“Рӯзномаи сафар ба Самарқанд”-и Руй Гонсалес де Клавихо

Яке аз сарчашмаҳое, ки дар он вожаи “тоҷик” ба маънои сарзамин ва кишвар истифода шудааст, “Сафарнома”- и Руй Гонсалес де Клавдихо – нависанда ва ҷаҳонгарди испаниёӣ мебошад. Гонсалес де Клавдихо фиристодаи  фиристодаи махсуси Ҳенрӣ III, подшоҳи Кастилия ба назди Темури Гургонӣ (Темурланг) буд ва шарҳи мусофирати хешро дар сафарномае нигош.

Ин асар, ки аслан бо унвони “Сафар ба Самарқанд ба дарбори Темур” машҳур аст, бар асари саёҳати сафирони испанӣ ба Самарқанд дар солҳои 1403-1406 таълиф гардидааст.

Сафарномаи Де Клавдихо солҳои 1582, 1779, 1782 ва 1943 ба забони испанӣ ва соли 1859 ба забонӣ англисӣ нашр гардид, ки аз асари мазкур то мо ду нусхаи дастанавис боқӣ рсидааст ва онҳо дар Китобхонаи миллии Мадрид маҳфузанд.

Соли 1881 академики рус И.И.Срезневский асари Клавдихоро ба русӣ тарҷума намуда, бо матни англисӣ онро ба табъ расонд. Асар маълумоти Марко Полоро дар бораи Осиёи Миёна пурратар мекунад. Рӯзномаи Клавихо дар хазинаи тиллоии адабиёти умумиҷаҳонӣ дар радифи асарҳои Марко Поло, Иоанн Галенифонтибус, Афанасий Никитин, Барбаро ва Контаринӣ қарор дорад.

Маълумотҳое, ки онҳоро Гонсалес де Клавихо дар китоби худ “Рӯзномаи сафар ба Самарқанд” аз рӯйи мушоҳидаҳои бевоситаи худ пешниҳод мекунад, хеле аниқу дақиқанд ва барои тасаввур намудани манзараи ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию ҳунарии мардуми Шарқ, аз ҷумла сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон, барои муҳаққиқон метавонанд хизмати шоиста кунанд.

Ин китоб ба забони форсӣ аз ҷониби Масъуди Раббиниё-мутарҷими аҳли Эрон тарҷума ва чоп шудааст.

Бо ташаббуси  Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асари мазкур соли 2016 аз ҷониби мутарҷими тоҷик Ислом Юсуфӣ дар асоси нашри русии чопи Маскав, ки соли 1990 нашр шуда буд, тарҷума ва чоп шуд.

Аз гуфтаҳое, ки  Руй Гонсалес де Клавихо дар китоби худ қайд карда метавон хулосае баровард, ки забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) забони қадимӣ буда, зодгоҳи аслии он Хуросону Мовароуннаҳр, саҳеҳтараш канори чапу рости дарёи Омӯст.

Таҳияи Орзуҷон ИСКАНДАРОВ, мутахассиси Маркази «Тоҷикшиносӣ»