Нақши зан дар ҷомеа дар замони Истиқлол

Бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон марҳилаи нави таърихи миллати тоҷик оғоз гардид. З0-соли замони Истиқлолро метавон барҳақ давраи азму талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бақою пойдории давлат, барқарорсозии сулҳу ваҳдат, пешрафти ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар номид.

Дар сиёсати давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол фароҳам овардани шароит барои иштироки занон дар корҳои ҷамъиятӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ қарор гирифтааст.

Дар асоси таҳлили коршиносон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон занони тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёт бо мардон ҳуқуқҳои баробар доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон исбот намуд, ки он дар низоми давлатдории ҷомеаи Тоҷикистон ба нерўи пешбари бонувони кишвар такя мекунад.     

Аз ин хотир, бо мақсади таъмини иштироки васеи занон дар ҳаёти ҷамъиятию-сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва идоракунии давлатӣ  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрўз чандин санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо баҳри баланд бардоштани мақом ва манзалати зан нақши муҳим мебозанд.

  Яке аз онҳо Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аст, ки байни мардум инқилоби фикриро ба вуҷуд оварда, баҳри аз байн бурдани қолабҳои гендерӣ оид ба нақши зан дар ҷомеа заминаи мусоидро фароҳам овард. Ин ҳуҷҷати муҳим ҳамчун раҳнамо барои таҳия ва қабули даҳҳо санадҳои ҳуқуқии дигар дар масъалаи беҳдошти занон аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо», Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», тасдиқ гардид, ки ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъоли онҳо дар идоракунии давлатӣ, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон равона карда шудаанд.

  Дар ин самт яке аз дастовардҳои муҳим он аст, ки иштироки занон дар ҳаёти сиёсию давлатӣ, фаъолияти ҷамъиятии кишвар сол то сол беҳтар мегардад. Имрўз дар мамлакат зиёда аз 60 ҳазор нафар занон муаллимони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ мебошанд. Саҳми назарраси занон дар рушди соҳаи тандурустӣ низ баръало мушоҳида мегарданд. Имрӯз зиёда аз 60 дарсади кормандони соҳаи тандурустиро занон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон сафи занон бештар буда, дар маҷмӯъ зиёда аз 60% кормандонро бонувон ташкил медиҳанд.

  Ин далел гувоҳи он аст, ки шумораи занон дар идораи давлатӣ зиёд гаштааст. Аксарияти заноне, ки вазифаҳои роҳбарикунандаро ишғол менамоянд, дар зинаҳои поён ва миёнаи идоракунӣ – дар  мансабҳои сардорони шуъбаи идораҳои мақомот ва муассисаҳои  давлатӣ фаъолият мекунанд. 

  Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи амалии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  иштироки занон дар фаъолияти сиёсии давлат, пиёда намудани дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлатӣ, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарону бонувон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва иштироки онҳо дар ҳалли мушкилоти ҷомеа минбаъд низ роҳандозӣ менамояд, зеро пойдевори сиёсати давлатӣ дар ин самт аз эътирофу эҳтироми занон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеа сарчашма мегирад. 

 

Маҳбуба Алиева  – мутахассиси

шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон.