Саду сездаҳ соли муаллифи романи “Одамони ҷовид”
Аз даргузашти Раҳим Ҷалил 33 сол мегузарад. Шоир ва навсисандаи маъруф 113 сол пеш, рӯи 3-уми июн дида ба олам кушода буд. Аз ҷумлаи адибони шинохтаи кишвар аст. Нависандаест, ки воқеоти таърихӣ, бахусус солҳои аввали бунёди низоми состсиалистӣ, ташкили сохти колхозӣ ва ташаккули синфи коргарро возеҳу муфассал тасвир карда, асарҳояш барои омӯзиши таърих ва фарҳангу ҳунари кишвар дар ибтидои асри ХХ сарчашмаи боэътимод ба ҳисоб мераванд. Дар сомонаи Иттифоқи нависандагон дар бораи ӯ мехонем:
РАҲИМ ҶАЛИЛ 3 июни соли 1909 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби кӯҳна гирифта, баъди Инқилоби Октябр ба мактаби шӯройӣ рафтааст. Соли 1927 синфи ҳафтум, баъдтар курси кӯтоҳмуддати омӯзгориро хатм кардааст. Аз соли 1931 ба рӯзноманигорӣ машғул шуда, бештар аз 20 сол дар рӯзномаҳои «Пролетари Хуҷанд», «Ҳақиқати Ленинобод», «Тоҷикистони Сурх» ва маҷаллаи «Садои Шарқ» кор кардааст. Солҳои 1952-1989 котиби масъули шуъбаи Ленинободи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст.
Фаъолияти эҷодияш аз соли 1930 сар шуда, нахуст шеър эҷод мекардааст. Ашъораш таҳти тахаллуси «Даҳрӣ» чоп мешуданд. Аввалин маҷмӯаи ашъораш «Мавҷҳои музаффарият» соли 1933 чоп шудааст. Сипас, асосан осори мансур офарида, дар ҳамин соҳа тавфиқу комёбиҳои эҷодӣ ба даст овардааст ва чун адиби забардасти роману ҳикоянигор эътироф гардидааст. Соли 1936 маҷмӯаи новеллаҳояш «Орзу», соли 1939 китоби «Шеърҳо ва ҳикояҳо»-яш, соли 1940 «Ҳиссае аз қиссаҳо»-яш аз чоп баромадаанд.
Баргузидаи навиштаҳояш дар китобҳои «Ҳикояҳои давраи ҷанг» (1944), «Умри дубора» (1949), «Баҳор» (1950), «Ҳикояҳо» (1953, 1954, 1958), «Ҳамида» (1961), «Шикасти тилисмот» (1964), «Асарҳо» (дар чор ҷилд; 1967-1971), «Илҳом» (1973), «Духтари мармарин» (1975), «Гардиши фалак» (1981), «Ҳикояҳо» (1984), ва «Куллиёт» (дар 3 ҷилд; 1988-1990) чоп шудаанд.
Романи «Одамони ҷовид» (1941-1949) чанд бор рӯи чопро дидааст, ки дар бораи дӯстии халқҳо, душвориҳои бунёди давлати шӯравӣ, муборизаи тоҷикон барои сохти сотсиалистӣ нақл мекунад. Романи дигари нависанда «Шӯроб» (1959-1967) ҷараёни ташаккули синфи коргари тоҷикро мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор додааст. Ҳар ду асар ба бисёр забонҳои дунё тарҷума ва бо теъдоди зиёде чоп шудаанд.
Раҳим Ҷалил нависандаест, ки воқеоти таърихӣ, хусусан, замони босмачигарӣ, ташкили сохти колхозӣ ва ташаккули синфи коргарро возеҳу муфассал тасвир карда, асарҳояш барои омӯзиши таърих ва фарҳангу ҳунари кишвар дар ибтидои асри ХХ сарчашмаи боэътимод ба ҳисоб мераванд.
Нависанда (1970) барои романи «Шӯроб» сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидааст.
Соли 1970 қиссаи ҳуҷҷатии «Маъвои дил» аз чоп баромад, ки аз биҳин намунаҳои осори ёддоштӣ-таърихии адабиёти шӯравии тоҷик ба ҳисоб меравад ва хонандаро дар рӯҳияи ватандӯстию миллатпарварӣ тарбият мекунад.
Дар офаридани осори саҳнавӣ ҳам дасти тамоме доштааст, ки намоишномаҳои «Фарҳоду Ширин» (ҳамроҳи М.Аминзода), «Санавбар» (1939), «Зани 96-ум» (1940), «Ду вохӯрӣ» (1943), «Субҳи саҳро» (1962), «Дили шоир» (1963), «Зиндашавӣ» (1976) ва ғ. гувоҳи даъвостанд.
Асарҳои алоҳидаи М.Горкий, А.Чехов, А.Островский, Н.Ҳикмат ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
Сазовори як идда мукофоти давлатӣ гардонида шудааст.
Чандин мактабу кӯчаву муассисаҳо ва Нашриёти давлатии Хуҷанд номи ӯро доранд.
Нависандаи халқии Тоҷикистон (1979).
Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
10 октябри соли 1989 аз олам даргузашт.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Раҳим Ҷалил ва дар бораи ӯ ин матолибро ҳам метавонед бихонед:
Субҳи саҳро: Драмаи мусиқӣ иборат аз чор парда. – Душанбе, 1962. – 74 с.
Насими сир: Шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1969. – 48 с.
Илҳом: Ҳикояҳо. – Душанбе: Ирфон, 1970. – 117 с.
Духтари мармарин: Ҳикояҳо. – Душанбе: Ирфон, 1975. – 139 с.
Бозгашт аз биҳишт: Ҳикояҳо. – Душанбе: Ирфон, 1976. – 238 с.
Баъди борон: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1978. – 96 с.
Табиби ман: Ҳикояҳо. – Душанбе: Маориф, 1981. – 155 с.
Одамони ҷовид: Роман. – Душанбе: Ирфон, 1979. – 448 с.
Гардиши фалак: Ҳикояҳо. – Душанбе: Ирфон, 1981. – 208 с.
Ҳикояҳо. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 480 с.
Кўҳистон: Шеър // Шарқи Сурх. – 1946. – №7. – С. 15.
Қандата зан: Шеър // Шарқи Сурх. – 1949. – №10. – С. 18.
Ба ҷони ҷахон: Шеър // Шарқи Сурх. – 1950. – №5. – С. 10.
Муҳаббат то ҷаҳон боқист, боқист: Шеър // Занони Тоҷикистон. – 1971. – №5. – С. 21.
Аз ишқат ҳадисам; Макун арозӣ: Шеърҳо // Занони Тоҷикистон. – 1974. – №7. – С. 14-15.
Зебад акнун номи Тирози ҷаҳон: Шеър бахшида ба Хуҷанд // Тоҷикистони советӣ. – 1977. – 3 апрел.
Бахтномаи мо: Шеър // Ҳақиқати Ленинобод. – 1977. – 13 август.
Образи одами навро офарем // Садои Шарқ. – 1980. – №12. – С. 3-6.
Дилбари пахтакор: Шеър // Ҳақиқати Ленинобод. – 1982. – 23 октябр.
Шасти камолот расид: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1984. – 15 декабр.
Ба «Ҳақиқати Ленинобод»: Шеър // Ҳақиқати Ленинобод. – 1988. – 5 май.
Дар бораи адиби номвар:
Шафқат, С., Аскар, Ҳ. Омўзгори нависанда: Ҳаёт ва эҷодиёти нависанда Раҳим Ҷалил // Тоҷикистони советӣ. – 1967. – 22 октябр.
Абдуллозода, Р. Адиби ғамхор ва мураббии ҷавонон: Дар бораи Раҳим Ҷалил // Маориф ва маданият. – 1978. – 10 январ.
Сафаров, Й. Ихтисораҳо дар асарҳои Раҳим Ҷалил: Назария ва методи таълими забон ва адабиёт // Хорпуштак. – 1989. – №11. – С. 11-14.
Бобоҷон, А. Эй адиби дар ғаму шодии мо ёру анис: Шеър бахшида ба 80-солагии зодрўзи Рахим Ҷалил // Хорпуштак. – 1989. – №12. – С. 6.
Юсупов, М. Булбули Хуҷанд: Ба муносибати 85-солагии зодрўзи устод Раҳим Ҷалил // Ҳақиқати Ленинобод. – 1994. – 2 июн.
Асозода, Х. Раҳим Ҷалил яке аз саромадони насри тоҷик: Ба истиқболи 100-солагии Раҳим Ҷалил // Минбари халқ. – 2009. – 4 июн.
Библиографияи миллӣ.