Шамсиддин Солеҳов. Устод Айнӣ ва воқеияти замон
Праблемаи инсон ва замон, шахс ва таърих, иртиботи мутақобилаи онҳо аз ҷумлаи масоили бунёдии баҳсҳои фалсафӣ ва умуман илмҳои ҷомеашиносии муосир маҳсуб меёбад. Ин баҳсҳо махсусан баъди инқилоби бузурги Фаронса ва суръат гирифтани ҳаракатҳои инқилобию озодихоҳӣ дар кишварҳои Шарқу Ғарб хеле авҷ гирифт. Кансепсияи марксистии шахс ва таърих, нақши шахсият дар идоракунии равандҳои таърихию иҷтимоӣ ва сиёсӣ натиҷа ва яке аз бардоштҳои илмии мубоҳисаҳои зикргардида мебошад, Ҷомеашиносон ба иллати ба буҳрони илмию пажўҳишӣ дучор гардидани таълимоти марксистӣ дар баробари консепсияҳои дигари иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии он аз консепсияи номбурда ва онро ҳамчун андешаи илмии куҳнашуда аз доираи баҳсҳои илмию фалсафӣ берун карданд.
Масъалаи воқеияти илмӣ доштани консепсияҳои илми номбурда мавзўи баҳсҳои фалсафа ва ҷомеашиносӣ мебошад. Инҷо мехоҳем таваҷҷуҳи аҳли назарро ба як андешаи ҷолиби файласуфи бузурги олмонӣ Гегел дар мавриди нуфузи адабиёт ва ҳунар дар марҳилаи гардишҳои иҷтимоию сиёсии нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX ҷалб намоем. Файласуфи олмонӣ равандҳо ва рақобатҳои фалсафа ва адабиёту ҳунарро дар замони худ ба мушоҳида грифта, тадриҷан ҷойгузини тафаккури фалсафӣ гардидани тафаккури бадеию ҳунариро дар давраҳои баъдӣ равшан пешгўӣ намуда буд.[1] Ин падида аслан аз равандҳои сиёсию инқилобии давраи зиндагии файласуфи олмонӣ сарчашма мегирад.
Матни комили мақола: Маколаи устод Солехов