Рӯзи Ғалаба – рамзи қаҳрамонӣ ва сулҳ

Ҳар сол, рӯзи 9-уми май, дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ ва ҷаҳон чун Рӯзи Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Он на танҳо иди пирӯзии нерӯҳои Шӯравӣ ва муттаҳидон бар фашизм аст, балки рӯзи эҳтиром ба тамоми қурбониён, ҷанговарон ва онҳое мебошад, ки барои сулҳ ва озодӣ мубориза бурданд.

Дар Тоҷикистон, ҳамасола маросимҳои расмӣ, гузашти низомӣ, гулчанбаргузорӣ ва мулоқот бо собиқадорони ҷанг баргузор мешаванд. Ин рӯз барои мардуми тоҷик низ аҳамияти бузург дорад, зеро беш аз 300 ҳазор фарзандони ин сарзамин дар он ҷанг ширкат карда, ҳазорон нафари онҳо ҷони худро барои озодии ҷаҳон нисор карданд.

Рӯзи Ғалаба на танҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол, балки барои наслҳои наврас ва ҷавони имрӯза низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад.

Рӯзи Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи Тоҷикистон санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад.

Ин рӯзро ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми тарихи – Рузи ғалаба бар фашизм медонанд ва ин санаро тантанавор ҷашн мегиранд.

Бояд гуфт, ки пирӯзӣ бар фашизм ба ивази ҷони даҳҳо миллион нафар сарбозону афсарон, аз ҷумла фарзандони Тоҷикистон, аҳолии осоиштаи дар минтақаҳои таҳти амалиёти ҷангӣ ва ақибгоҳ қарордошта, маъюб шудани миллионҳо нафари дигар ва гуруснагиву қаҳтии гӯшношунид ба даст омадааст.

Вобаста ба ҳамин масъала Сарвари давлат чунин изҳори ақида намудаанд: “9 май рӯзи шодиву нишот ва санаи ёдбуди онҳоест, ки барои озодии халқҳо ҷони худро нисор кардаанд. ҷашн гирифтани Рӯзи ғалаба ва эҳтиром гузоштан ба фарзандони содиқи халқи тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда буда, омили муҳимтарини тарбияи насли ҷавони мамлакат дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҷасорату далерӣ мебошад”.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос медорад ва онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд мавриди дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоса қарор додааст.

Масрура Мирзоҳасанова,
сармутахассиси Медиатекаи Президентӣ