Библиография таҳкурсии соҳаи китобдорист

bibliografiyaАз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки навъҳои иттилооти библиогарафӣ замонҳои хеле қадим пайдо шудааст. Дар даврони қадим библиография танҳо барои аҳли зиё аз ҷумла, барои олимон нависандагон ва китобдорону китобфурӯшон як манбаъи фаъолият буд.

Таърихнигорон зикр намудаанд, ки аввалин китобхонаҳо дар асри сеи пеш аз милод бунёд гардидаанд. Аз ҷумла, аввалин китобхона дар асрҳои пеш аз милод дар Шумери Қадим ба фаъолият оғоз намудааст

Ёдовар мешавем, ки тасвири иттилоотии библиографӣ дар китобхонаҳои шоҳони Шумер дар сандуқҳои калон ва дар сабатҳои сарпўшшуда, дар лавҳаҳои гилӣ нигоҳ дошта мешуданд, ки матн ва мӯҳтавои онҳо бо ҳарфи мехӣ навишта шуда буданд. Таърихнигорон дар рисолаҳои таърихиашон овардаанд, ки фонди ин гуна китобҳо хело калон буд.

Аз ҷониби бостоншиносон ва муаррихон, ки дар китобхонаҳои ибодатгоҳии Нишопур 54 ҳазор лавҳаи гилин пайдо шуд, ки ба ҳазораи 4-3 пеш аз мелод талуқ доранд.

Ҳамин тавр, дар Лагаш (шаҳри қадимӣ дар қаламрави шумериҳои бостон) аз тарафи бостоншиносон 20 ҳазор лавҳа дарёфт гардид. Ин санадҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки иттилооти библиографӣ дар таърих собиқаи қадима дорад. Ҳанӯз дар даврони қадим дар китобхонаҳои Шумер роҳҳои мушкилоти соҳаи китобдориро ёфта буданд.  Онҳо дар сандуқ, ё сабатҳои пӯшида лавҳаеро бо ришта овезон менамуданд, ки дар он руйхати он китобҳое буданд, ки дар дохили сандуқ ё сабат нигоҳдорӣ мешуданд. Хонанда барои дарёфти китобҳо аз он феҳрестҳо истифода мебурд, ки онҳо аввалин феҳрести китобхонавӣ ба шумор мерафтанд. Алакай мо аз ин хуллоса мебарорем, ки иттилооти библиогарфӣ дар замонҳои хело қадим ҳамин гуна ба роҳ монда мешушудааст. Дар замони шоҳии Ошӯр Ошўрбонипол дар китобҳонаи Найнаворо дар асри 4 пеш аз милод феҳристи китобҳо ба дараҷаи аъло расида буд, ки таърих онро бозгӯ намудааст. Ҳамчунин дар шаҳри Эдфу (шаҳре дар соҳили  ғарбии рӯди Нил)-и Мисри қадим китобхонае ба номи Хонаи Папирус фаъолият доштааст, ки то ҳанӯз бинои он ҳифз шудааст. Феҳристи мунтазами он китобхона аз тарафи олимону китобдороне, ки дар он ҷо кору фаъолият менамуданд навишта шуда, то ҳол он феҳрист дар девори сангини ин бино овехта шуда аст.

Бузургтарин китобхонаи Мисри даврони Элинӣ китобхонаи Искандария ба ҳисоб меравад. Дар асри сеи пеш аз милод яке аз китобдорони машҳури китобхонаи Искандария олими шинохта ва шоири тавонои он замон Калимах бузургтарин асари таърихӣ ва адабиро таҳти унвони «Ҷадвали шахсони машҳур ва соҳаи гунонуни дониш” (он чиро ки онҳо навиштаанд) таҳия намудааст. Ҷадвали Калимах мутаассифона то давраи мо боқӣ намондааст. Аз руйи маълумоти тарихнигорон феҳристи мураттаби Китобхонаи Искандарияро, ки аз ҳашт як ҳиссаи фонди китобхонаро ташкил медиҳад, фаро гирифта буд. Калимах бо ташаббуси ягонаи худаш тамоми адабиёти Юнонро, ки дар он замон фаъолият дошт, новобаста аз макони нигоҳдориаш ба қайд гирифта буд. Ҷадвали машҳури Калимах ду самти асосии рушди иттилоотии библиографиро ба ҳам муттаҳид намуда буд: якум феҳристҳои самти нахустин ва истифодакунандаи асосии робитаи иттилоотии библиографӣ ба фонди китобхонаи муайян ва дуюм феҳристи асноди зикршударо новобаста ба меъёри нигоҳдорӣ нишон медиҳад. Ин иқдом аз ҷониби тамоми китобдорони олам хуб пазируфта шудааст. Ёдовар мешавем, ки пеш аз рўйхатти иттилоотии Калимах бо гунонгунии шаклу мундариҷа осори библиографии «Дидаскалиҳо-и Арасту дар асри 4 то милод мебошад. Дар ин асари машҳур осоре фароҳам оварда шудааст, ки дар шаҳри Афина ба намоиш гузошта шуда буд. Дар Руми қадим ҳам осори библиографӣ як навъ осорномаи олимони барҷаста ба ҳисоб мерафтанд. Яке аз олимони машҳури он замон Ситсерон ва табиби ҳозиқ Гален рўйхатти осори худашонро таълиф намуданд.

bibliografiyaТаърихи Китобдорӣ ва бунёди китобхонаҳо дар аҷдодони тоҷик баробари пайдо шудани забонҳои бохтарӣ, хоразмӣ, портӣ ва оромӣ шуруъ шуда буд. Хатти мехӣ ва навиштани китобҳо бо хатти мехӣ дар асри шаши пеш аз милод дар аҳди Ҳахоманишҳо гусариш ёфта буд. Сарчашмаҳои таърихӣ иттило медиҳанд, ки шукӯҳ ва шаҳомати Китобхонаҳои даврони аҳди Ҳахоманишҳо дар шаҳри Переополис аз ҷониби Куруши Кабир сохта шуда буд, ки бениҳоят баланд буд.

Дар махзани ин Китобхона китоби муқаддаси аҷдодони мо «Авесто», ки аз 12 ҳазор пўсти гов бо ҳарфҳои заррин навишта шуда буд, нигоҳдорӣ мешуд.

Баъд аз истилои Искандар дар ҳама ҷо хатти Юнонӣ ҷорӣ шуда буд. Дар замони ҳукмронии Канишкаи Бузург бо фармони махсуси ӯ забони юнонӣ аз байн бурда шуда, ба ҷойи он забони бохтарӣ забони давлатӣ элон шуд. Вале истифодаи ҳуруфоти юнонӣ то истилои Осиёи Миёна аз ҷониби арабҳо боқӣ монд. Ибни Надим дар «Ал – феҳрест» нахустин касе ҳаст, ки аз китохонаҳои даври Бостон ёд мекунад. Вай чунин навиштааст: « Пас аз он, ки Искандар ба Форс дар тахти Дориюш даст ёфт, Ганҷинаҳои дониши онро, ки ба забони паҳлавӣ дар сангҳо ва дар лавҳаҳо аз донишҳои мухталифи тибби пизишкӣ навишта шуда буданд, бо фармони ӯ ба забони юнонӣ баргардон шуданд. Ҳамзамон онҳоро бо Миср фиристод, то дар китобхонаҳои Искандарӣ нигоҳдорӣ шаванд.

Ибни Надим аз ду китобхонаи дигар ҳам дар замони Сосониён ёд мекунад. Яке китобхонаи Ардашери Бобакон ва дигаре Китобхонаи Анӯшервон дар Гунди Шопур барои донишгоҳи он ҷо сохта шуда буд. Дар замони давлати Сосониён китобдорию китобхонӣ ба дараҷаи аъло рушд ёфта буд. Дар ин замон дар дарбори Сосониён Академияи улум таъсис дода шуда буд. Ин Акдемия улумро Гунди Шопур ном мебурданд. Дар даромадгоҳи он навишта шуда буд, ки «Донишу хирад тавонотар аз шамшер аст». Дар ин Китобхонаҳо китобҳои нодиру қадима ҷамъ оварда шуда буданд. Ин Китобхона дорои 250 ҳуҷраи пур аз китоб бо забонҳои паҳлавӣ, бохтарӣ, хоразмӣ ва суғдӣ буданд. Ки дар таърих ҳамчун калонтарин китобхона ёдовар шудааст.

Баъдтар дар замони Сомониён Китобхонӣ рушду нумӯъ ёфта, беҳтарин китобхона ба номи “Савонеҳ-ул-ҳикма” дарашро ба руйи муштариёнаш боз намуд. Ёдовар мешавем, ки ин Китобхона барои оммаи меҳнаткашон дасраст набуд. Аз он танҳо ашрофзодагон дарбориёни Шоҳ истифода мебурданд.

Таърихнигорон овардаанд, ки Ибни Сино баъд аз табобат намудани Шоҳи Сомонӣ дар ивази хидматаш ба ин Китобхона роҳ меёбад.

Дар ин замон пайдоиши асарҳои соҳавӣ ва асарҳои мухталиф боис шуданд, ки библиографияи тоҷик арзи вуҷуд намоянд. Ин дар осори Ибни Сино, Ибни Надим ва Абурайҳони Берунӣ дида мешуд. Бояд зикр намоем, ки дастурҳои он замон таҳияшуда то асри 19 ба се гурӯҳ ҷудо мешуданд. Якум, истиноди библиографӣ, шакли хеле паҳншудаи иттилооти библиографист, ки аз рӯйи зиёд шудани китобҳои илмӣ ва соҳавии динӣ истифода шудааст. Дуюм, дастурҳои библиографии дохиликитобӣ. Ин шакли дастури библиографӣ бештар дар рисолаҳо ва дар китобҳои шарҳиҳолӣ иникос меёбад.

Ба ин шакл “Рисолаи саргузашт”-и Ибни Сино ва феҳристи китобҳои Закариёи Розӣ ва Абурайҳони Берунӣ мансуб мебошанд.

Сеюм, дастурҳои алоҳидаи библиографӣ. Оид ба теъдоди шакли ин дустурҳои библиографӣ маълумоти мушаххас вуҷуд надорад.

Бояд гуфт, ки дастури алоҳидаи библиографӣ дар асарҳои Ибни Сино ва Ибни Надим риоя шудааст.

Дар асри 12 дар Аврупо Донишгоҳҳо ва китобхонаҳои замонавӣ таъсис дода шуданд, ки осори китобҳои рўйнависшуда беҳтарин осори библиографии беғалат дар таърих ном бурда шудаанд.

Дар шаҳрҳо беҳтарин дастгоҳҳои нусхабардорӣ пайдо шуданд. Дар ҳамин давра теъдоди китобҳои дастнависи нусхабардошришуда аз китобҳои дунёи қадим зиёд шуданд.

Рӯйдоди дигари таърихӣ дар Аврупо ба вуҷуд омад, ки дунёро ба ҳайрат гузошт. Яъне аз ҷониби олимон ва ихтирокорон дар ин ҷо дастгоҳҳои чопи китоб ихтироъ шуданд, ки бори аввал ба кор бурда шуданд. Дар ҳамин асно савдои китоб ва фурӯши он аз рӯйи феҳрести мураттабшуда ба роҳ монда шуд. Бори аввал дар таърихи башар соли 1564 дар шаҳри Франгфурди Олмон намоши фурӯши китоб бо феҳрести муратаби тартибдодашуда ба роҳ монда шуд. Ин нахустин сарчашмаи библиографии савдои китоб дониста шуд.

Барои итилоотӣ библиографиро хубтар ва амиқтар дарк карданамон бояд таърифи содаю мухтасари онро донем.

“Иттилои библографӣ иттило доир ба аснод буда бо мақсади маълумот додан оид ба аснод, ҷустуҷӯи онҳо, тасвир ва тарғиби онҳо омода шудааст

Бояд ёдовар шавем, ки баробари пайдо шудани иттилоотӣ библиографӣ фаъолияти библографӣ ба роҳ монда шуд.

Дар аввал фаъолияти библиографӣ хусусияти ғайрикасбӣ тасодуфӣ ва мувақатӣ дошт.

Ба ин соҳа олитмон шоирон нависандагон китобдорон муроҷиат мекарданд. Гоҳҳо барои истифодаи саривақтии он шахсони босавод ҷалб мешуданд.

Аз сабаби таваҷӯҳ зиёд шудан ба ин касб библография ба соҳаи алоҳида табдил дода шуд. Дар Тоҷикистон баъд аз солҳои 40 – уми асри гузашта библография ҳамчун касби алоҳида дар доираи китобдорӣ ва савдои китоб рушд кард.

Таърих собит месозад, ки ҷомеаи башарӣ барои такомули афкору ҷаҳонбинӣ ҳамеша ниёзи маънавӣ ба китобу мутолеа дорад. Зеро, ба қавли ҳакими юнонӣ Суқрот “Ҷомеа ҳамон вақте ба фарзонагӣ ва саодат ноил мегардад, ки кори рӯзонааш мутолеаи китоб бошад”.

Баъд аз солҳои 40 уми асри гузашта соҳаи библиография рушд ёфт. Як зумра занони тоҷик дар ин солҳо фаъолияти китобдориашонро оғоз намуда, мояи ифтихори мо гардида, дар таърихи китобдории тоҷик номашонро ҳамчун китобдори содиқ ва билиографшиноси варзида сабт намуданд.

Бо ифтихор ёдовар мешавам, ки Малоҳат Маҳмудова Мудири китобхонаи мактабии шаҳри Конибодаом аз соли 1946 то соли 1967 дар соҳаи китобдорӣ содиқона кору фаъолият намуда, касби китобшиносии худро дақиқу саҳеҳ ба роҳ монд. Ӯ мояи ифтихори занони тоҷик дар замони Шӯравӣ гардид. Таҷрибаи китобдории ӯро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми қаламрави Шӯравӣ мавриди омӯзиш қарор доданд.

Лола Шерова китобшиноси дигари тоҷик соли 1965 шуъбаи китобдории Иниститути давлатии шаҳри Тошкандро хатм намуда, 20 сол сарварии китобхонаи шаҳри Хоруғро ба ӯҳда дошт. Дар ин солҳо соҳаи китобдорӣ дар китобхонаҳои ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хуб ба роҳ монда шуда буд.

Зани дигари тоҷик Нуринисо Бобоҷонова аз соли 1965 ин ҷониб 20 сол директори Китобхонаи Фирдавсӣ буд, ки дар солҳои роҳбариаш фаъолияти китобхона назаррас буд.

Бо дасгирӣ ва ба пуштибонии ӯ дастурҳои зиёди библиографӣ таҳия шуда буданд. Ин дастурҳои билиографӣ бори аввал бо ташаббуси ҳамсари нависандаи маъруфи тоҷик Ҷалол Икромӣ, Саодат Икромӣ, ба дасти чоп расиданд.

Имрӯз баробари рушди ҷомеъа ва татбиқи технологияҳои пешқадами итилооти библиографӣ аз лавҳаҳои гилин, ки дар биноҳо барои иттило ҷамоварӣ ва нигоҳдорӣ мешуданд, ба китобҳои махсус ва ҳатто тариқи электронӣ тартиб дода шудаанд, ки мо онҳоро дар хотираи телефонҳои мобилӣ ворид намуда, мехонем.

Дар замони истиқлолият шуъбаи Библиографияи миллӣ рушд ва нумўъ ёфт. Бо ташаббусу дасгирии директори Китобхонаи миллӣ Файзализода Ҷуъмахон Хол ва ба ибтикору маслиҳати муттахассиси соҳаи библиографӣ муовини директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов ва бо заҳмату талошҳои кормандони шуъбаи библиографи миллӣ, хосса ба хизмату пайгирии мудири шуъба Наргис Валиева якчанд дастурҳои библиографӣ ва китобҳои шариҳолии шоирону нависандагон ва олимони мӯътабари тоҷик ба чоп расиданд.

Ёдовар мешавем, то одаму олам ҳаст, иттилооти библиографӣ баробари чопи китобҳои нав барои муштариёни илму дониш чун маводи зарурию даркори боқӣ мемонад.

 

Ҷалолуддин Нурзода,
муовини директори Муассисаи давлатии
“Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон.