Санъат. (Донишнома)

СанъатКитоб барои кӯдакони синфи 4 ва доираи васеи хонандагон пеш гардида, он дар Муассисаи давлатии Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии тоҷк таҳия ва соли 2023 чоп шудааст. Ҳоло чанд матлаби ҷолибро аз он меорем.

МЕЪМОРӢ

Меъморӣ яке аз қадимтарин навъи санъат буда, аз оғози фаъолияти хонасозии инсон ибтидо гирифтааст. Ин санъат лоиҳакашию таҳрезӣ, сохтмони биноҳо, иншооти гуногун, маҷмааҳо, ансамблҳои меъмориро дар бар мегирад. Инсоният дар рафти инкишофи таърихии худ аз паноҳгоҳ, чайлаву каппаву коза ва кулбаҳои лойину сангин сар карда, то биноҳову иншооти ҳайратовари замонавӣ меъмориро дар тарзу усулҳои гуногун тариққӣ додаст.  Биносозӣ дар ҳар давру замону макон вобаста ба таъйинот, маводди сохтмон, имкониятҳои техникӣ ва завқу салиқаи ҷамъият тағйир ёфтаву рушд мекунад. Дар саросари ҷаҳон биноҳову иншооте сохта шудаанд, ки бо зубоиву ҳашамат, арзиши эстетикиашон рамзи давлатҳо гаштаанд.

МЕЪМОРИИ МАРДУМИ ОРИЁИТАБОР

Мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон, дар давоми ҳазорсолаҳо бинову иншооти гуногуни меъморӣ бунёд кардаанд. Дар сарзамини мо қадимтарин манзили зист дар Саразм – Панҷакенти қадим ёфт шудааст, ки ба ҳазорсолаи 3-2 то милод мансуб аст. Осори боқимондаи маъбадҳо, қалъаву шаҳристонҳо кушку қасрҳо, мақбараву мадрасаҳо, манораву бурҷҳо ва дигар иншооти дар Осиёи Марказӣ, Эрону Афғонистон, Покистону Ҳиндустон ва дигар сарзаминҳо боқимонда гувоҳи ин мебошад.

 

БАЛАНДТАРИН БИНОҲОИ ҶАҲОН ДАР КУҶО ВОҚЕАНД?

Аз соли 1974 то соли 2009 110-ошиёнаи Уиллис –Тауэр (баландиаш 527,3 метр) дар шаҳри Чикагои ИМА балантарин дар ҷаҳон буд. Аз соли 2009 балантарин бинои ҷаҳон Бурҷи Халифа мебошад (баландиаш 828 м, иборат аз 163 ошиёна), ки дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб воқеъ аст

ДАР ДУШАНБЕ КАДОМ БИНОҲОИ МУҲТАШАМИ МЕЪМОРӢ МАВҶУДАНД

Дар шаҳри Душанбе биноҳои муҳташами давлатӣ ва ҷамъиятиву фарҳангӣ ба монанди Қасри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон, Кохи Борбад, Кохи Ваҳдат, чойхонаҳои «Роҳат», «Саодат» ва ғайра мавҷуданд, ки дар замони  шўравӣ сохта шудаанд. Дар даврони Истиқлолт дар Душанбе биноҳои замонавии Қасри миллат, Куитобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, меҳмонхонаи «HYATT», Маркази исмоилия, маҷмааи «Пойтахт», Маркази ҷавонон, маҷмааи ёдгории «Ваҳдат» сохта шуданд, ки ҳусну шукўҳ ва зебоии шаҳрро дучанд афзуданд.

МАҚБАРАҲО

Мақбара бинои ёдгорист, ки дар болои қабри шоҳону ҳокимон, пешвоёни дин ва дигар одамони машҳур месохтанд ва ҳоло ҳам месозанд. Анъанаи мақбарасозӣ дар давраҳои муайяни таърихӣ ва дар халқҳои олам тавофути ҷиддӣ дорад. Масалан, дар Мисри Қадим (3000-2400 то милод)мақбараҳоро аз сангҳои калонҳаҷм ва ба шакли ҳирам сохта, бо гаҷи сафед рўйкаш мекарданд. Сохтани мақбараҳо дар замони ислом манъ шуд, вале баъдан эҳё шуд ва ривоҷ ёфт. Сохтани мақбара дар Мовароуннаҳр аз асри IX маълум аст. Дар ҳудуди Тоҷикистон низ дар асрҳои гуногун мақбараҳои зиёде сохта шудаанд. Мақбараҳо дар алоҳидагӣ ё дар таркиби ансамбли меъморӣ бунёд мешуданд. Онҳо, одатан, аз ду ҷузъ-гўрхона ва зиёратхона иборатанд. Бо мурури замон ин гуна мақбараҳо ба маҷмааҳо (ансамблҳо)-и мураккаби меъморӣ табдил ёфтанд.

АНСАНБЛИ МЕЪМОРӢ ЧИСТ?

Якҷоягиву якоҳангӣ ва мутаносибии маҷмуи биноҳо, иншооти муҳандисӣ, тасвироти монументалӣ, муҷассамаҳо ва гулгаштҳо ансамбли меъморӣ ном дорад. Ансамбли меъморӣ якбора аз рўйи нақшаи ягонаву услуби хос ва ё дар муддати дароз, бо роҳи илова кардани биною иншооти нави услуби дигар ба маҷмуи биноҳои аввала шакл мегиранд. Қадимтарин ансамбли меъморӣ Мусаллои Ҳирот аст, ки аз рўйи нақшаи ягона сохта шуда, аз якчанд бино-масҷидҳо, мадраса, манора, гулгашт ва фаввораҳо иборат будааст. Дар Осиёи Марказӣ ансамблҳои меъморӣ аз асрҳои XI-XII сар карда, қариб дар ҳамаи шаҳрҳо пайдо шуданд. Ансамбли меъмории Регистон ва Шоҳи Зинда дар Самарқанд, ансамбли меъмории Ҳисор аз ҷумла онҳо мебошанд.

МАҚБАРАИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

Мақбараест, ки ба шарафи асосгузори давлати Сомониён-Исмоили Сомонӣ дар Бухоро бунёд гардидааст. Мақбара мураббаъшакл буда (андозааш 10,80×10,70), бо гунбази муҳташам пўшонда шудааст. Кунҷҳои онро чор гулдаста (бурҷ) оро медиҳанд. Ҷиҳати фарқкунандаи мақбара аз чор тараф дари даромад доштанаш ва усули хиштчинии руйи бинои он аст. Ҳуҷраи начандон бузурги гўрхона дар қисми шарқи зиёратхона воқеъ аст. Дар асри XIX дар пеши намои мақбара айвони васеъ сохтанд, ки дорои ҷаҳор шоҳсутун ва сақфи кандакорӣ мебошад.То замони мо беосеб расидани мақбара нишони ҳунари волои меъморон аст.

 

МАҚБАРАИ АҲМАДИ БУЗУРГ

Мақбараи яке аз бузургони олами ислом Аҳмади бузург дар маркази деҳаи Суҷина, 25 км шарқтари шаҳри Панҷакент ҷой гирифтааст. Он аз оромгоҳ ва мазори муталлиқи он иборат буда, аз хишти пухта сохта шудааст. Дар назди оромгоҳ масҷид низ мавҷуд аст. Мақбара ба асри XVII мансуб буда, борҳо бозсозӣ шудааст.

МАҚБАРАИ АБУЛҚОСИМИ ГЕЛОНӢ

Мақбараи орифи шаҳир Абулқосими Гелонӣ дар маркази деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ ҷойгир аст. Он ба асри XII мансуб буда, аз як ҳуҷраи хурд иборат аст. Соли 2003 мақбара бо хишти пухта бозсозӣ гардид. Дар назди мақбара масҷиди ҳамноми онҷой гирифтааст, ки мансуб ба асри XVIII мебошад.

МАҚБАРАИ АБУЛҚОДИРИ ГЕЛОНӢ

Мақбараи пешвои намоёни дини ислом Абдулқодири Гелонӣ мансуб ба асрҳои XV-XVII, ки дар деҳаи Поҷингаки Гунбази ноҳияи Истаравшан воқеъ аст. Он чоркунҷа буда, аз чаҳор тараф даромадгоҳҳои аркӣ ва дар болои онҳо панҷараҳои нақшӣ дорад. Гунбази хурди мақбара ба шарафаҳои сипаршакл такя мекунад.

МАНОРАҲО

Манораҳо асосан дар пеш ва шафати масҷиду мадрасаҳо ё дар дохили ҳавлии онҳо барои азонгўӣ сохта шуданд. Онҳо дар ибтидо аз берун зина ё поғундаи морпеч доштанд. Баъд поғундаҳоро дохили манора месохтанд. Манораҳо ҳамчун дидбонгоҳ ва нишони роҳ (мино) низ истифода мешуданд. Манорасозӣ бештар дар мамлакатҳои шарқи исломӣ маъмул буд.

МАНОРИ ҶОМ

Ёдгории меъмории охири асри XII дар деҳаи Ҷоми вилояти Ғури Афғонист     он. Баландиаш 63 м, қутри қисми поёнии танааш 8м. Асоси манора ҳашттарка ва танааш мудаввар буда, ба се ҷузъ тақсим мешавад. Қисми болоии ду ҷузъи поён бо сутундевор ва айвончаҳо ба анҷом мерасад. Дар қисми болоии ҷузъи сеюм қафасаи гунбазпўш ҷойгир аст. Танаи манораро нақшунигори гуногун, асосан гиреҳҳои ҳандасӣ ва катибаҳо оро додаанд. Танҳо дар баъзе қисмҳои танаи манора нақшҳои наботии исломӣ мушоҳида мешаванд. Нақшунигори манора якранги зарди сурхчатоб буда,танҳо дар қисми болоии ҷузъи якуми ҳалқаи катибае ҳаст, ки аз кошиҳои нилӣ таркиб ёфтааст. Манора аз ҷиҳати бандубаст, баландӣ нақшунигори мураккабу нафис ягона ва беназир аст. Ва он нишонаи давлатдории тоҷикон дар асри XII аст, ки фармони Ғиёсуддини Ғурӣ сохта шудааст.

МАНОРАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Дар ҳудуди Тоҷикистон низ дар замонҳои гуногун манораҳои бисёре сохта шудаанд, ки қисме аз онҳо то имрўз боқӣ мондаанд. Дар солҳои охир дар назди масҷидҳои ҷомеъ низ манораҳо бунёд гардиданд.

 

МАНОРАИ ВАРЗ (ВАРЗМАНОР)

Ёдгории меъмории мансуб ба асрҳои X- XII дар маркази ноҳияи Айнӣ.  Манора дар болои таҳкурсии чоркунҷаи сангин ҳаҷмаш 4х4 ва баландиаш 1,7 м аз хишти хоми 37х37х7,5 см сохта шудааст. Қисмати болоии манора хароб шуда, ҳоло баландии он 13 метрро ташкил медиҳад. Девори манора похсагӣ буда, дар ҷаҳор ҷояш ҳалқаҳои аз хишти хом чидашуда дорад. Дар дохили манора сутуне ҳаст, ки дар танаи он зинапояи морпеч васл карда шудааст.

МАНОРАИ РАРЗ

Ёдгории меъмории мансуб ба аспрҳои X- XII дар деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ. Баландии умумии он тақрибан 20 м будааст, ки ҳоло қисми боқимондаи он 10 м буда, қутраш 5 метрро ташкил медиҳад. Манора дар болои таҳкурсии сангин аз похса бунёд гардида, камарбанди хиштӣ дорад. Хиштҳо ба тарзи амудию дандонашакл чида шудаанд.

МАНОРАИ КОНИБОДОМ

Манора дар канори шарқии шаҳри Конибодом, дар назди масҷиди Хоҷаи Рўшноӣ аз хишти пухта сохта шудааст. Баландии он 24 м ва қутраш 4,2 м аст. Дар дохили манора зинаи морпеч иборат аз 60 поғунда сохта шудааст, дохили онро даричаҳо, равзанаҳо равшан мекунанд. Девори манора аз хиштҳои суфтае, ки нақшунигори ҳандасӣ доранд, чида шудааст. Ин тарзи хиштчинӣ услуби санъати меъмории манорасозии асрҳои XI- XII-ро ба хотир меоварад. Манора бо равзанаи равоқдори гунбазпўш хотима меёбад. Он дар ибтидои асри XX бунёд гардидааст.

Хоҳишмандон бо ин китоб метавонанд дар толори хониши шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд шинос шаванд.

Таҳияи Фирӯз Раҳмонов,
мутахассиси пешбари шуъбаи
хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд.