Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 20-уми ноябр

як-рузи-таърих-20Соли 1813 дар Веймар шоир ва навсандаи олмонӣ Кристоф Мартин Виланд аз ҷаҳон гузашт. Вай 80 сол дошт. Кристоф дар Олмон аввалин касе буд, ки маҷаллаи адабӣ ташкил кард ва нашр намуд. Қатори Шиллел, ҲутеЛессинг аз ҷумлаи адибони маъруфи асри XVIII–и Олмон маҳсуб мешавад.

Соли 1858 нависандаи шведӣ, нахустин зани барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт  Селма Лагерлёф ба дунё омад. Вай 16-уми марти соли 1940 тарки олам кардааст.

Соли 1869  шоира, нависанда, намоишноманавис, мунаққиди ададбиёти рус Зинаида Гиппиус ба дунё омадааст. Гиппиус аз намояндагони машҳури “Асри нуқраии шеъри Русия” буд.

Лев-ТолстойСоли 1910 дар истгоҳи роҳи оҳани Астапово файласуф, ориф ва нависандаи рус Лев Николаевич Толстой дар синни 82-солагӣ аз олам гузашт. Толстойро аз бузургтарин романнависони ҷаҳон меноманд. Ӯ борҳо ба дарёфти ҷоизаи сулҳи Нобел ва ҷоизаи Нобел дар адабиёт номзад шуд, вале ҳаргиз ба онҳо даст наёфт.

Романҳои ӯ “Ҷанг ва сулҳ” ва “Анна Каренина” аз бузуртарин романҳои адабиёти ҷаҳон эътироф шудаанд.

Толстой дар замони зиндагии худ дар ҷаҳон як шахси маъруфу саршинос буд, вале хеле содаву одӣ зист. Танҳо қиссаи марги ӯ худ як достони нонавиштаи башар аст.

Соли 1923 Надин Гордимер – адиби англисзабони Африқои Ҷанубӣ ба дунё омад. Хонум Гордимер соли 1991 ба дарёфти ҷоизаи Нобел дар адабиёт мушарраф шуда буд. Аз муборизони сарсахти табъизи нажодӣ буд.  Вай муаллифи романҳои “Рӯзҳои фиребанда”, “Сарзамини бегонагон”, “Фурсате барои дӯст доштан”, “Охирин дунёи буржуозӣ”, “Муҳофизакор”, “Як варзиши табиӣ”, “Саргузашти писарам”, “Ҳеч кас ҳамроҳам нест” мебошад.

Соли 1925 дар шаҳри Варшава дар синни 61-солагӣ адиби лаҳистонӣ, намоишноманавиш ва пулистист Стефан Жеромский  аз олам рафт. Вай муаллифи асарҳои “Хокистар”, “Бехонаҳо”, “Таърихи гуноҳ” буд.

Бозор-СобирСоли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод шоири маъруфи тоҷик устод Бозор Собир ба ҷаҳон омадааст. Маҷмӯаи нахустини осораш бо номи “Пайванд” соли 1972 рӯи чоп дидааст. Баъдан офаридаҳояш дар маҷмӯаҳои «Оташбарг» (1974), «Гули хор» (1978), «Каменная кладка» (Маскав, 1979), «Мижгони шаб» (1981), «Офтобниҳол» (1982), «Оташбарг» (ба ҳуруфи форсӣ; 1984), «Бо чамидан, бо чашидан…» (1987), «Листья огня» («Оташбарг»; 1990), «Чашми сафедор» (1992), «Гулчини ашъори устод Бозор Собир» (ба ҳуруфи форсӣ; Теҳрон, 1993), «Симхор» (Маскав, 1995), «Аз «Гули хор» то «Симхор» (Маскав, 1997), «Хонавода пароканда шуд» (чаҳор мақола; Маскав, 2000), «Чорчашм» (2001), «Шоиру шеъре агар ҳаст…» (2006), «Хуни қалам» (2010), «Бист шеърак барои Ардашерак» (2010), «Лолаи сиёҳ» (2013), «Хӯша-хӯша аз ҳар гӯша барои Анӯша» (2013), «Боғи момаи ангур» (2015) ва ғ. ба табъ расидаанд.

Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1988).

Барои хидматҳояш дар ривоҷу равнақи адабиёт ва рушди ҳаёти ҷомеа соли 2013 бо ордени «Ситораи Президент» мушарраф гардонида шудааст.

Соли 1971 дар Афина шоири шинохтаи Юнон Йоргос Сефферис бар асари бемории илтиҳоб шуш, ки ба тадриҷ ба сактаи қалбӣ оварда расонда буд, вафот кард. Юнон Йоргос Сефферис  барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт (1963) буд.

Сайф-Раҳимдоди-АфардӣСоли 1953 дар деҳаи Афардии ноҳияи Балҷувон Сайф Раҳимдоди Афардӣ дида ба олам кушодааст.  Муаллифи китобҳои «Ситораҳои сари танӯр» (1984), «Аз ёдҳо, азёдҳо» (1987), «Васвасаҳои Зикривайҳ» ё «таронаҳои хоки тӯтиён», (1999), «Падруду пайғом» (2000), «Доғҳои Офтоб» (2003), «Чашми саҳар» (2014), қиссаҳои «Таронаҳо ва тавбаҳо» ва «Доғистон» мебошад, ки дар матбуоти даврӣ ба чоп расидаанд.

Намунаҳое аз осораш ба русӣ, украинӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, ӯзбекӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва нашр шудаанд.

Барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (1995).

Пас аз вафоташ, соли 2002, сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидааст.

20 майи соли 2005 ба таври фоҷиавӣ ҳалок гардид.

Абдулманнони Насриддин Соли 1953 дар деҳаи Ёваи ноҳияи Хуҷанд (ҳозира Бобоҷон Ғафуров) адабиётшиноси маъруфи тоҷик Абдулманнони Насриддин ба дунё омад.   Абдулманнони Насриддин аз шинохтатарин адабиётшиносони соҳиб мактаби кишвар буд. Соли 1990 дар мавзӯи «Проблемаҳои маърифати бадеӣ ва шарҳу тафсири осори адабиёти форсу тоҷик» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст, ки дар эроншиносии дунё зуҳуроти тоза ба ҳисоб меравад. Аз соли 1991 профессор, аз соли 1992 то поёни умраш мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров будааст.

Профессор Абдулманнони Насриддин дар ин замина мактаби қавии намунавии илмии худро ба вуҷуд оварда, 30 нафар аз шогирдони ӯ ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филология соҳиб гардидаанд. Бо ибтикори бевоситаи ӯ дар вилояти Суғд маҳфили адабии «Ганҷи сухан» роҳандозӣ шудааст, ки т о ба имрӯз идома дорад.

Аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Соли 2011 бо ҷаҳон падруд гуфт.

Соли 1959 шоир Маликнеъмат Неъматзода дар ноҳияи Масчо зода шудааст.  Навиштаҳояш дар китобҳои «Нилуфари Моҳтоб», «Одамасп», «Эҳёи Мадрушкат» (ҳамроҳи Олимхон Исматӣ), «Ин дарахтон…», «Маснавии навӣ», «Нешу нўш», «Хуршедҳои гумшуда», «Пионерия», «Сурмаи дил», «Ҳақталош» ва «Деҳхудо» ба чоп расидаанд.

Соли 2009 дар мавзўи «Рашаҳот айн-ил-ҳаёт»-и Фахриддин Алии Сафӣ рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Соли 2020 нависандаи асарҳои тахайюлӣ Исай Давидов дар синни 93-солагӣ тарки олам кард. Давидов муаллифи асарҳои “Ман баъди ҳазол бармегардам”, “Аз баҳор то баҳор” буд. Вай 24-уми октябри соли  1927 дар шаҳри Москав ба дунё омада буд.

Соли 2005 дар шаҳри Москав дар синни 85-солагӣ нависанда, намоишноманависи Шӯравӣ Лазар Карелин аз олам гузашт.

Таҳияи Б.Шафеъ