Ширкат ва суханронии директори Китобхонаи миллӣ  дар Х-умин конгураи байналмилалии “Китобхона чун падидаи фарҳангӣ”

Конгураи даҳуми байналмилалии

Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Ҷумахон Файзализода имрӯз дар Конгураи даҳуми байналмилалии “Китобхона чун падидаи фарҳангӣ” бахшида ба Соли сулҳу бунёдкорӣ ширкат ва суханронӣ намуд.

Ин Конгура имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Белорус шаҳри Минск, дар толори ҷаласоти Китобхонаи миллии ин кишвар оғоз ба кор кард. Дар он бештар аз 400 намоянда аз Белорусия, Арманистон, Озарбойҷон, Индонезия, Қазоқистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ва ғайра иштирок доранд.

Директори Китобхонаи миллӣ дар суханронии худ аз ҷумла гуфт:  Сарфарозам, ки ин ҷо дар даҳумин Конгураи байналмилалӣ канори Шумо ҳастам, то бо талошҳоямон дар ёфтани роҳҳое барои эҷоди китобхонаи оянда бупайвандам, то бар асоси расолати худ ба маркази ҳамкории зеҳнӣ, илмӣ ва фарҳангӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёбад. Китобхонае, ки маҷмуае аз он бозтоби тамаддун ва фарҳанги кишварҳо ва ақвоми мухталиф бошад, то ба дарки мардум аз якдигар кумак кунад ва ба шарофати чунин фаҳмиш бе чанг, бе азобу машаққат, гуруснагй, харобй, террор ва ашк якчоя зиндагй кунанд.

Танҳо дар чунин бистаре метавон китобхонаро ба унвони як падидаи фарҳангӣ арзёбӣ кард. Аз ин гузашта имрӯз ин ақида вуҷуд дорад, ки китобхонаи суннатӣ батадриҷ ҳадафи воқеъии худро аз даст медиҳад ва ба талаботе, ки ҷомеаи муосир ба он мегузорад, ҷавобгӯ нест ва хеле ба зудӣ ҷойи онро “китобхонаи виртуалӣ” мегирад.

Профессор Ҷумахон Файзализода дар идома афзуд: Аммо сарфи назар аз чунин изҳори назарҳо, имрӯз китобхонаҳо як ҷузъи муҳими инфрасохтори иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва иттилоотию коммуникатсионии ҷомеабоқӣ мемонанд. Гузашта аз ин, имрўз равандҳои тағйироти асосҳои методологии назария ва амалияи китобхона бо тағйироти густурда дар шароити иҷтимоию фарҳангӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва технологии китобхона ҳамчун муассисаи иҷтимоӣ ба вуҷуд меоянд. Парадигмаи нави китобхона бо кӯшишҳои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобила бо ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонӣ асос ёфтаву ҳидоят мешавад.

Суханронии комимили Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода дар Конгураи Х-уми байналмилалии   “Китобхона ҳамчун падидаи фарҳангӣ” бахшида ба Соли сулҳу бунёдкорӣ ин ҷост: