Ширкати ҳамкорамон дар конфронси байналмилалии илмӣ-амалии “Хониши Румянсев-2025”
Муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Атозода дар конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ “Хониши Румянсев-2025”, ки бо доираи васеъи кишварҳои собиқ иттиҳоди Шӯравӣ, дар шаҳри Москваи Федератсияи Руссия доир мегардад, ширкат доранд.
Дар конфронси мазкур Муҳаммадиқбол Атозода таҳти унвони “Словом и пером против врагов” суханронӣ кард. Муовини директори Китобхонаи миллӣ ҳамзамон дар бораи корномаҳои китобдорон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ибрози назар намуда, дар бораи чанде аз онҳо, бахусус Саодат Икромӣ, ҳамсари Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ муфассал ҳикоят кард.
Лозим ба ёдоварист, ки Саодат Икромӣ мураттиби феҳристи аввалини китобҳо ба забони тоҷикӣ ва созмондиҳандаи нахустин намоишгоҳҳои китоб низ маҳсуб меёбад. Дар тасниф ва тасвири асарҳои чопӣ, таҳияю таҳрири феҳристҳо, ташаккули хазина ва баҳисобгирии захираҳои он, коркарди адабиёт ба забони тоҷикӣ, таҳияи дастурҳои библиографӣ ва ғайра саҳми нахусткитобдори тоҷик Саодат Икромӣ ниҳоят калон мебошад.
Ин бону сазовори унвони «Китобдори шоистаи Тоҷикистон» гардидааст.
Абдуғаюр Саломов