Шинохти мо набояд тахминӣ бошад Чанд гуфтание дар ҳошияи силсилакитоби “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун)

 Ҳар чизи нав, бахусус вақте ки маъхазҳои пароканда ва ин ҳам таърихи як миллат ва осори пурғановати он дар шакли китоб ва ё дигар анвои чопӣ таҳияву ҳифзу нигоҳдорӣ мешавад, интихоби дурустест дар масири таърих ва фарҳанги як халқият. Албатта, муайяну рўшан аст, ки нигориш ва ҳар таҳқиқу пажўҳише, ки аз ҷониби муҳаққиқон ва таърихнигорони имрўз ба майдон меоянду рўшанкунандаи роҳу пайроҳаҳои таърихи як миллат ҳастанд, муждаи нек ба ояндагон аст. Ин муждаи неки имрўзиён, болу пари ояндагон буда, дар фазои худшиносиву худогоҳии миллӣ, махсусан нигоҳдошти асолати миллӣ ва фарҳанги аҷдодӣ нақши боризу ҳалкунанда дорад.

         Воқеан ҳар қавму миллат ва халқияте, ки бар асари гардишҳои таърихӣ соҳиби истиқлоли сиёсӣ мегардад, талоши аввалиндараҷаи хешро баҳри пойдевории ин соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти ҳамешагӣ равон намуда, мекушад, ки ин шонси таърихии хешро дар баробари тундбодҳои ҳаводис бе офату газанд нигаҳдорӣ намояд. Дар ин росто талошҳои зиёде ба амал бароварда мешаванд ва барномаҳои мухталифи кўтоҳмуддату дарозмуҳлат тарҳрезӣ мегарданду андешаву ғояҳои гуногун сари кор меоянд.

         Таърих гувоҳ аст, дар сурати истиқлоли комил ба даст овардани ҳар қавму миллат маъниҳои «ғояи ватанпарастӣ», «ҳувияти миллӣ», «номуси ватандорӣ», «ваҳдату якдилӣ» ва дигар андешаҳои комилан миллӣ мақоми меҳварӣ ва ҳукми бунёдӣ касб мекунанд.

         Бо дарки ин ҳақиқат ҳукумати кишвари мо таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рўзҳои ба давлатсозии навини мо иқдом намуданд то ба имрўз омўзиш, тарғибу ташвиқи ва эҳиёи таърихи пурифтихори моро яке аз рукнҳои асосии давлатдории мо унвон намуда, дар ин ҷода корҳои назарраси зиёдеро ба нақша гирифтаву амалӣ намуда истодааст ва рўйи ин ҳама иқдомот бегуфтугў ҷониби насли ҷавони кишвар нигаронида шудааст.

Барномаву лоиҳаҳои комилу санҷидашуда, махсусан манобеи адабӣ ва таърихӣ, ки ҷамъовариву чопи онҳо амри зарурӣ ва воқеист пешниҳоди ҷомеа намудани онҳо, махсусан гузоштан ба ояндагон аз корҳои созанда ва ибратбахши Ҳукумати кишвар мебошанд, ки чанди онҳо аллакай ба анҷом расидаву чанде дигар бо мароми тоза идома доранд. Аз ҷумла, нашри силсилаи «Ахтарони адаб» ва ташкили Маркази «Тоҷикшиносӣ» ва ба ин тартиб ба майдон овардани силсилаи «Тоҷнома», ки дар мавриди он мо дар зер сухан хоҳем гуфт, аз ин қабил мебошанд.

Таъкид ба маврид аст, ки силсилаи мазкур бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чоп мерасад.

Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и МД “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” соли 7 аст, ки ташаббуси наҷибе аз худ нишон медиҳад. Мақсади ниҳоӣ аз нашри ин силсилакитоб, ки зери сарлавҳаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) ба нашр расида, мувофиқи лоиҳа дар марҳалаи аввал зиёда аз 50 ҷилд асарро дар бар мегирад, дар шакли нисбатан мукаммал ва услуби илмӣ-оммавӣ барои оммаи хонандагон ва донишҷўёну муҳаққиқони соҳаҳои гуногун пешниҳод намудани муҳимтарин мероси хаттии тоҷикон аз аҳди бостон то даврони истиқлол ва таҳқиқоти дар мавриди таърихи тоҷикон анҷомёфта мебошад. Ин баёз бояд барои муайян намудани мақому мартабаи миллати тоҷик ҳамчун яке аз нахустин офарандагони фарҳанги моддию маънавии башарӣ хизмат намуда, барои рушду суботи худшиносӣ ва ваҳдати миллати мо ҳамчун заминаи муътамади илмию фарҳангӣ мусоидат намояд. Умед аст, ки ин асар дар баланд бардоштани ифтихороти миллӣ, шавқу завқи ҷавонон ба пажўҳиш ва эҷоди асарҳои адабӣ, бадеӣ ва илмию техникӣ низ бетаъсир нахоҳад буд.

         Баъд аз талошҳои зиёди роҳбарияти муассиса ва ҷалби мутахассисони варзидаи кишвар, дар муддати зиёда аз 7 сол китобҳои “Авасто”, «Мероси хаттии бостон», (ду ҷилд), «Ғурар-ус-сияр», «Ҳудуд-ул-олам», «Таърихи Систон», «Зайн-ул-ахбор», «Таърихи Байҳақӣ», «Тоҷикон»-и А. Шишов, «Динкард», «Аҷоибнома», асарҳои муҳаққиқи рус Д.Н. Логофед – «Кишвари беҳуқуқон» ва «Дар кўҳ ва водиҳои Бухоро», асари Р.Г. де Клавихо «Рўзномаи сафар ба Бухоро…», «Бохтар” (дар ду ҷилд)» ва ғайра аз чоп баромаданд.

Пас аз нашри 14 ҷилди силсилаи «Тоҷнома» ва истиқболи онҳо аз тарафи хонандагон, ки қисми зиёдашонро донишҷўёну муҳаққиқони ҷавон ташкил медиҳанд, имрўз бо боварӣ метавон гуфт, ки Маркази «Тоҷикшиносӣ» дар самти худогоҳии миллат кори арзишмандеро ба сомон расонидааст.

Бояд гуфт, ки махсусияти силсилакитоби “Тоҷнома” дар он зоҳир мегардад, ки ба хонандагон имконият фароҳам меорад, ки ба асноди таърихӣ ва санҷидашуда тасаввуроти илмӣ пайдо кунад. Зимни мутолиа хонанда аз бойгониҳо ва матолиби давраҳои гуногуни таърих, урфу одат, фарҳанг, санъат ва ҳунарҳои мардумии гузаштаи худ ва ба чи душвориву ба кадом роҳ гузаштани давраҳои таърихи худро омўзад.

Ин иқдоми наҷиб ва созанда, дониш ва талошу азхудгузариҳои зиёдеро талаб мекунад, иттифоқӣ ва баҳамоии мутахассисонро пазирост, шароити моддӣ ва техникии заруриро тақозо дорад, то асари комилу мукаммал ва арзишманди таърихи халқамон солҳову қарнҳо ҳифзшудаву бобақо бимонад.

Хушбахтона, баъд аз талошҳои зиёди роҳбарияти нави Китобхонаи миллӣ, махсусан ба симмати директори муассиса ҷойгузин гардидани Файзализода Ҷумахон Хол нақшаи панҷсолаи силсилаи “Тоҷнома” таҳия гардид. Дар ин нақша рўйхати адабиёти ба ҷилдҳои минбаъдаи силсилаи “Тоҷнома” мувофиқ ҷой дода шудаанд ва умеде ҳаст, ки ин амал бардавом назорат шуда, рўйхати адабиёт такмилу таҳлил мешаванд ва аз элаки мутахассисони боҳушу варзидаи кишварамон мегузаранд.

Албатта, чунин андешае пайдо нашавад, ки кори анҷомёфта то имрўз хому ночиз аст, танҳо бояд сари ин бояд тамаркуз шавад, ки минбаъд низ бо ҷамъе аз олимон, муаррихон, коршиносон ва мутахассисони донишманди кишварамон интихоби манбаъҳо ва матлабҳои дар силсилаи “Тоҷнома” ҷойгиршаванда таҳлилу таҳқиқ ва санҷида пешниҳод гарданд, то асостарину арзишмандтарин ва заруртарин манбаъҳои таърихии халқамон ба фаромўшӣ нараванд,

Ба мову шумо маълум аст, ки ҷилдҳои нашршудаи силсилаи “Тоҷнома” иборат аз манбаъҳои муътамад ва таҳлилшудаву омўзишёфта мебошанд, ҳуҷҷатҳои расмӣ ва далоили расмии аз ҷониби муаррихони ватандўсту меҳанпараст ва шарқшиносону коршиносоне, ки дар мавриди таърихи миллати тоҷик кори илмии арзишманде навиштаанд, иборат мебошанд. Мо дар ин маврид гуфтан мехоҳем, ки бо иваз гардидани роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ва ба ин тариқ ҷалб гардидани мутахассисони навомада сари кор, набояд манбаъҳо ва матолиби силсилаи “Тоҷнома” тағйиру тазйиқ шаванд, балки такмилу тадвин ва мукаммалшуда бояд идома ёбад. Ин кор танҳо дар сурате саҳеҳ коромад мегардад, ки шўрои амиқ ва интихобшуда, на интисобӣ сари кор оянд. Аз ин амалкард ҳам миллат ба далелҳои муътамади таърихӣ шинос мешавад ва ҳам таърихи халқамон завол намеёбад. Биёед, андеша намоем, ки агар мо барои чунин иқдоми шоиставу шукўҳофар заминаҳои моддиву техникии зарурӣ ҷудо нанамоему қувваи мутахассисони соҳа бо далелҳои гуногун истифода нашаванд, пас, чӣ аҷобат дорад, ки насли навраси ҷомеаи имрўзаро нохудогоҳ ва дур аз фаҳмиши таърихӣ бидонем.

Лоиҳаи ба миён омадани чунин як силсила, чуноне ки борҳо шунидаему хондаем, ин аввалин китоби дар ин соҳа навишташудааст, ки тавре худи саркардагон зикр кардааанд, бояд муҳаққиқонро таҳрик кунад, то онҳо дар ин замина таҳқиқотро пурраву мукаммал намоянд, то замоне дар Тоҷикистон асаре пайдо шавад, ки вай ба ҳамаи “чаро”-ҳои хонандагон ҷавоб гардонида тавонад.

Бузургон гуфтаанд, дар таърих ҳеч чизи зиёдатӣ ва нодаркор вуҷуд надорад. Аммо кадоми онро муҳаққиқон мегиранду истифода мабаранд, ин аз диди илмӣ ва сиёсии онҳо, аз имкониятҳои замона вобастагӣ дорад. Ба андешаи мо муҳаққиқ бояд ҳар он чизеро ки ёфтаасту фаҳмидааст, бояд пинҳон надошта изҳор кунад. Танҳо бо чунин муносибат ба ҳақиқати таърих муваффақ шудан мумкин аст. Мутаассифона, халқи мо аз таърихи 2 ҳазорсолаи худ камтар маъхазҳои таърихиро мерос гирифтааст ва дар паҳлуи ин ба мо замона имкон надодааст, ки ҳамаи асноди лозимии таърихи сад соли охири худро ҳам ба мардум дастрас кунем. Ин на танҳо ба мавзуи сиёсӣ марбут аст, балки барои инъикоси ҳаёти мадании мо, адабиёти мо низ лозим аст. Китоб кардани ин маъхазҳо барои он ҳам зарур аст, ки дар давраи неотехнология на ҳамаи хонандагон ва муҳаққиқон ба манбаҳои асл-бойгонӣ, саҳифаҳои матбуоти вақт муроҷиат мекунанд, балки ба маводи интернетӣ қонеъ мешаванду бас.

Дуруст аст, ки маводи интернет, ҳатто Донишномаи озоди он дар бисёр ҳолатҳо ё овозаву ғайбатро ба ёд меоранд ё матолиби сензурашударо ва ё “туҳфаи душман”-ро. Мо бояд таърихи илмӣ ва воқеиро аз манбаи аслии замонаш гирем ва фаҳмем, ки масалан дар соҳаи таърих ва ё адабиёт саҳифаҳои норўшан ва ё парокандаи гузаштагонамон дар кадом ҳолат қарор доранду дар чи ҳолате нигоҳ дошта мешаванд ва дар кадомин маврид бояд мавриди истифода қарор бигиранд. Бояд биандешем, ки аз ёдномаву хотираҳо чӣ навъ нақши манбаӣ дорем, онҳоро мисли гузаштагонамон ҷамъ оварем ва замонаш расад, омўзему тадқиқ кунему баҳо диҳем. То ин корро ба анҷом нарасонем, ҳақиқат аз мо дур мешавад, дар ҳама чизу кору воқеа баҳои мо тахминӣ, шахсӣ ва то ҳадде аз ҳақиқат дур мешавад.

Ибрози ин андеша ҷой дорад, ки чароҳҳои зиёде ҳастанд, ки ба онҳо мо бояд посух биҷўем, таҳқиқ кунем, биомўзем, дарёфт намоем ва дар шакли мукаммалу муфассал дар силсилаи “Тоҷнома” ҷой бидиҳем. Барои ба ин суолҳо посухи воқеӣ гуфтан ба бойгониҳои Тоҷикистону Русияву Ўзбекистон ва бойгониҳои давлатҳои ба мо ҳамфарҳанг қонеъ гардидан чандон дуруст нест, аз ин рў, рўй овардан ба маъхазҳои пурарзиш, ки дар бойгониҳои китобхонаҳои бузурги олам ва осорхонаҳои қадимаи Аврупо, ки маъхазҳои бою ғанӣ доранд, кори дурустест дар ифшои норўшаниҳои садсолаҳои таърихи миллатамон.

Барои ҳамин ҳам силсилаи “Тоҷнома” ҳеч набошад, барои муқаррар кардани мушкилоти ҳадди ақал дар тўли 7 соли чопнамоӣ аз мавҷудияти як кори муҳиму таърихӣ дарак дода, дар меҳвари таърихнигорӣ ва худшиносиву худогоҳии миллати тоҷик коре басо муҳиму арзанда ва гузоштани мероси гаронбаҳо дарак медиҳад.

 

Зафари Гулмурод – Аълочии матбуоти Тоҷикистон