Сафири фавқулода ва мухтори Украина ба Китобхонаи миллӣ ташриф овард

Сафири УкраинаСафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валерий Евдокимов ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо директори он, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаи ҳамкориҳо дар самти омӯзиши фарҳангу таърихи кишварҳо, ҳамчунин ташкили конфронсу симпозиумҳо суҳбат намуданд.

Гуфта, шуд ки Китобхонаи миллӣ омодааст, дар иртибот ба масъалаҳои марбута суҳбату вохӯриҳои онлайнию офлайниро бо Украина ба роҳ монад.

Сафири УкраинаСафири Украина иброз дошт, ки омӯзиши таъриху фарҳанги миллат барои доштани ояндаи дурахшон он замима фароҳам меорад. Китобхонаи илмӣ-ҷамъиятии ба номи Шевченко аввалин китобхонае мебошад, ки танҳо дар бораи Украина ва таърихи он китобҳоро гирдовари намудааст. Вале Валерий Евдокимов аз он нигарони кард, ки корҳои илмӣ дар бораи таърихи китобхонаҳо ва бойгонии онҳо бо забони  украинӣ хеле кам аст ва он метавонад барои илми кишвар хатарнок гардад.

Сафири УкраинаИн масъаларо  Валерий Евдокимов  ба вазъи кунунии Украина ва харобиҳои ин кишвар рабт дода, бо таассуф изҳор дошт, ки то ҳол дар вазъи нохуби ватанаш дигаргуние ба вуқуъ наомадааст.

Профессор Ҷумахон Файзализода дар идомаи суҳбат аз вазъи дастрасӣ ба корҳои илмӣ ва маҷаллаҳои тақризшаванда, ки дар ҳудуди Тоҷикистон чоп мешаванд ибрози назар намуд. Ҳамчунин, директори Китобхона ба доир маҷаллаи “Паёми Китобхонаи миллӣ”, ки ҳамакнун аз ҷумлаи маҷаллаҳои тақризшаванда маҳсуб мешавад, маълумот дода,  гуфт, ки дар он вобаста ба соҳаҳои гуногун махсусан китобхонашиносӣ ва библиографияшиносӣ пайваста мақолаҳои илмӣ чоп мегарданд.

Ба Валерий Евдокимов-Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як шумораи ин маҷалла барои шиносоии бештар аз ҷониби директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файализода тақлим гардид.

Сафири УкраинаДар идома,  мавзуҳои дигари вобаста ба беҳтар гардонидани вазъи китобхонаҳо ва хидматрасонии хубтар ба хонандагон баррасӣ шуданд.

Сипас, меҳмононро масъулин ва ҳайати роҳбарикунанда,  мувофиқи нақшаи сайёҳат дар Китобхонаи миллӣ бо гӯшаҳои таърихӣ ва намоишӣ шинос карданд.

Аз ҷумла, мусаввараи Сабзалӣ Шарифзода, Осорхонаҳои китобҳои нодир, инчунин гӯшаи намоишии шуъбаи адабиёти хориҷӣ ва фонди шуъбаи мазкур ба меҳмонон нишон дода шуда, маълумоти зарури пешниҳод карда шуд.

Сафири УкраинаЁдовар мешавем, Валерий Евдокимов аз моҳи июни соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Наргис Назарзода