Рушди хидматрасониҳои электронӣ дар Китобхонаи миллӣ
Соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои рушду нумўи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаи китобдории кишвар шароитҳои заруриро муҳайё сохт. Қабл аз ҳама, таҳияву интишори силсилаи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи китобдорӣ, татбиқи барномаҳои давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ дар ҷумҳурӣ ва дигар тадбирҳои судманд ҷиҳати дар фаъолияти китобхонаҳои калонтарини ҷумҳурӣ, аз қабили Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд КМ) ҷорӣ намудани шаклҳои нави хадамоти китобдорӣ бо истифода аз технологияи ҷадиди иттилоотӣ, мусоидат карданд.
Баъд аз ба истифода дода шудани бинои нави КМ дар тамоми бахшу шуъбаҳои он навгониҳо ҷорӣ шуданд.
Татбиқи равандҳои инноватсионӣ бештар тавассути фаъолияти Шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ ва толори хониши адабиёти электронии КМ роҳандозӣ мешаванд. Шуъба бо мақсади бунёд ва истифодаи захираҳои электронӣ ва татбиқи технологияи муосир дар равандҳои фаъолияти КМ ташкил шуда, эҳтиёҷоти хонандагон дар толорҳои хониш ва хонандагони маҷозии КМ-ро бо итифода аз фондҳои чопӣ ва электронии китобхона таъмин менамояд.
Толори хониши адабиёти электронии КМ дорои 175 компютер буда, ҳамарўза хонандагон аз манобеи КМ ва дигар китобхонаву марказҳои иттилоотии ҷаҳонӣ истифода мекунанд. Илова бар ин, бо истифода аз Толори хониши маҷозии Шуъбаи рисолаҳои илмии КМ унвонҷуёну олимони соҳаҳои гуногуни дониш ба матни электронии рисолаҳои номзадиву доктории Китобхонаи давлатии Русия дастрасӣ доранд. Ҳамзамон равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти дигар бахшу шуъбаҳои КМ бо дарназардошти вежагиҳои кории онҳо ба роҳ монда шудааст.
Натиҷаи муҷаҳҳазгардонии бахшу шуъбаҳои китобхона бо технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ имкон дод, ки чунин навгониҳо дар фаъолияти КМ ҷорӣ карда шаванд:
- дар фаъолияти китобхона низоми нисбатан комили худкори равандҳои китобдорӣ-иттилоотӣ бо истифода аз барномаи соҳавии «Алеф» ҷорӣ шавад;
- дастрасӣ ба мутолиаи китобҳои электронӣ, савтӣ (аудиокитобҳо) ва манобеи электронии марказҳои иттилоотӣ ва китобхонаҳои ватанию хориҷӣ таъмин гарданд;
- дастгоҳи маълумотӣ-библиографии электронӣ (нашрҳои маълумотдиҳандаи электронӣ, системаи феҳристу картотекаҳои электронӣ) ташкил карда шавад;
- рақамигардонии нашрҳои чопӣ роҳандозӣ шавад;
- нусхабардории матни китобҳои чопӣ ва боргирии матни маводи дар шакли pdf пешниҳодшуда ба роҳ монда шавад;
- шабакаи дохилӣ (локалӣ) таъсис дода шавад;
- толорҳои хониши электронӣ ва маҷозӣ ташкил карда шаванд;
- сомонаҳои интернетӣ таъсис дода шаванд;
- интернет-транслятсияи чорабиниҳои муҳимми илмӣ ва тахассусии китобдорӣ баргузор гарданд;
- ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мубодилаи китобҳо, баргузории чорабиниҳои соҳавӣ густариш ёбанд;
- низоми расонидани ҳуҷҷатҳои электронӣ дар фаъолияти абонементи байни китобхонаҳо ҷорӣ шавад;
- имкони такмили захираи китобхонаи электронӣ пайдо шавад;
- истифода ва тавассути воситаҳои электронӣ интиқол додани ҳуҷҷатҳои электронӣ ба роҳ монда шавад;
- Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намояд.
Меҳроҷ Комилов,
сардори шуъбаи рисолаҳои илмӣ