“Шоҳнома” таҷассумгари фарҳанг ва таърихи пурифтихори тоҷикон
«Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ, ривояту афсона нест. Он пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи халқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонист. Аз достонҳои ҷангӣ, ишқӣ ва нақлу ривоёти “Шоҳнома” мо таърихи пурифтихори халқҳои ориёинажод, суннат ва анъанаҳои мардум, одоби зисту зиндагӣ, ойини мамлакатдорӣ, раиятпарварӣ, ватандӯстӣ, таъмини истиқлоли кишвар, озодӣ ва озодагӣ, маънои ҷангу сулҳ ва шинохтани ҳаққу ботил, фирӯзии нур бар зулмот, мардумшиносӣ, ҳаллу фасли мушкилоти байни давлатҳо, бемаъно будани ихтилофоти динию мазҳабӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳаққу ҳуқуқи дигарон ва дӯстию рафоқатро меомӯзем.
Эмомалӣ Раҳмон
Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ин буд, ки дастур доданд, ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдоди хеш «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми кишвар дастрас карда шавад.
Бояд гуфт, ки “Шоҳнома”-и безаволро шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ дар муддати беш 30 сол навиштааст. Фирдавсии бузург барои эҷод намудани «Шоҳнома»-и худ солҳои тӯлонӣ заҳмат кашидааст ва соли 401ҳичри /1010 милод онро ба итмом расонидааст.
Тавре донишмандони мегӯянд, ин асари бузург аз 60 ҳазор байт иборат буда, ҳакими бузург ба мавзуъҳои пандуахлоқӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, некиву накӯкорӣ, ростиву ростгӯйӣ, донишу хирад, танқиди ҷаҳолат ва ситамкорӣ, ҳифзи ватан ва муҳаббат ба он аҳамияти бузург додааст.
Шоир беҳтарин хислатҳои одамиро ба мисли хираду хирадмандӣ, некию накӯкорӣ, инсондӯстию ватанпарварӣ ва ғайраро ситоиш карда, ахлоқи бади одамиро маҳкум мекунад, ки дар рӯзгори мо барои тарбияи ҷавонон аз аҳамият хос дорад.
Андешаи шоир дар замони мо арзишу аҳамияти хосса пайдо карда, дар тарбияи ахлоқии ҷавонон метавонад таъсири бузург расонад. Хулоса, аз эҷоди достонҳои «Шоҳнома» муддати зиёде гузашта бошад ҳам, то имрӯз ин асари бузург аҳамияти тарбиявии ахлоқии худро гум накардааст.
Ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдоди хеш бо иқдоми Пешвои миллат «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми кишвар дастрас карда мешавад.
Таҳияи Нилуфар Валиева,
корманди Медиатекаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон.