Шуарои Эрон. Ҳамиди Мусаддиқ

Ҳамиди МусаддиқҲамиди Мусаддиқ дар соли 1939 дар Шаҳризо аз атбои  устони Исфаҳон ба дунё омад. Аз навҷавонӣ ва давраи таҳсил дар дабиристон шеър месуруд ва дар анҷуманҳои адабӣ ҳузури аз фаъол дошт. Ҳамиди Мусаддиқ фориғултаҳсили риштаи ҳуқуқ аз донишгоҳи Теҳрон буд. Вай баъдҳо ба унвони устоди Донишгоҳ ва вакили даовӣ (адвокат) машғули кор шуд.

Аз назари шеърӣ аммо Ҳамиди Мусаддиқ аз шоиронест, ки ба адабиёти мултазам ва мардумӣ муътақид буд ва ашъораш ҳовии нукоти сиёсию иҷтимоист. Ў дар ашъор руҳи тағаззул (ғазалсароӣ) ва ҷомеагароиро ба мувозоти ҳам ба кор мебарад ва дар ҳақиқат шеъри ў дар ду бол дошт: яке обу яке оташ ва ашъораш омехта ба эҳсосоти ошиқона ва авотифи иҷтимоии мубтанӣ бар зебошиносии навқудамоест ва ў худ муътақид буд, ки «ман таъсири масоили иҷтимоиро дар забони лирикӣ бештар меписандам, то дар баёни хушки ҳамосӣ».

Ваҷҳаи шохиси шоирии Ҳамиди Мусаддиқ дар ин аст, ки мехоҳад ба забони сода шеър бисарояд ва аз ин ҷиҳат дар канори шоироне монанади Муширӣ ва Таваллулӣ қарор мегирад. Бо ин тафовут, ки илоҳаи ишқ ва тағаззул ҳамаи офоқи шеъри он дуро ба худ ихтисос дода, вале Ҳамиди Мусаддиқ бар он аст, ки аз қофилаи шеъри сиёсӣ-иҷтимоӣ ҳам бозмонад, аз ин рўст шеърҳои иҷтимоӣ ва сиёсии ў тавъам бо самимияту садоқати шоирона аст. Ҳамиди Мусаддиқ бо нигоҳе амиқу дақиқ ниёзи ҷамъии замонро ба дурустӣ дарк кард ва онро дар беҳтарин шаклу сохтораш дар манзумаи баланди «Обӣ, сиёҳ, хокистарӣ» ба кор баст ва ҳамин шеър ҳудуди 50 сол аст, ки вирди забонҳост.

Асоси тасвирҳои ин шеър бештар мубтанӣ бар ташбеҳу ривоят аст ва ў саъй кардааст замини ҳифзи зебоишиносии шеър содагии калому маънии амиқи шеърро бо забоне шево ба гўши хонандагон бирасонад.

Дар ниҳоят метавон гуфт муваффақияти шеъри Ҳамиди Мусаддиқ мадюни се омил аст:

  1. Шинохтани ниёзи ҷамъии ҷомеа;
  2. Забони сода ва самимӣ;
  3. Эҳсос ва отифаи зулоли шоирона.

Вай дар соли 1988 дар Теҳрон даргузашт.

Осор: «Дирафши ковиёнӣ», «Раҳгузари бод», «Обӣ, сиёҳ, хокистарӣ», «Аз ҷудоиҳо».

Девони комили шеърҳо: «Торҳое», «Солҳои сабурӣ».

Осори таҳқиқӣ ва пажуҳишӣ: «Муқадимае бар равиши таҳқиқ», «Рўбоиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ», «Девони Ҳофиз».

Ин шеърҳо аз ӯст:

ОБӢ, ХОКИСТАРӢ, СИЁҲ

Дар шабони ғами танҳоии хеш,

Обиди чашми сухангӯи туам.

Ман дар ин торикӣ,

Ман дар ин тирашаби ҷонфарсо

Зоири зулмати гесуи туам.

Гесувони ту парешонтар аз андешаи ман,

Гесувони ту – шаби бепоён.

Ҷангали атролуд.

Шикани гесуи ту-

Мавҷи дарёи хаёл.

Кош бо заврақи андеша шабе

Аз шати гесуи маввоҷи ту ман,

Бӯсазан бар сари ҳар мавҷ гузар мекардам.

Кош бар ин шати маввоҷи сиёҳ

Ҳамаи умр сафар мекардам.

 

*****    *****    ****

Бо ман акнун чӣ нишастанҳо, хомўшиҳо,

Бо ту акнун чӣ фаромўшиҳост.

Чӣ касе мехоҳад,

Ману ту мо нашавем.

Хонааш вайрон бод!

Ман агар мо нашавам, танҳоям,

Ту агар мо нашавӣ, хештанӣ.

Аз куҷо, ки ману ту

Шўри якпорчагиро дар Шарқ

Боз барпо накунем.

Аз куҷо, ки ману ту

Мушти расвоёнро во накунем.

***

Метавон дар дили ин мазрааи хушку тиҳӣ.

Базре рехт.

Метавон аз миён фосилаҳоро бардошт.

Дили ман бо дили ту –

Ҳарду безор аз ин фосиҳост

 

 

***

Ман чӣ медонистам, дили ҳар кас

дил нест,

Қалбҳо бехабар аз отифаанд.

Ман чӣ медонистам, сабза мепажмурад аз беобӣ.

Ман агар бархезам,

Ту агар бархезӣ,

Ҳама бармехезанд.

Ман агар биншинам,

Ту агар биншинӣ,

Чӣ касе бархезад?

Чӣ касе бо душман бистезад,

Чӣ касе панҷа дар панҷаи ҳар душман

даровезад.

Даштҳо номи туро мегўянд,

Кўҳҳо шеъри маро мехонанд.

Кўҳ бояд шуду монд,

Рўд бояд шуду рафт,

Дашт бояд шуду хонд.

Аз китоби доктор Алиасғари Шеърдӯст “Шеъри муосири Эрон”, Душанбе, соли 212.

Таҳияи Фирӯза Раҳимова,
муовини сардори шуъбаи
маълумотдиҳӣ- библиографӣ.