Се нафар собиқадорон сазовори унвони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуданд

Дирӯз боз се нафар аз кормандони собиқадори Китобхонаи миллӣ сазовори унвони фахрии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” шуданд ва дар як нишасти тантанавӣ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор  Ҷумахон  Файзализода шаҳодатномаҳоро ба онҳо тақдим намуд. Фирӯза Аҳророва – муовини сардори шуъбаи кӯдакон ва наврасон, Зӯҳро Забирова – сардори шуъбаи хизматрасонии библиографӣ ва Азиза Назарова -сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон, ки муддати тӯлонӣ  дар сохторҳои мухталифи давлатӣ ифои вазифа намуда, зарфи бештар аз даҳ соли охир аз ҷумлаи кормандони Китобхонаи миллӣ буданд, бо ҳамин унвони ифтихорӣ қадрдонӣ шуданд.

 

Аълочиёни нави фарҳанг кистанд?

 

Аҳророва Фирӯза Ғанибоевна, духтари навис андаи маъруф марҳум Ғанӣ Ҷӯразода, ки  соли 1984 Институти педагогии забону адабиёти РСС Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода) – ро бо ихтисоси забон ва адабиёти рус хатм намудааст.

Баъди хатми Донишкада муддати 29 сол дар мактабҳои гуногун саргарми кори таълиму тадрис аз фанни забону адабиёти рус буд.  Аз моҳи июли соли 2013 ба вазифаи мутахассиси шуъбаи хизматрасони ба муштариёни Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъйин гардида, то моҳи сентябри соли 2015 дар ҳамин вазифа кор кард. Баъдан тариқи гузариш дар вазифаи мутахассиси пешбари бахши кўдакон ва наврасон ва имрӯз муовини сардори шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад.

Фирӯза Аҳророва тўли ҳашт соли фаъолияти корӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон худро ҳамчун мутахассиси кордон, соҳибтаҷрибаю баландихтисос нишон дода, донишҳои омўхта ва таҷрибаи азхудкардаашро самаранок истифода мебарад. Ў дар корҳои ҷамъиятӣ ҳиссагузор аст. Нисбат ба худ серталаб мебошад. Аз ҳар корманд дар иҷрои вазифаи бар дўш дошта муносибати ҷиддиро талаб менамояд. Дар баррасии масъалаҳо ва ҷамъбасти супоришҳо бевосита иштирок намуда, хулосаҳои дақиқи худро пешниҳод менамояд.

 Вай пайваста дар рушду нумўи соҳаи китобдорӣ, хусусан вобаста ба таълиму тарбияи насли наврас, баланд бардоштани савияи дониши кўдакон тавассути машғулиятҳои амалӣ, шавқу ҳавас ва рағбати кўдаконро ба хондану мутолиаи китоб бедор кардан, шинохтани муқаддасоти миллӣ тавассути хондану расмкашӣ, чӣ тавр муносибат кардан бо мавҷудоти табиат ва ғайра саъю талош менамояд.

Дар таҳияи феҳристи электронӣ, омўзиши забони русӣ, барои омода намудани кўдакон дар таҳияи барномаҳои телевизионӣ,  қабули маводи шуъба, хизматрасонӣ ба муштариёни толори шуъба, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди соҳа бо ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ, шахсони алоҳида, ташкили чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, вохўриҳо бо шоиру нависандагон саҳмгузор буда, супоришҳои бар дўш доштаро бо масъулияти баланд ба анҷом мерасонад.

  Забирова Зуҳро Захваровна соли 1984 Донишкадаи давлатии санъати РСС Тоҷикистонро (ҳоло Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода) бо ихтисоси китобдор-китобхонашиносӣ хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро аз моҳи сентябри соли 1984 ба ҳайси мураббии боғчаи бачагонаи №12-и шаҳри Душанбе оғоз карда, аз соли 1988 китобдори мактаби миёнаи №49-и шаҳри Душанбе,  солҳои 1988-1989 котиби Кумитаи комсомолии Омўзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе, солҳои 1989-1990 инструктори шуъбаи ташкилоти комсомолии ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе, солҳои 1990-2001 китобдори Донишкадаи давлатии педагогии ба номи  Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ), солҳои 2001-2002 лаборанти калони шуъбаи Шарқи муосири Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон, солҳои 2002-2004 менеҷери ҶСП «Копи-центр» дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия, солҳои 2004-2006 фурўшандаи Мағозаи «Ғулом» кор кардааст.

 Аз моҳи апрели соли 2012 ба вазифаи мутахассиси шуъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъйин гардида, баъдан тариқи гузариш ба вазифаи сармутахассиси ҳамин шуъба ва аз соли 2017 то инҷониб дар вазифаи сардори шуъбаи хизматрасонии библиографӣ кору фаъолият дорад.

Зӯҳро Забирова дар давоми зиёда аз нуҳ соли фаъолияти корӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар рушду нумўи соҳаи китобдорӣ, алалхусус дар назорату коркарди фондҳо, тафтиши феҳристҳо, барқарор намудани баргаҳои фарсудашуда, барои таъмиру тармим ҷудо намудани китобҳо, омода намудани дастури библиографии маълумотномаҳои бароришашон аз солҳои 2012 то 2019 ва ғайра саҳмгузор мебошад.

Қобили зикр аст, ки тибқи вазифа Зӯҳро Забирова ҳамарўза бо олимону муҳақкиқон, омўзгорону дигар муроҷиаткунандагон сару кор дорад. Дар муносибат бо онҳо бо лаҳни хушу рафтори оқилонаву хоссае муомила намуда, кўшиш менамояд, ки талаботи онҳоро иҷро кунад.

 

Назарова Азиза Каюмовна соли 1984 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) бо ихтисоси ҳисобгирии бухгалтерӣ хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро аз моҳи сентябри соли 1984 ба ҳайси сармуҳосиби шуъбаи Бонки давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Куйбешев (ҳоло ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ)  оғоз карда, то моҳи сентябри соли 1989 кор кардааст.

Соли 1990 дўзандаи Фабрикаи 50-солагии Тоҷикистон, солҳои 1990-1994 коргузори боғчаи бачагонаи №107-и шаҳри Душанбе, солҳои 1994-1999 коргузори мактаби миёнаи №43-и шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Солҳои 1999-2000  дар вазифаи иқтисоддони Агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2000-2001 дар мансаби мутахассиси пешбари Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа менамояд.

Аз моҳи январ то моҳи июли соли 2004 дар вазифаи муҳосиби Почтаи Душанбе, солҳои 2004-2012 нозири шуъбаи кадрҳои Идораи хоҷагии манзилию коммуналии №14-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолият кардааст.

Аз моҳи апрели соли 2012 ба вазифаи сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъйин гардида, то ба ҳол кору фаъолият дорад.

Қобили зикр аст, ки Азиза Назарова пайваста дар рушду нумўи соҳаи китобдорӣ, хусусан ташкили фонди шуъба, гўшаи ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби шахсони имконияташон маҳдуд, дар таълиму тарбияи насли ҷавон,  баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон  ва ғайра саъю талош менамояд.

Ҳамкоронамонро ба дарёфти унвони фахрӣ муборакбод мекунем ва барояшон беҳтарин хушиҳои оламро таманно дорем.