Шинос шавед. Китоби устод Мирзо Турсунзода “Асри ман” (“My day and age”) ба забони англисӣ
Ин китоб соли 1977 дар нашриёти Progress Publishers шаҳри Москав чоп шудааст. Мураттибон шеърҳои шоири маъруфро бо ду забон: русӣ ва англисӣ интихоб ва дар ҳаҷми 191 саҳифа, ба теъдоди 10 ҳазору 800 нусха чоп кардаанд.
Шеърҳои устод Турсунзодаро аз тоҷикӣ мутарҷимони шинохтаи рус С. Липкина., А Адалис., В. Левика., Я. Козловского., В. Державина., Н. Тихонова ба русӣ тарҷума кардаанд ва Том Боттинг онҳоро ба англисӣ баргардон кардааст.
Дар бораи тарҷумони англисӣ Том Боттинг ҳеч маълумоте дастрас нашуд, аммо исми тарҷумонҳои русӣ барои мо ошност. Инҳо касоне мебошанд, ки барои баргардони осори адабии тоҷик тӯли солҳо зиёд заҳмат кашидаанд.
Тарҷумони англисӣ дар муқова як матни хеле ҷолиберо бо англисӣ меорад, ки онро айнан тарҷума кардем ва ин аст:
“Мирзо шеърҳои худро бо овози баланд, бо ритм мехонад, ишора ба ҷое дур ва бо дасти фаррох. Бо диққати хос гӯш мекунад. Ӯ ин қадар бо ритму бо оҳанг мехонад, ки мисраҳо бо ҳамдигар ҳамоҳанг садо медиҳанд. Ногаҳон пас аз таваққуф, Мирзо як калима гуфта, як нигоҳе ба шунавандагони худ меафканад, то он сеҳре, ки ҳангоми хондани шеър ба шунаванда асар карда буд, шикаста шавад.
Мирзо Турсунзода, академик баранда Ҷоизаҳои Ленин ва Давлатӣ. Ӯ ба унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ низ сазовор гардид.
Ин шоири халқии Тоҷикистон соли 1911 дар деҳаи Қаротоғ, дар пояи қуллаи Ҳисор таваллуд шудааст. Падари ӯ як ҳунарманди одии тоҷик буд. Инқилоби сосиалисти ба ӯ имкон дод, ки фарҳанги қадимаи мардуми тоҷикро аз худ кунад.
Шеърҳои Мирзо Турсунзода хурсандӣ, зебоии беохири ҷаҳон, эҳтироми ӯ ба иродаи эҷодии мардумро инъикос менамояд. Ин шеърҳо бо як илҳоми тозаю рағбати беандоза барои ҳифзи сулҳу субот камари ҳиммат мебанданд. Онҳо ҳамбастагии амиқро бо ҳаракати озодихоҳии халқҳои Шарқ, ҳамдардии бузург ба ҳамаи халқҳои ҷаҳон ва имон ба ояндаи дурахшони хешро иброз менамоянд.
Навоварии Мирзо Турсунзода дар ҷодаи шеъру шоирӣ, бо сабки нав дар самти пешрафти шеъри муосири кишварҳои Шарқӣ мусоидат намуд. Ӯ ҳамзамон шахси барҷастаи ҷамъиятӣ ва давлатӣ, вакили Шӯрои Олии ИҶСШ, Роҳбари Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва раиси Комитаи ҳамраъии мамлакатҳои Осиё ва Африко буд.
Китоб сарсухани муфассале дорад ба забони англисӣ бо номи “Ман аз Шарқи озод”, ки аз номи нашриёт чоп шудааст ва тавре нигошта, ки гӯиё шоир ба хонандаи худ муроҷиат мекунад. Ин чанд ҷумла аз ҳамин муқаддима:
Хонандаи азизи ман,
Ман дар бораи шумо, касб, синну сол ва ҷои зисти шумо чизе намедонам, аммо касе ки набошед, коргар, муҳандис, деҳқон, моҳигир, духтур ё ҳунарманд ва дар куҷое, ки шумо зиндагӣ кунед, дар Ҳиндустон, Бритониёи Кабир, дар Иморати Муттаҳидаи Араб ё дар Иёлоти Муттаҳида, ба Шумо хушбахтӣ, шодӣ дар зиндагӣ, осмони соф, офтоби фурузон ва сулҳро хоҳонам.
Пас аз хондани маҷмӯаи хурди шеър ва ба акси ман нигариста, шумо қариб ҳама чизро дар бораи ман хоҳед фаҳмид, дар бораи ман чи чизро бояд донист: ман чӣ гуна ҳастам, чандсолаам, дар куҷо зиндагӣ мекунам. Чиро қабул дорам ва чиро рад мекунам. Шумо бо фикрҳо ва эҳсосоти ман, шодӣ, ғазаб, дардҳо ва орзуҳои ман ошно мешавед. Ҳар чизе, ки ман барои он талош меварзам, ки ҳар он чизе, ки ман дӯст медорам ва қадр мекунам, инчунин аз ҳама чизе, ки нафрат дорам, дар шеъррҳои ман пайдо кардан мумкин аст….
Китоби “My day and age” (“Асри ман”) –ро хонандаҳои азиз метавонанд дар толори хониши адабиёти хориҷии Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи Азиза НИЁЗОВА,
мутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ