Ошноӣ. Мукаррама Қосимова: «Осори мунтахаб»
Дар китоби мазкур ду асари доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи АМИТ, профессори шодравон Қосимова Мукаррама Набиевна ҷой дода шудааст, ки солҳои гуногун нашр гардидаанд:
Китоби якум “Забон ва муъҷизаи он” аст. Ин китоб барои дўстдорони забон, махсусан барои мактабиёни синфҳои болоӣ ва донишҷӯёни курсҳои поёнӣ таҳия гардидааст.
Ин асар барои инкишофи нутқи хонандагон ва мураттабии он, луғатомўзӣ, луғатёбӣ ва маънидоди он, сохтани калимаҳо дар қолибҳои муайяни калимасозӣ мусоидат мекунад. Бо истифода аз китоби мазкур бозиҳои забонӣ ташкил кардан мумкин аст, ки дар ин ҳолат истироҳат шавқовару фоидаовар мегардад ва дар азбар кардани баъзе хусусиятҳои забон ёрӣ мерасонад.
Китоби дуюм “Истилоҳоти қадимаи тоҷик” ном дорад. Дастури мазкур чун курси лексионӣ (оид ба фанни «Таърихи истилоҳоти тоҷикӣ») як қисми ниҳоят ками истилоҳоти забони тоҷикиро дар соҳаҳои мухталиф (асрҳои XI-XIX ) дар бар мегирад. Ин дастур ба муаллимон ва донишҷўёни риштаи суханшиносӣ имконият медиҳад, ки дар асарҳои мансуб ба илмҳои гуногун ва осори бадеии асрҳои X-XIX маводи иловагиро ҷўстуҷў намуда, дар дарсҳои назариву амалӣ ва маърузаҳои илмӣ истифода намоянд.
АЗ МУҚАДДИМА БА КИТОБИ “ИСТИЛОҲОТИ ҚАДИМАИ ТОҶИКӢ”
Дар асрҳои X-XIX бо забони адабии тоҷикӣ асарҳои зиёди бадеӣ ва илмӣ иншо гардида буданд. Ин асарҳо хазинаи ниҳоят бою ғании фарҳанги тоҷиконро ташкил медиҳад. Дар онҳо оид ба ин ё он соҳаи илми давр (забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, мусиқӣ, тиб, хандаса, илоҳиёт, коргузорӣ, маориф, ҷуғрофия, мантиқ, фалсафа ва амсоли ин) ва касбу ҳунар истилоҳоти зиёде корбурд дошт. Аксари ин истилоҳот ба забони тоҷикӣ аз забони арабӣ иқтибос шудааст. Аз забонҳои юнонӣ, лотинӣ, ҳиндӣ, туркӣ-муғулӣ низ баъзе истилоҳот дар ин давра истифода мегардид.
Абуалӣ ибни Сино ва пайравони ў як қатор истилоҳҳоро дар забони тоҷикӣ сохтаанд, ки гурўҳи муайяни онҳо то ҳол дар соҳаҳои гуногуни илми муосир корбаст мешаванд.
Месазад, ки олимони соҳаҳои гуногни илм таърихи истилоҳоти соҳаи худашонро омўхта, луғатҳои истилоҳоти қадимаро тартиб дода, нашр кунанд ва бо Кумитаи забон ва истилоҳот мувофиқа карда, қобили қабулашонро аз онҳо интихоб намуда, дар соҳаи худашон имрўз истифода баранд, зеро дар қадим ҳам истилоҳоти ихчаму мушаххаси зиёде мавҷуд буд.
Дар ин дастур оид ба истилоҳоти забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, мусиқӣ, идориву давлатӣ, маорифу илм, тиб ва дин хеле мухтасар маълумот дода мешавад, то донишҷўён огоҳ бошанд, ки истилоҳоти соҳаҳои мухталиф дар забони тоҷикӣ собиқадор ва таърихи хеле қадим доштааст…
Китоби Мукаррама Қосимова “Осори мунтахаб” соли 2022 чоп шудааст. Хоҳишмандон онро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи Ҷамила ГИРДАКОВА, сармутахассиси Маркази «Забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ».