Сарсухани академик Фарҳод Раҳимӣ ба “Баргузидаи навиштаҳо”-и профессор Абдунабӣ Сатторзода

sarsuhani-akademik-farhod-rahimy-ba-barguzidai-navishtaho-i-professor-abdunaby-sattorzodaИмрӯз зодрӯзи яке аз адабиётшиносони маъруфи кишвар доктори илмҳои филология, профессор Абдунабӣ Сатторзода аст. Ба такрор овардани тарҷумаи ҳоли ишонро раво надонистем. Аммо барои шинохти бештари олими маъруф тасмим гирифтем сарсухани академик Фарҳод Раҳимӣ, Президенти АМИТ ба бахши аввали “Баргузидаи навиштаҳо”-и донишманди маъруфро ин ҷо биёварем.   

КАМОЛИ КОМИЛ

Дар охири солҳои 60 ва ибтидои 70-уми асри ХХ ба майдони адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик як гурӯҳ муҳаққиқон ва мунаққидони ҷавоне ворид гаштанд, ки дар навиштаҳояшон ҳам адабиёти гузашта ва ҳам адабиёти муосири моро баробар фаро мегирифтанд. Ба онҳо дар анҷоми ин вазифаи басо мураккаб – таҳлили равандҳо ва падидаҳои адабӣ бо дарназардошти марҳалаҳои ташаккул, таҳаввул ва такомули онҳо аз даврони пешин то замони мо огоҳии комилашон аз назариёти адабӣ ва равишҳои таҳқиқи миллӣ ва байналмилалӣ мусоидат намудааст.

Агар дар вақташ устод Садриддини Айнӣ, нахустин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, бо таълифи асари машҳури худ “Намунаи адабиёти тоҷик” (1926) ба адабиётшиносӣ ва нақди адабии навини тоҷик поя гузошта бошад, ин насл, бидуни шак, оғозгари марҳалаи нави рушди адабиётшиносӣ ва нақди адабии ростини тоҷик ба шумор мераванд.

Илова бар ин, бахт низ ёри ин насли ҷавони муҳаққиқон ва мунаққидони тоҷик гардида буд, ки роҳбарони маънавие чун профессор Шарифҷон Ҳусейнзода ва академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ доштанд ва аз дастгирию пуштибонии шахсиятҳои барҷастаи миллӣ аллома Бобоҷон Ғафуров ва зиндаёд Мирзо Турсунзода бархурдор буданд.

Яке аз сарҳалқагони ин насли ҷавони адабиётшиносон ва мунаққидони тоҷик, барҳақ, доктори илми филология, профессор Абдунабӣ Сатторзода мебошад. Тасодуфӣ набуд, ки узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ дар сарсухане, ки ба маҷмӯаи мақолаҳои ӯ “Нуқтаи пайванд” (1982) навишта буд, ба мушоҳида гирифтааст, ки ба муаллиф “муяссар шуда истодааст, ки мураккабтарин масъалаҳои адабиёти классикии форсу тоҷик ва проблемаҳои протсеси ҷории адабиро ба тарзи ҳайратангез ба ҳам наздик оварда ва алоқаманд карда, ба савияи баланди илмӣ, гоҳ ба савияи умумииттифоқӣ ҳал намояд”.

Дорои “савияи баланди илмӣ” ва комилан навоварона будани таълифоти адабиётшиносӣ ва нақди адабии профессор Абдунабӣ Сатторзода аз ҷиҳатҳои мумтози фаъолияти илмӣ ва амалии ӯ мебошад. Вай тавонистааст, ки дар рисолаи арзишманди хеш “Таърихчаи назариёти адабии форсии тоҷикӣ” (2001) барои бори нахуст на танҳо дар адабиётшиносии муосири тоҷик, балки дар шарқшиносии ҷаҳонӣ таърихи назариёти адабии форсии тоҷикиро ба низоми (системаи) муайяни илмӣ дароварда, онро марҳалабандӣ ва таҳлил намояд.

Дар бораи арзиши илмии фавқулодаи асари дигари муҳаққиқ “Арасту ва назариёти адабии форсии тоҷикӣ (IХ-ХV)” (2002, ба забони русӣ), ки дар вақташ ҳамчун диссертатсияи докторӣ пешниҳод шуда буд, яке аз муқарризони расмии он шарқшиноси маъруфи рус, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон И.С. Брагинкий гуфта буд, ки: “Есть научные проблемы и гипотезы над которыми ученые думают и спорят годами, а иногда и столетиями. Проблема влияния “Поэтики” Аристотеля на становление теоретической мысли народов Востока относится к их числу. Хотя она ставилась еще в конце прошлого столетия, однако до сих пор остается не решенной, остро дискуссионной. Актуальность и новизна диссертации А. Сатторова заключается в том, что она по существу является первой попыткой положительного решения проблемы влияния “Поэтики” Аристотеля на литературоведческую мысль Среднего Востока” (1985). Ва муқарризи расмии дигари рисолаи мазкур донишманди номии тоҷик профессор Расул Ҳодизода эътироф намуда буд, ки “умқи таҳлили илмӣ ва бархӯрди равишшиносии саҳеҳ ба ҳаллу фасли масъалаҳои мураккаби таърихию назарии илми адабиёти тоҷикӣ ин рисолаи докториро яке аз асарҳои бунёдии адабиётшиносии мо месозад ва саҳми арзандае дар илми ватанӣ мебошад”.

Дар китоби “Такмилаи бадеъи форсии тоҷикӣ (Дар заминаи навиштаҳои пешиниён ва имрӯзиён)” (2011) бори нахуст дар адабиётшиносии муосири дунё сайри таҳаввули санъатҳои бадеъии лафзӣ ва маънавӣ, истилоҳоти адабӣ ва айбҳои шеърӣ бар асоси ҳамаи таълифоти дастраси бадеънигорони Аҷам баён гардида, бо такя бар таҳқиқоти адабиётшиносони кунунӣ ва бодарназардошти амалияи адабии гузашта ва имрӯза назари имрӯзӣ дар замина ироа шудааст, ки, ба эътирофи мутахассисони соҳа, дар зоти худ назир надорад.

Ба сифати марҷаъи илмии боэътимод эътироф гардидани таълифоти профессор Абдунабӣ Сатторзода дар ҳавзаи таҳқиқи адабиёти форсии тоҷикӣ ва конунҳои муътабари илмии ҷаҳонӣ гувоҳи равшани он аст, ки саҳми ӯ дар рушди илми муосир назаррас мебошад. Бо вуҷуд омадани силсилаи тақризу мақолаҳои ҷудогона ва гуфта ва навиштаҳои олимони маъруфи хориҷӣ, аз қабили профессорон И.С. Брагинский ва В. Б. Никитина, академикҳо В.В. Наумкин, А.Б. Куделин ва Г.И.Чуфрин, д.и.т. И.Д. Зегалская ва н.и.ф. Н.Ю. Чалисова (Русия), Акрам Ҷаъфар, Аббосалӣ Гулиев ва Тарлан Гулиев (Озарбойҷон), проессор Гурген Меликиён (Арманистон), академик Воҳид Абдуллоев, профессорон Шоислом Шомуҳаммадов ва Ботурхон Валихоҷаев (Ӯзбекистон), доктори илми фалсафа Н. Сагендикова (Қазоқистон), Пуҳонд Абдулқаюми Қавим ва Назармуҳаммади Беҳрӯз (Афғонистон), доктор Ҳаддоди Одил, доктор Алиасғари Шеърдӯст ва Ҳасани Қарибӣ (Эрон), Ҳаролд Сандерс ва Том Гуттиер (Амрико) дар бораи асарҳо ва фаъолияти илмӣ ва амалии ин донишманди тоҷик дурустии қазияи болоро тасдиқ мекунанд.

Фаъолияти илмӣ ва амалии профессор Абдунабӣ Сатторзода дар заминаи илмҳои гуногун – адабиётшиносӣ, таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ, назарияи шеър, поэтика, нақди адабӣ, забоншиносӣ, сиёсати хориҷӣ, фарҳангшиносӣ ва диншиносӣ буда, то ҳол 24 китобу рисола ва дар ҳудуди 500 мақолаи илмиаш ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, чиноӣ, ҷопонӣ, пушту, ӯзбекӣ, қазоқӣ ва ба алифбои арабиасоси форсӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Маскав, Киев, Тошканд, Олмати, Боку, Ереван, Лондон, Стокҳолм, Севул, Деҳлӣ, Карочи, Берлин, Пекин, Токио, Кобул, Теҳрон ва ғайри онҳо чоп шудааст.

Китобу маҷмӯаҳои профессор Абдунабӣ Сатторзода “Нуқтаи пайванд (Баъзе масъалаҳои инкишофи шеър ва нақди адабӣ) (1982), “Таърихчаи назариёти адабии форсии тоҷикӣ” (2001), “Арасту ва назариёти адабии форсии тоҷикӣ (асрҳои 1Х-Х) (2002, ба забони русӣ), “Кӯҳна ва нав (Дар шеър, нақд ва забон) (2004, ба алифбои сирилик; 2006, ба алифбои форсии арабиасос), “Дипломатияи муосири тоҷик” (2006, дар ҳамқаламии академик Талбак Назаров), “Адабиёти тоҷик (Китоби дарси синфи 8)” (2009, 2015 ва 2018), “Дипломатияи порлумонӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000-2010)” (2010, бо ҳаммуалифии Муҳаммадато Султонов), “Такмилаи бадеъи форсии тоҷикӣ (Дар заминаи навиштаҳои пешиниён ва имрӯзиён)” (2011), “Аз Рӯдакӣ то Лоиқ” (2013), “Диплумосии муосири Тоҷикистон” (Кобул, 2013, дар ҳамқаламии академик Талбак Назаров, ба забонҳои дарӣ ва пушту), “Назариёти адабии Абдурраҳмони Ҷомӣ” (2014), “Масъалаҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон: бисёрсамтӣ дар амал” (2014, ба забони русӣ), “Арзишҳои Ваҳдати миллӣ” (2017), “Шеъри нағз (Баёзи шеъри форсии тоҷикӣ дар 70 соли охир)” (Теҳрон, 2019) ва ғ., бидуни шубҳа, аз дастовардҳои назарраси илми муосири тоҷик эътироф шудаанд.

Яке аз тарҳҳои илмии бисёр муҳим ва арзишманде, ки дар ин чанд соли охир бо роҳбарии мудири шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Абдунабӣ Сатторзода амалӣ гардид, таълифи “Таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ (Аз Давраи бостон то ибтидои асри ХХ)” дар 6 ҷилд мебошад. Зарурати таълифи чунин таърихи мукаммали илмӣ ва усулиро Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ 5 октябри соли 2010 таъкид карда буданд ва ба Академияи илмҳо ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон супориш дода буданд, ки “китоби таърихи адабиёти тоҷик нашр карда шавад”. Феълан ҷилди аввали китоби мазкур ба табъ расида, таълифи ҷилдҳои боқимонда ба охир расидааст.

Барандаи Ҷоизаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Ҷоизаи адабии ба номи Садриддини Айнӣ профессор Абдунабӣ Сатторзода, ки ба забонҳоитоҷикӣ ва русӣ менависад, дар арафаи синни мубораки 80-солагиаш ният кардааст, ки баргузидаи навиштаҳояшро танҳо дар заминаи адабиётшиносӣ, нақди адабӣ ва забони тоҷикӣ дар 7 бахш ба нашр омода бисозад. Ман бовари комил дорам, ки нашри мазкур аз тарафи аҳли илму адаби тоҷик, хонандагон ва алоқамандони таълифоти донишманди маъруфи тоҷик дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон ба хушӣ пазируфта хоҳад шуд.

Академик Фарҳод Раҳимӣ,
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон