донишмандони тоҷик дар Толори академикҳо ва докторони илм китобхонаи шахсии устод Кароматулло Олимов бо захираи беш аз 200 нусха китоб низ амал мекунад, ки ҳамарўза аз ин захираи китобхонаи мазкур хонандагони бешумор истифода мекунанд.

Кароматулло ОлимовҲамчунин гуфта шуд, ки тибқи иттилои мураттибони китобномаи шарҳиҳолии Кароматулло Олимов, ки аз ҷониби кормандони Китобхонаи миллӣ таҳияву интишор шудааст, ба қалами устод 928 китобу мақолаҳои пурарзиш доир ба илмҳои гуногунро дар баргирифта мавриди истифодаи умум қарор мегирад.

Дар идома муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва  ҳуқуқи ба номи А.Баҳовиддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ суханронӣ намуд. Ӯ қайд кард, ки Кароматулло Олимов сазовори унвони пурифтихори Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино буда, беш аз нуҳсад мақолаву асарҳои илмӣ ва илмию оммавӣ таълиф кардааст. “Эшон муҳимтарин осори Саноӣ ва мутафаккирони дигарро ба чоп омода кардаанд. Шогирдони зиёди устод унвону дараҷаҳои илмии номзаду доктори илм, дотсенту профессор дошта, анъанаҳои устоди хешро дар таҳқиқи илмӣ ва тарбияи шогирдон бо ҳам мебинанд”.

Кароматулло ОлимовҲамчунин гуфта шуд, ки саҳми устод Кароматулло Олимов ҳамчун олим дар ҳаллу фасли бештари муаммоҳо ва масоили мубрами соҳаҳои мухталифи илм, аз қабили: таърих (манбаъшиносӣ, антиқа, асрҳои миёна, таърихи Тоҷикистон, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ); сиёсат (сиёсатшиносӣ, сиёсати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, нақш ва мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, муносибатҳои миллӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, таърихи ҳизб); илм (таърихи илм); маориф (таърихи маориф ва афкори педагогӣ, назария ва услуби таълим, тарбияи маънавӣ, услуби тадриси фанҳои фалсафа ва забони англисӣ); дин (диншиносӣ, тасаввуф, озодандешӣ); фалсафа (метафизика, назарияи маърифат, ҳастишиносӣ, таърихи фалсафа, фалсафаи иҷтимоӣ, мантиқ, назарияи ахлоқ, зебошиносӣ); васоити ахбори умум ва тарғибот (матбуоти даврӣ, нашриёт ва матбааҳо); фарҳанг (таърих ва назарияи фарҳанг, фарҳанги моддӣ ва ғайримоддӣ, фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ); санъат (рушди санъат, санъати тасвирӣ, санъати мусиқӣ, санъати театрӣ, санъати меъморӣ); илмҳои филологӣ (забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, адабиёти бадеӣ) назаррас мебошанд.
Дар мизи гирд ҳамчунин  сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовиддинови АМИТ, номзади илмҳои фалсафа Мирзошоҳрух Асрорӣ суханронӣ кард. Ӯ иқдоми роҳбарияти Китобхонаи миллиро дар таҳия ва чопи китобномаҳои шаҳриҳолӣ дастгири намуда, ҳамчунин бо хушнудӣ изҳор дошт, ки барои рушди башар ва ташаккули ҷомеа бояд олимону донишмандонро қадрдонӣ намоем ва умед дорем чунин китобномаҳо минбаъд низ рӯи чоп меоянд.

Кароматулло ОлимовАкадемик Кароматулло Олимов обрў ва нуфузу мақоми илми тоҷикро на танҳо дар дохили кишвар, балки дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон баланд бардоштааст. Аз он ҷумла, дар конфронс ва сипозиумҳои байналмилалие, ки дар Русия, Амрико, Олмон, Фаронса, Белгия, Чехословакия, Булғория, Лаҳистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Чин, кишварҳои арабӣ ва Уқёнуси Ором доир гардидаанд, дар хусуси масъалаҳои мубрами фалсафаи имрўзаи ҷаҳонӣ ва ба хусус фалсафаи Шарқ суханрониҳо кардааст. Инчунин осори илмиаш дар Русия, ИМА, Олмон, Лаҳистон, Эрону Афғонистон ва дигар кишварҳо нашр шудааст.

Насиба Сиддиқӣ – файласуф, доктори илмҳои фалсафа аз сермаҳсул будани Кароматулло Олимов ва муҳаққиқи пуркор ва намунаи ибрат будани ӯ ҳарф зада гуфт, ки ҳамин кӯшишу талош буд, ки Кароматулло Олимовро дар қатори 100 олими шинохтаи ҷаҳон дохил карданд.

Дар дигар бахши ҳамоиш шогирдон, ҳамкорон ва наздикони Кароматулло Олимов суханронӣ карда, ба эшон таълифи чунин як китобномаи шарҳиҳолиро шодбош гуфтанд доштанд.

Шариф Комилзода, ки яке аз муратибони китобномаи мазкур маҳсуб меёбад дар анҷоми нишаст суханронӣ намуда, зикр кард, ки дар оянда низ бо иловаи мақолаву навиштаҳои нави устод бозчунин китобномаҳо таҳия ва чоп мегарданд, то муҳақиқони ҷавон тавонанд аз онҳо васеъ истифода баранд.

Кароматулло ОлимовДар поёни нишаст донишманди маъруф Кароматулло Олимов ба роҳбарияти Китобхонаи миллӣ барои таҳияи чунин як китоби арзишманд ва пурмуҳтаво, ки бидуни шак дорои аҳамияти илмӣ-таҳқиқӣ хоҳад дошт, изҳори сипос намуд. Вай ҳамчунин гуфт, ки  барои чунин қадрдонӣ ва таваҷҷуҳи зиёди давлату ҳукумат умед дорем сафи олимону донишмандонамон зиёд гардида, чунин китобномаҳо ба муҳаққиқону мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм ҳамчун дастур ва раҳнамои илмӣ хидмат хоҳад кард.