Шоме мунаввартар аз рӯз…
14-уми октябри соли равон бо талошҳои Шуъбаи хидматрасонӣ барои шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд бахшида ба Рӯзи байналмилалии нобиноён” дар меҳмонхонаи “Душанбе Сирена” чорабинии форҳангӣ бо номи “Асои сафед” баргузор шуд.
Дар чорабинӣ Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло, Раиси Иттиҳодияи маъюбони “Меҳрбахш” Тенгниев Холмаҳмад, ҷаъме аз хонандагони шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллӣ, хонаи пиронсолон, муҳассилини муассисаву таълимгоҳҳои махсус барои шахсони имконияташон маҳдуди ҳудуди шаҳри Душанбе, кормандони Китобхонаи миллӣ, Ансамбли рақсии “Падида”, ҳунармандони варзидаву хушовоз ва волёнтерони ҷавон, хабарнигорони расонаҳои чопиву электронӣ иштирок доштанд.
Дар нишаст Директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода суханронӣ намуд ва дар бораи ҳадафу мақсад ва вазифаҳои шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди муассиса муфассал маълумот дод. Директори Китобхонаи миллӣ аз шароите, ки муассиса барои шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд, аз ҷумла нобиноён фароҳам овардааст, ибрози назар намуд. Ҳамчунин дар бораи барномаҳои давлатии ҳифзи нобиноён ва ғамхориҳои Пешвои миллат ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд муфассал сухан ронд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим низ дар навбати хеш оид ба сисёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар суханронӣ намуда, аз иқдомҳои шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд изҳори ташаккур намуд. Ҳамзамон, Раиси Кумита аз барномаву нақшаҳои ҲХДТ дар шаҳри Душанбе таъкид дошта, ҷиҳати ёрӣ расонидан ба шахсони имконияташон маҳдуд аз чорабиниҳои ҳизбӣ изҳори назар намуд.
Раиси Иттиҳодияи маъюбони “Меҳрбахш” Тенгниев Холмаҳмад аз дастгириҳо ва ҳамкориҳои Иттиҳодия бо Китобхонаи миллӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, хостори ҳамкориҳои бештар дар ин замина шуд. Ҳамзамон, ӯ оид ба амалишавии нақшаҳои Ҳукумати кишвар нисбат ба шахсони маъюбиятдошта изҳори назар намуда, рӯз ба рӯз беҳгардии зиндагии ин табақаи ҷомеаро ишора намуд.
Дар бахши фарҳангии чорабинӣ Ансамбли рақси “Падида” бо барномаи рангини худ ва овозхонҳои шинохта бо таронаҳои наву ҷолиби хеш хотири иштирокдоронро шод намуданд.
Ҳамкорони фаъол дар охир бо “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-и Китобхонаи миллӣ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Шоме буд мунаввартар аз рӯз. Касоне, ки ба шарафи онҳо ин шоми зебо танзим шуд, як ҷаҳон баҳра бардоштанд. Рақсу таронахонии худи нобиноён дар ин нишаст говоҳи он буд, ки қалби пурнурашон ҳамеша омодаи пазириши зебоиҳои зиндагист.
Мавзуна Орумбекова