Шарҳи истилоҳ. Корбурди вожаи “композитсия” дар мавридҳои гуногун

Композитсия (аз лотинии сomposition) – тасниф, тартиб додан, эҷод кардан, пайвастан, бандубаст ва алоқаву муносибати унсурҳои мухталиф дар асари бадеӣ. Композитсия ба тақозои мавзуъ ва нияти эҷодии санъаткор равобити мантиқӣ ва табиияти ҷузъ, қисм ва бобҳои асари бадеиро таъмин менамояд. Мазмуну мундариҷа вобастаи созмони асар буда, барои равшан ифода ёфтани ғояи он ёрӣ мерасонад.

Дар адабиёт композитсия созмон, тартиб ва робитаи воситаҳои гуногуни шакли бадеӣ дар асар мебошад. Композитсия аз: ҷобаҷогузорӣ ва муносибати хислатҳо (композитсия ҳамчун “маҷмуи образҳо”), ҳодисаҳо ва амалиёт (композитсияи сюжет), ҳикояҳои замима ва руҷуъҳои лирикӣ (композитсияи унсурҳои ғайрисюжет), тарзу тариқи нақлу ҳикоят, ҷузъиёти шароиту муҳит, амалиёти таассурот (композитсияи ҷузъиёт) иборат аст.

Композитсияи шеър, хусусан шеъри лирикӣ махсус буда, дар он таносуб ва рабти воҳидҳои вазн (рукнҳо, мисраъҳо, бандҳо), порчаҳои тараннумӣ ва оҳангҳо, инчунин воҳиди маъноӣ (мавзуъҳо мӯҷибот, образҳо) ба назар гирифта мешаванд.

Дар санъатҳои пластикӣ (ҳайкалтарошӣ, кандакорӣ, рақс) композитсия ҳолати махсус ва алоҳидаи шакли бадеиро муттаҳид ва ҷобаҷо намуда (равобити таҷассуми воқеӣ ва хаёлии фазову ҳаҷм, мувозинату таносуб, тафовути ҷузъӣ ва куллӣ, пешомад, гурӯҳбандӣ, истифодаи рангҳо ва ғ.), гурӯҳбандию сохти асар ва таносуби онро ба муҳиту бинанда таҷассум менамояд.

Дар меъморӣ композитсия таносуби принсипҳои ғоявию бадеӣ, таъинот, хусусиятҳои конструктивӣ, мавқеъ ва мақоми биноҳо, иншоот ва маҷмӯи онҳоро зимни шаҳрсозӣ дар бар мегирад. Композитсия намуди умумии шаҳр, таносуби ансамбли меъморӣ, архитектоника ва гурӯҳбандии бино, иншооти алоҳида ё маҷмӯи иншоотро муайян мекунад. Дар санъати тасвирӣ композитсия таҳия ва равобити мушаххаси ҷанбаи ғоявӣ, сюжет ва мавзӯи асар бо ҷобаҷогузорӣ ва бандубасти шаклҳо дар фазо, муқаррар намудани таносуби ҳаҷм, андоза, равшанию тирагӣ, омезиши рагҳо ва ғайра мебошад. Дар илми адабиётшиносӣ ба ҷои композитсия баъзан истилоҳи “архитектоника” истифода мешавад ва баъзе муҳаққиқон байни онҳо тавофут нагузоштаанд. Композитсияро “мантиқи инкишофи мавзуъ” (К. Федин) ва “мантиқи тафаккури муаллиф роҷеъ ба мавзуъ” (Л. Леонов) номидаанд, ки ин суханҳо вазифа ва мазмуну моҳияти онро боз ҳам саҳеҳтар гардондаанд. Дар композитсия эпиграф мақоми муайян дорад ва он дар қисму боб ва ҷилдҳои асар ба сифати муқаддима омада, барои кушодани мақсаду нияти эҷодии муаллиф ёрӣ мерасонад ва муносибати ӯро бо руйдодҳо ва қаҳрамонони асар муайян месозад. Эпиграфи “Марги судхӯр” – “Судхӯр аз пули худ нон шиканад гар ба масал, Шиша сандон шиканад, атола дандон шиканад”, муносибати Айниро ба қаҳрамони асосии асар Қорӣ Исмат (Ишкамба) ва ҷамъияти муфтхӯрону судхӯрон ифода кардааст. Композитсия чун пойдевори асари адабиёту санъат воситаест, ки кулли воқеаву ҳодисаҳо, бахшу ҷузъҳоро ба низом медарорад ва намегузорад, ки воқеа ё ҷузъу қисме берабту низом ва бидуни талаботи мантиқ қарор дошта бошад.

 Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 434-435.

 Муаллиф: А. Набавӣ, Ю. Акбарзода.

 Таҳияи Гулсара Толибова,
 корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.