Шоҳсутун ва бахтномаи миллат
Конститутсия шоҳсутун, бахтномаи миллат ва тақдирсози имрўзу фардои давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Пойбандӣ ба талаботи он барои ҳар як фард қарзи шаҳрвандӣ аст. Ин санади тақдирсоз ҳамчун шаҳодатномаи адолатхоҳӣ, бунёдкорӣ, ваҳдатталабии Тоҷикистон аст. Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқи озодиҳои инсон нақши муҳими таърихӣ дорад.
Инкишофу пешрафти ҷомеа, ба хусус давлатҳои рушдёбанда талаб менамояд, ки низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муносибату ҳамкориҳои мутақобилаи онҳо таҳким ёбанд, идоракунии давлатӣ боз ҳам муназзаму мукаммал ва самараноку пурмаҳсул гардад, то ки ҷомеа босуръат пеш рафта, сатҳи зиндагии мардум баланд гардад, сулҳу ваҳдат ва қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ устувор шавад. Тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати онҳо мусоидат мекунад. Вазъи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳолатҳои дигар дар давлати алоҳида зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститусия ба вуҷуд меорад, ки сабаби асосии он мутобиқ намудани меъёрҳои ин санад ба шароити зиндагии аъзоёни ҷомеа мебошад.
Тағйиру иловаҳо ба раванди демократикунонии ҷомеа таъсири мусбӣ мерасонад. Лозим ба зикр аст, ки лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маврид ва тақозои замон аст. Сар карда аз номи қонуни асосӣ яъне гирифтани калимаи сарқонун боз бисёр тағйиру иловаҳои забонӣ низ ҷиҳат хубтару беҳтар намудани забону муҳтавои қонуни асосии кишвар хизмат хоҳад кард. Як иловаи дигари муҳиме, ки дар ин қонун ворид шудааст, воқеан ба мавриду зарур аст. Мансабдорон, аъзои ҳукумат, вакилон ва судяҳо бояд дар иҷрои рисолати кориашон савганд ёд кунанд. Рисолати хизматчии давлатӣ масъулияту виҷдону инсоф, кордониву худшиносӣ фарҳанги баланди инсониву роҳбариро мехоҳад.
Умуман тағйиру иловаҳои воридшуда зарурӣ ва саривақтӣ буда, ба манфиати мардуми ҷумҳурии мост. Моро лозим меояд, ки сарфи назар аз мақому вазифа Конститутсияро эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳо бошем. Чунки қонуният омили асосии оромӣ ва шукуфонии меҳанамон аст. Мардуми шарафманди диёр роҳи ояндаи худро ба сўйи бунёди ҷомеаи нав хуб дида, дарк менамоянд, ки тибқи Конститутсия ҳар як шаҳрванд метавоннад шароити арзанда ва инкишофи озодонаро дошта бошад.
Беҳтарин омиле, ки маърифати ҳуқуқии мардум сайқал меёбад, ин тарғибу ташвиқи меъёрҳои Конститутсия мебошад. Омўзиши Конститутсия дар мактабҳои миёна, олӣ ва коллеҷу донишгоҳҳо бисёр хуб ба роҳ монда шудааст, чунки донистани Конститутсия барои ҳар як фард зарур аст. Конститутсияи мо ифодагари манфиатҳои олии миллату Ватан, таъминкунандаи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ, волоияти қонун ва фаъолияти муназзами мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаммал ва ҷавобгўйи талабот буда, яке аз беҳтарин Конститутсияи олам эътироф шудааст. Аз ин лиҳоз, мардуми ин сарзамин ба қадри истиқлолу озодии давлати мустақил, соҳибихтиёр, сулҳу субот ва оромиву осудагии ин ҷомеа мерасанд.
Сайрон Сафарова, мутахассиси пешбари шуъбаи илмӣ – тадқиқотӣ.