Саҳифаи таърих. Арзи сипоси нависандагони тоҷик ба Николай Тихонов
Николай Семёнович Тихонов нависанда, шоир, мақоланавис, ходими ҷамъиятӣ ва яке аз шахсиятҳои таъсиргузор дар адабиёти Иттиҳоди Шуравӣ маҳсуб мешуд. Соли 1896 ба дунё омада, соли 1979 аз олам рафт. Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ, барандаи Ҷоизаи байналмилалии Ленин “Барои таҳкими сулҳ байни халқҳо”, Ҷоизаи Ленин дар адабиёт (1970), се Ҷоизаи Сталин. Шоири халқии Ӯзбекистон ва Озарбойҷон буд.
Николай Тихонов яке аз ҳамсафону ҳамсафарони ҳамешагии устод Мирзо Турсунзода ба кишварҳои хориҷ буд ва аз дӯстони наздики адибони тоҷик буд, ки пайваста дастгирӣ мекард.
Соли 1966 адабони Тоҷикистон ӯро ба муносибати 70-солагиаш бо чунин суханони саршор аз муҳаббат муборакбод кардаанд.
ДЎСТ ВА БАРОДАР
Николай Семёновичи азиз, нависандагони Тоҷикистон Шуморо дар ҷашни муборак, – ҳафтодумин солгарди баҳори умратон аз самими қалб табрик мекунанд.
Дар рўзҳое ки тамоми мамлакати мо ба ҷашни 50 – умин солгарди Инқилоби Кабири Октябр ва 100- солагии рўзи таваллуди Владимир Илич Ленин тайёрӣ мебинад, мо бо мамнуният қайд мекунем, ки Шумо на танҳо яке аз асосгузорони адабиёти советӣ, балки фарзанди шаҳри шўҳратманди Ленинград ҳам мебошед, ки он ҷо дар соли 1917 дар тақдири халқҳои мо гардиши таърихӣ ба вуқўъ омад.
Шуморо ҳамчун сарояндаи пурэҳтироси музаффариятҳои Октябри Кабир ва ҳамчун муборизаи матини реализм дар адабиёти гуногунмиллати мо мешиносем ва дўст медорем.
Шумо аз айёми бачагӣ нисбат ба таърих ва маданияти Шарқ шавқу рағбати калоне доштед. Шумо ҳанўз дар авоили Ҳокимияти Советӣ достони «Сами» – эҷод намуда, Шарқро ба назари хонандагони чандинмиллионаи советӣ ба тарзи нав ҷилва додед.
Шумо чил сол муқаддам якумин бор ба республикаҳои Осиёи Миёна ва Кавказ азимат карда, ба Шарқ ҳамчун ба бародар дил бастед ва аз он рўз сар карда, Шарқ як қисми ҷудонашавандаи ҳаёт ва эҷодиёти Шумо гардид.
Мо барои он, ки нисбат ба халқи тоҷик ва адабиёти он меҳру муҳаббат доред, хеле мамнуну миннатпазирем ва умедворем, ки дар кишвари мо тез-тез меҳмон мешавед.
Мо суханони гарму ҷўшони дар Душанбе, дар маҷлиси тантанавии ҷашни 1100-ўм солгарди таваллуди пири шуарои тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рўдакӣ эрод кардаатонро, ки эҷодиёти ўро «эъҷози санъати сухан» номида будед, нағз дар хотир дорем. Шумо мегўед, ки халқи баҳодури тоҷик ба дунё Рўдакӣ барин шоирони беназир ва ширинсухане эҳдо намуд.
Мо қувваи азим ва мағлубнашавандаи халқи русро зикр намуда, мегўем, ки вай ба инсоният Пушкин, Лермантов, Толстой, Горкий ва Маяковский барин адибони забардастро ҳадя намудааст. Шумо ҳам, Николай Семёновичи мўҳтарам, фарзанд ва сарояндаи ҳамин халқи бузург мебошед.
Ҳамаи мо Шуморо устоди худ мешуморем ва барои он ҷидду ҷаҳдҳоятон, ки барои муттаҳид кардани адабиёти гуногунмиллати советӣ равона карда шудааст, чун шогирд миннатпазирем. Шумо бо некхоҳии ҳайратоваре эҷодиёти шоирони тоҷикро мушоҳида мекунед ва бо диққату рафоқати худ ба онҳо илҳом мебахшед.
Шумо на танҳо ба республикаҳои Шарқи советӣ, балки Ҳиндустон, республикаи Муттаҳидаи Араб, Сарандеб, Индонезия ва басе мамолики дигар сафар кардаед ва дар он ҷо Шуморо ҳанўз ҳам мешиносанд ва дўсти қарин мешуморанд.
Шумо баръакси Р. Киплинг, ки «тамаддуноварии» мустамликадоронро маҳду ситоиш менамуд, дар ашъори худ тақдири ҳақиқии халқҳои Шарқро таҷассум намудаед. Орзую умед ва муборизии онҳо барои озодию истиқлол асоси эҷодиёти Шуморо ташкил менамояд.
Мо имрўз Шуморо чун яке аз барҷастатарин ходимони муборизаи байналхалқии тарафдорони сулҳ низ табрику таҳният мегўем. Дар зери раёсати Шумо Комитети Советии муҳофизони сулҳ собитқадамона ғояҳои бузурги Ленинии партия ва ҳукумати моро, ки ба таъмин кардани ояндаи дурахшони тамоми инсоният равона карда шудаанд, ба ҳаёт татбиқ менамояд.
Бигузор меҳри дўстон чун меҳри оламтоб бар сари Шумо доимо нурпошӣ кунад!
“Садои Шарқ”, 1966, №12
Таҳияи Мавҷуда Абдуллоева, муовини сардори шуъбаи матбуоти даврӣ.