Шокир Хасбок. Мазлумаи бегуноҳ (ҳикоя)

Чопи ин ҳикоя аслан ба хотири ёдкарди устод Комил Мусофиров сурат гирифт. Комил Мусофиров соли 1937 дар ноҳияи Тоҷикобод таваллуд шуда, аз аввалин хатмкардаҳои факултаи шарқшиносӣ (забонҳои Осиё ва Аврупо)-и ДМТ дар солҳои 1958—1963 мебошад. Ӯ инчунин муҳассили яксолаи Донишгоҳи Бағдод буда, зиёда аз 50 сол дар кафедраи филологияи араби ДМТ ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти араб кор кардааст.

Комил Мусофиров тӯли 12 сол, аз 1983 то 1995 раҳбарии факултаи шарқшиносии ДМТ-ро ба уҳда доштааст. Ӯ муаллифи зиёда аз 50 мақолаи илмиву тадқиқотӣ буда, беш аз 20 китобро аз арабӣ ба тоҷикӣ ва русӣ тарҷума кардааст. Аз ҷумла «Китоби дарсии забони арабӣ» (1975), «Маҷмуаи ҳикояҳо ва латифаҳои арабӣ» (1970), «Ҳикояҳои арабӣ», «Шарораи аввалин», «Ном ва номгузорӣ» маҳсули қалами Комил Мусофиров мебошанд.

Комил Мусофиров барои хидматҳои шоёнаш дар замони шӯравӣ бо «Нишони аълочии мактабҳои олии СССР», медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» ва дар замони истиқлол ба унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» мушарраф гаштааст.

ИНАК ҲИКОЯ:

Чаро ӯро ба ин ҳасбхона маргбор оварданд ва чаҳор рӯз аст, ки дар ин ҷо азоби рӯҳӣ мекашад ва намедонад, ки кай озодаш мекунанд. Духтари бечора гуноҳе надорад, сабаби  ҳабс  шудани худро ҳам намедонад. Вақти ба ҳабсхона бурданд, ба ӯ ҳатто иҷозат надоданд, ки бо падари бемори дар  хона танҳо хобидааш хайру хуш кунад. Ҳоло ӯ намедонад, ки дар зарфи ин чаҳор рӯз ба падари бемору гуруснааш чӣ ҳодиса рӯй додаст. Намедонад, ки ӯ зиндааст ё мурда. Агар мурда бошад, ӯро кӣ гӯронд, кӣ иззати дафнашро баҷо овард? Не падари худро зинда хоҳад ёфт. Худованди карим раҳми  бечораҳоро мехӯрад ва вақте ки ӯ аз ҳабс озод мешавад, албатта, сарпаноҳи худро зинда меёбад. Имрӯз не, албатта, фардо ё пасфардо ӯро суд мекунанд. Ӯ аз бегуноҳ будани худ ба суд арз мекунад… ин саргузашти бисёр ҳузновар  аст ва албатта, ӯ ҳаёти вазнини худ ва оилаашро ин тавр шарҳ медиҳад:

  – Падари ман, ҷаноб, мударриси яке аз яке аз мактабҳои миёна буд. Ҳуди ман толибаи ӯ будам. Мо бисёр хушбахт мезистем ва аз ҳаёти фақиронаи худ шикояте надоштем. Аммо ин ҳаёти осудаи мо  дер давом накард.

  Падарам сахт бемор шуд ва бемории ӯ бисёр тӯл кашид. Баъд аз муддати муайяни беморӣ мактабдор падарамро аз вазифаи мударрисӣ дур кард, ҳатто хизмати ҳаққу ҳалоли чандинсолаи ӯро ҳам ба назар нагирифт… Мо тамоми чизҳои хонамонро фурӯхта, ӯро табобат кардем… дигар чизи мефурӯхтагӣ намонд.

  Мо се нафар будем: падару модар ва худам. Аммо бо мурури замон ду кас мондем,  модарам қурбони ғаму андӯҳи зиндагии  қашшоқона  гардид. Захирае, ки аз хӯрокворӣ ва  пулу мол доштем, ҳатто барои мо ду нафар ҳам кифоя накард. Зиндагиамон то ба дараҷае расид, ки либосҳои ҳуфту хобамонро ҳам фурӯхта, барои падарам дорувор ва қути лоямуте мехаридам.

  Маро зиндагӣ маҷбур кард, ки хонданро дар мактаби миёна тарк кунам, дар ҷустуҷӯи кор ва таъмини хӯроки падарам афтам. Ҳар чанд худро ба чаҳор тараф зада бошам ҳам, коре пайдо накардам. Маро касе барои хидматкорӣ нагирифт.

  Чанд рӯз пеш ба ман ҳодисаи аҷибе рӯй дод. Ман оҳиста- оҳиста аз кӯчаи  Ҳорун  ар- Рашид қадам зада мегузаштам, ба ростӣ ёрои қадаммонӣ ҳам надоштам. Аз хастагию гуруснагӣ ҳар сари қадам ба замин меафтодам.

  Баъзе аз роҳгузарон раҳмашон омада, маро аз замин мебардоштанд ва таъкид мекарданд, ки ба пеши поям нигоҳ карда қадам гузорам. Аммо баъзеи дигарашон то он дараҷа бераҳму  шафқат буданд, ки маро ҳатто тела медоданд ва ё аз болоям мерафтанд…

  Боре маро инспектори ҷавони полисия аз байни хоктӯдаҳо бо ҷаҳл бардошта истода, чашмаке зад ва ишораи номаълуме намуд. Вақте ки ман ба ӯ аҳамият надодам, бо қаҳр фарёд зад пурсид:

  – Чаро худро дар кӯчаҳо ба мардум намоиш дода мегардӣ?! Ман чӣ гуфтанамро надонистам.

  – Ман? Ман худро ба одамон намоиш медиҳам?

– Бале, фоҳишаи ҳақир!

Бо шунидани калимаи «фоҳиша» аз чашмонам ашк  ҷорӣ шуд.

  – Ҷаноб  аз кай боз ман фоҳиша шудам? Беҳаё туро бояд каме адаб омӯзонд.

  Баъд ӯ аз банди дастам дошту бо овози баланд фарёд кард:

  – Полис… Полис!…

  Ман дар байни издиҳоми мардум худро гум кардам, чӣ гуфта ва чӣ кор карданамро дигар надонистам. Роҳгузарон дар атрофи мо ҷамъ шуда, аз ҳамдигар сабаби ба дасти полис афтодани маро мепурсиданд. Инспектори  полисия каме сулфид, гӯё ба хондани сураи намоз ё ҷаноза сар карда бошад, ба ҳозирон беҳаёона рӯ оварда гуфт:

  – Ҷанобон,  шумо ки дар айёми мо ин навъи хорҳо дар байни занони ҳақира зиёд шудаанд. Ин духтар аз қабили ҳамон занҳои фоҳишаест, ки худро ба чунин ҳолат табдил додааст ва ризқи худро дар байни мардон, дар сари кӯчаю бозорҳо меҷӯянд…

  Ин суханони тӯҳматангези коркуни политсия, ҷаноби суд, маро ба ғазаб овард ва дигар тоқати суханҳои дуруғ ва таҳқиромези ӯ накарда гуфтам:

  • Чаро дуруғ мегӯӣ, ҷаноб, чаро? Мани бегунаҳро дар байни мардум чаро шарманда месозӣ? Бо кадом мақсад, ҷаноб?

Сухани ман ӯро хуш наомад. Ба китфам як мушт заду гуфт:

  • Ҳа, фоҳиша, ту боз ҷуръат карда суханҳои маро дуруғ мегӯӣ?! Ту бояд ҷазоятро бинӣ, фаҳмидӣ, беҳаё! Полис… полис.. полис!!!

Лаҳзае нагузашта политсия расида омад. Ӯ ба сардори худ таъзим кард.

  • Ин фоҳишаро гирифта бар!

Полис “итоат” гӯён аз банди дастам сахт дошта гирифт.

Ман ба зорӣ даромадам:

  • Ҷаноб, ин корро накунед, падарам бемор аст. Дар хона касе дигаре нест, ки ӯро нигоҳубин кунад. Раҳм кунед, раҳм.

Аммо ҷаноби инспектор фармон дод, ки тезтар маро ба маркази политсия гирифта барад. Ман ба доду фарёд даромадам. Раҳми ҳозиро омад ва аз инспектор хоҳиш карданд, ки аз гуноҳам бигузаранд ва маро озод кунад. Аммо инспектор хоҳиши онҳоро рад карда истода гуфт:

  • Ин беҳаёро озод кунам? Не ҷазои фоҳишаҳо ҳамин аст…

Яке аз ҳазорон бо тавалло гуфт:

  • Хоҳиш мекунем, ҷаноб, ҳамин маротиба ӯро авф кунед…. боварӣ дорем, ки ӯ дигар дар ин ҷойҳо пайдо намешавад.
  • Қасам ба ҷонам, ки ӯро озод намекунам…

Ҳозирон гуфтанд:

  • Барои хотири мо ӯро озод кунед, ҷаноб.
  • Чаро ғами ин фоҳишаро мехӯред ва дилатон барои ӯ месӯзад? Бовар кунед, ки ӯ аз ин кораш даст даст намекашад…

Ғайр аз ин ман, алакай қасам хӯрдам, ки беҳаё имшаб дар маркази политсия мемонад ва ман аз қавлам барнамегардам. Бигузор суд кори ӯро бинад.

Ҳамин тавр инспектори бераҳм мани хастаю гурусна ва беморбонро ба идораи политсия фиристод…. ман аз он занҳои кучагӣ нестам. Не, не, гуноҳ надорам, ҷаноб, раҳм кунед, ки ӯ дар хона танҳост.

  Духтари бечора зор – зор гиря мекарду мегуфт: “Ман як бегуноҳи мазлумаам…”бегуноҳи мазлума”…

Полиси мӯйлабдоре духтарро ба наздаш хонда гуфт:

  • Рав, ба хонаат, аз гуноҳат гузаштам… Рав, туро ҷавоб доданд.

Духтар бовар накарда бо тааҷуб пурсид:

  • Маро бахшиданд, ҷаноб? Чи хел маро бе муҳокима ҷавоб доданд. Бовариам намеояд…

Полис муйлабашро мисли гурбае, ки мушро меӣинад, ҷумбонда бо забони даъводори ширин гуфт:

– Туро ҷавоб доданд, хонуми зебояк! Чи сон дорои чашмони ғизолию ҳусни ҷамоли оламошӯбӣ…

– Пас, ман метавонам биравам, ҷаноб?

– Бале, метавонӣ аммо бо як шарт…

Полис хомӯш мешавад. Дили духтари бечора ба таппиш медарояд…

– Ҳозир нагуфтед, ки аз гуноҳам гузаштанд ва иҷозат доданд, ки ман бе ҳеҷ як шарт баромада равам?

– Оре, рухсат доданд, ту бе ягон шарт ба хонаат биравӣ. Аммо пеш аз рафтанат бояд маро бо як бӯса сарфароз гардонӣ.

Полис андешае накарда, ба духтар ҳамла овард ва ӯро бо қувваи бозувон ба оғӯш кашид ва аз лабу даҳон ва рухсораи ӯ паи ҳам бӯсид… Духтар бо як нерӯи фавқулоддае худро аз дасти ӯ раҳо карда, бадар рафт…

Духтари бечора саросема ба хонаашон шитофт. Чун ӯ дарро боз кард, ҷуссаи падарашро беҳаракат дар болои фарши хона дарёфт. Вай инони ихтиёр бохта ба паҳлуи ҷасади падари ду рӯз қабл аз ҳаёт равшан чашм пӯшидааш афтод…

  Аз арабӣ тарҷумаи Комил Мусофиров

Аз  маҷаллаи “Занони Тоҷикистон”, соли 1970, №10.

 

Таҳияи Барно Самиева,

мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг

ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.