САЙФЕ, КИ МАН МЕШИНОХТАМ…

Навиштан дар бораи як нафаре, ки ҳамагон мешиносанд, адибест пурхонанда, навгӯву навнавис, шахсе, ки бо як услуби хос вориди майдони адабиёт шуд, инсоне, ки филмнома ҳам навишту филмҳо бардошт, солҳо як кумитаи калидиро дар Ҳукумат сарварӣ кард, навсозиҳо кард, корҳои бунёдӣ анҷом дод, бароям душвор аст. 21 сол аст, ки бо мо нест, 21 сол аст, ки ӯ аз мову мо аз ӯ ҷудоем. Ва тӯли ин 21 сол шояд рӯзе набошад, ки аз ӯ  ёд накунам.

 Дунёи ў дунёи хоси худаш буд, ки гумон мекардам як марди танҳое дар он зиндагӣ дорад. Ҳар нигоҳаш самимӣ буд, марди дурандеш ва ҳатман баъди дидору баъди ҳар нигоҳаш гумон мекардӣ мехост чизе бароят бигӯяд, паёме расонад.

Ва мегуфт, агар қабул доштӣ бурд менамудӣ ва агар не алаккай дер буд. Ҳамеша он панду ҳикматеро аз ў мешунидам, бо ҳамон ақли кӯдакиву наврасӣ дучори суолҳои беҷавобе мешудам. Ва мепурсидам аз худ, ки ӯ ин ҳамаро аз куҷо медонад?

Гумон мекардам ӯ пайваста саргарми навиштану эҷод аст, ҳолатҳое кам буд, ки дида бошам бидуни мутолиа ва эҷод бошад. Вале дар назарам як уқёнуси нопайдоканоре буд. Асрори донишҳои ӯ бароям то охир нокушода монд. Албатта, на то ба охир, баъдан ба ин натиҷа расидам, ки ин ҳамаро ӯ аз он медонад, ки зиёд мехонад ва мегуфтам агар мисли мо мебуд, ӯ ҳам зиёд намедонист. Ҳамин буд эҳсоси кӯдакӣ, ҳамин буд шинохти аввал аз Сайф Раҳими Афардӣ.

Баъдҳо китобхонаи ӯро дидам ва аз ман хост феҳристи алифбоии онҳоро тартиб диҳам, рақамгузорӣ кунам. Ростӣ он давра намефаҳмидам, ки ин чӣ кор асту барои чӣ лозим ва ба соҳиби ин китобҳо чӣ медиҳад. Ҳоло ки ба ёд меорам, ба дарки ин нукта мерасам, ки аз аввал ҳама кораш банизом буд ва дар рақамгузории китобҳояш низ низомро мехост. Он замон ман бе он ки дарк кунам, чӣ кор мекунам, амрашонро иҷро мекардам.

Солҳо гузаштанд, ман ҳам ба сол бузург шудам, бахши китобдории Донишкадаро хатм кардам ва ба зудӣ ба дарки ин расидам ва донистам, ки ин ҳама талошҳои рақамгузориву феҳрист сохтан барои китобҳо ва китобхонаи шахсӣ чӣ аҳамияте дошт. Фаҳмидам, ки Сайфе, ки мешинохтам, то куҷо оқилу фарзона будааст.

Ман маҳз бо тавсия ва насиҳатҳои устод Сайф факултаи китобдориро интихоб кардам, ки имрӯз аз интихобам меболам.

Бояд ин нуқтаро низ иброз намоям ҳама сол ҳангоме, ки таътили тобистона оғоз мешуд, ба ман, Қудрат (равонаш шод бод) ва Неруву Аниса супориши мутолиаи китоби тавсияшуда ба сину сол медоданд ва ҳатман баъдан хондани китоб аз мо нақли онро хоҳиш менамуданд. Ҳамаи мо китобҳои хондаамонро нақл мекардем. Соле ба ман китоби Ҷони Родари – нависандаи адабиёти кӯдак ва навҷавони Италияро тавсия намуданд ва ман бо як эҳсоси баланд китоби хондаамро нақл мекардам, ки яку якбора дар бораи персонажи асосии ин асар пурсон шуданд. Ман аз суоли ногаҳонӣ даступо хурдам ва ҷавоб надодам. Баъдан гуфтанд, ки китобро 10 маротиба мехониву ҳар маротибае, ки хондӣ ба ман нақл мекунӣ ва ман то ҳол ин китобро азёд медонам. Ин буд як тартиби тарбияву ворид шудан ба ҷаҳони китоб  китобдўсториву китобхонӣ.

Ҳамасола 20 ноябр дар хонаи апаам  Зебо мо меҳмонони зиёдеро истиқбол менамудем ва то саҳар хоб нарафта, барои меҳмонон шириниву хуришҳои нав омода мекардем. Ва он бегоҳ меҳмонони олиқадру соҳибмартабаи давру замон ба амсоли устод Гулрухсор, Убайдуллоҳи Раҷаб (равонашон шод) бо оилаашон, Абдулҳамид Самад, Ҳолмаҳмад Маҷидов бо ҳам сарашон, Раҳмондўсти Қурбониён (равонашон шод) бо оилаашон, Сабзалӣ Шариф бо апаи Нозигул, Бароти Абдураҳмон, акаи Сафари Ҳақдод ва наздикон оҳиста – оҳиста ба манзили Сайф Раҳимзоди Афардӣ барои ҷашни зодрӯз меомаданд. Баъдан оғоз мегардид он сурудхониву шеърхонӣ. Нақл аз навигариҳои санъати безаволи тоҷик дар ҳама самт, шӯхиҳову хандаҳои нотакрору беғаш. Ин буд он ҳама интизориҳои он рӯз. Он рўзе, ки ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.

Он рӯзҳо ҳамеша мисли як хобе, ки намехоҳӣ ба охир расад ва нафаре туро бедор намояд, дар ёдам абадӣ ҳасту мемонад. Ин рўзҳо барои мани кӯдак, ки аз ҳама чизе он дунё дур будам, вале рўзҳои хушбахтарину фаромўшнашавандатарин рўзҳои умрам буданд. Во дареғо.

Дар бораи ин марди неку эҷодкори нотакрор, нависанда файласуф гуфтаниҳое зиёде дорам. Махсус дар бораи китобҳояшон “Аз ёдҳо аз ёдҳо”,”Ситораҳои сари танур”,”Доғҳои офтоб”,”Гунҷишкаки сафед” ва дигар асарҳои мондагор ва безаволе, ки барои мо боқӣ гузоштаанд.

Аз асари “Аз ёдҳо аз ёдҳо”

….Пирамард ба имдод ҷониби Козим нигоҳ кард. Кўмак мехост. Шояд ў гиреҳи андешаамро бикушояд: Вале наберааш хомўш буд.Чаро чизе намегўяд?!

– Чаро хомўшӣ?!

– Чӣ гап занам бобо!

Андешаҳо беовоз хубанд! Хуб аст, онҳо аз дил мегузаранд. Не, намедаванад, ба забон намедаванд. Дар дил бошанд, дар дил бошанд. Зўри пирамард ба гиреҳ нарасид; як белу ду бел! Як бел кори ду белро карда наметавонад. Бели муйсафед кунд шуда буд, заминро намегирифт. Ў пошнаашро ба гўши бел ниҳоду сахт пахш кард. Дами бел ним ваҷаб дар замин нишаст.Чашмаш сиёҳ зад.

… Қисмат ҳамин будааст. Марги бармаҳал ва бераҳм ўро дар пойгоҳи хонаи поку ободу осудааш дарёфт. Ҳар гоҳе, ки ман ба он даргоҳ меравам, ки он ҷо хуни Сайф Раҳимзоди Афардӣ рехтааст, ҳамеша даст ба дуо бардошта дар дил мегӯям “Равонаш шоду хонаи охират обод бошад”. Вале то ҳол бовариям намеояд, ки як шахси азиз, эҷодкори асил, нотакрор, марди чорпаҳлӯ, инсоне, ки ҳар қадамаш низом дошт, ҳатто дар либоспӯшӣ низоми хосеро рияо мекард, адиби нотакрор дигар бо мо нест.

Мехоҳам ҳар мавриде сатре дар борааш нависам, чун гуфтаниҳои зиёд дорам. Ва хоҳам навишт…

Руҳат шод ва ёдат ҳамеша ба хайр бошад, Устоди зиндагиям.

Салима Раҷабзода.