Рӯзи Шайх Саъдӣ муборак!
Афсӯс бар он дида, ки рӯи ту надидаст,
Ё дидаву баъд аз ту ба рӯе нигаридаст.
Гар муддаъиён нақш бибанданд париро,
Донанд, ки девона чиро ҷома даридаст.
Он кист, ки пиромани хуршеди ҷамолаш,
Аз мушки сияҳ доираи нима кашидаст.
Эй оқил, агар пой ба сангет барояд,
Фарҳод бидонӣ, ки чиро санг буридаст.
Раҳмат накунад бар дили бечораи Фарҳод,
Он кас, ки сухан гуфтани Ширин нашунидаст.
Аз дасти камонмуҳраи абрӯи ту дар шаҳр
Дил нест, ки дар бар чу кабӯтар натапидаст.
Дар ваҳм наёяд, ки чӣ матбаъ дарахтӣ,
Пайдост, ки ҳаргиз кас аз ин мева начидаст.
Сирри қалами қудрати бечуни илоҳӣ
Дар рӯи ту чун рӯй дар оина падид аст.
Мо аз ту ба ғайр аз ту надорем таманно,
Ҳалво ба касе деҳ, ки муҳаббат начашидаст.
Бо ин ҳама борони бало бар сари Саъдӣ
На-шгифт, агараш хонаи чашм об чакидаст.
***** ***** ****
Шаби ошиқони бедил чӣ шабе дарозбошад,
Ту биё, к-аз аввали шаб дари субҳ боз бошад.
Аҷаб аст, агар тавонам, ки сафар кунам зи дастат,
Ба куҷо равад кабӯтар, ки асири боз бошад?
Зи муҳаббатат нахоҳам, ки назар кунам ба рӯят,
Ки муҳибби содиқ он аст, ки покбоз бошад.
Ба карашмаи иноят нигаҳе ба сӯи мо кун,
Ки дуои дардмандон зи сари ниёз бошад.
Сухане, ки нест тоқат, ки зи хештан бипӯшам,
Ба кадом дӯст гӯям, ки маҳалли роз бошад?
Чӣ намоз бошад онро, ки ту дар хаёл бошӣ?
Ту-санам, намегузорӣ, ки маро намоз бошад.
На чунин ҳисоб кардам, чу ту дӯст мегирифтам,
Ки санову ҳамд гӯему ҷафову ноз бошад.
Дигараш чу боз бинӣ, ғами дил магӯй, Саъдӣ,
Ки шаби висол кӯтоҳу сухан дароз бошад.