Китоби шашҷилдаи “Шашмақом”
Ҳар касе вориди Китобхонаи миллӣ мешавад, ба намоиши китоби «Унсурҳои муътабари мероси фарҳанги халқи тоҷик, ки ба феҳристи ғайримоддии башарият шомил шудаанд» рӯ ба рӯ мешавад, ки шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ташкил кардааст. Ҳангоми аз назар гузарондани китобҳои ин намоиш чашми хонанда ба шашҷилдаи “Шашмақом” меафтад ва ин хеле диққатҷалбкунанда аст.
Ин чӣ китобест ва чаро дар шаш ҷилд мураттаб шудааст?
Соли 2017 бо саҳмгузории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби шашҷилдаи “Шашмақом” рӯйи чоп омадааст. Таҳияи ин китоб барои омӯхтани санъати волои Шашмақом аз ҷониби ҳунармандон, муҳаққиқон, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии фарҳанг ва ҳунар, гурӯҳҳои эҷодии тахассусӣ, инчунин барои маърифати доираи васеи дӯстдорони ин санъат пешбинӣ гардидааст.
Шашмақом – санъати мусиқии классикии тоҷикон дар тӯли асрҳои зиёд ташаккул ва такомул ёфтааст, ки аз тарафи аҳли башар ҳамчун падидаи нотакрори бадеӣ эътироф гашт. Соли 2003 аз ҷониби Кумитаи байналмилалии ЮНЕСКО Шашмақом ҳамчун ёдгории мероси фарҳангии инсоният эътироф гардида, ба феҳристи шоҳкориҳои бузурги мусиқии шифоҳӣ ва мероси ғайримоддӣ ворид карда шуд. Дере нагузашта, соли 2006 дар ҷашнвораи 49-уми дарёфти ҷоизаҳои байналмилалии “Грэмми” албоми мусиқии классикии Шашмақом – мақоми Рост аз албомҳои олӣ шинохта шуд. Ин албом аз тарафи дастаи ҳунарии Академияи мақоми Тоҷикистон таҳия ва сабт гардида буд, ки соҳиби номинатсияи – “Албоми беҳтарин дар бахши мусиқии сунатии халқҳои ҷаҳон” гашт. Соли 2012 барои комёбӣ дар риштаи мусиқии суннатии халқҳои ҷаҳон Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов дар Форуми 8-уми мусиқии ҷаҳонӣ “Бабел мед мюзик”, ки дар Фаронса баргузор гашта буд, соҳиби шоҳҷоизаи “Франс мюзик” гашт. Абдувалӣ Абдурашидов бо маҳорати баланди ҳунарӣ бо истифода аз созҳои қадимии тоҷикон – танбуру сато навои классикиро пешкаши ҳаводорони мусиқӣ намуд. Ҳамаи ин далели он аст, ки имрӯз дар саҳнаҳои ҳунарии бисёр кишварҳои ҷаҳон иҷрои Шашмақом шавқу рағбат ва диққати шунавандагони мусиқии суннатии халқҳои гуногунро ҷалб менамояд.
Ёдовар шудан зарур аст, ки барои дастгирӣ ва рушди санъати Шашмақом Пешвои миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазову муҳим гузоштаанд. Президенти кишвар бо мақсади такмили минбаъдаи анъанаҳои фарҳангии мусиқии халқи тоҷик, дар заминаи арзишҳои аслии санъати мақомхонӣ ва равнақ додани ҳисси зебоипарастии халқ фармон «Дар бораи инкишофи минбаъдаи санъати шашмақомхонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расонданд. Маҳз тавассути ин санад ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 12-уми май Рӯзи Шашмақом бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Нашри кунунии шашмақом аз шаш ҷилд иборат буда, бо чунин тарз тартиб ёфтааст: «Рост», «Наво», «Бузург», «Дугоҳ», «Сегоҳ», «Ироқ». Ба ҳар яки ин шаш мақом ҷилде бахшида шудааст. Сохтори ҳамаи ҷилдҳо ба истиснои ҷилди аввал ба як тартиб таҳия ёфтааст. Ҷилди аввал – мақоми “Рост” бо пешгуфтор, шарҳҳои илмӣ ва “Луғати мухтасари истилоҳоти Шашмақом” пурра гардидааст. Сохтори ҷилдҳо ба ин тартиб бунёд гаштаанд:
- Шарҳи илмии адвори мақом;
- Маводи нота, ки аз се бахш иборат аст: а) Мушкилот – силсилаи аслии бахши соз;
б) Наср – силсилаи аслии бахши овоз;
в) Савт – силсилаи фаръии бахши овоз;
- Маводи нота – бахши илова, ки он низ аз се бахш таркиб ёфтааст: а) Қаринаҳои таълифоти мақомӣ;
б) Силсилаҳои ҷудогонаи мақом дар сабки силсилаи фаръӣ;
в) Таълифоти алоҳидаи мақомӣ (бахши овоз ва бахши соз);
- Ашъор ва сохтори мақом;
- Ҷадвалҳои сохтори тамоми шохаҳои силсилаҳои мақом;
- Ҷадвали сабтҳои мақом;
Дар пешгуфтори китоб муаллиф ва мураттиби он Абдувалӣ Абдурашидов чунин иброз медорад: “…дар мусиқии мақом сохторҳои асосии оҳанг ва қавонини он мавҷуд аст, ки аз ҷониби кулли ҳунармандони мақом ҳатман риоя мегардад. Дар нашри кунунӣ сабти номи ҳамаи шохаҳои силсила ва ишороти тамоми даврҳои сохтори мақом бо ҷузъиёти он дар рӯйи матни адвори мусиқӣ, аз як ҷиҳат шакли нави пешниҳоди маводи мусиқии Шашмақом бошад, аз ҷиҳати дигар ҳамаро аз сохтори таълифоти мақомӣ хабардор намуда, ҳусни тозае ба мазмуни он мебахшад”. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки азбас “мусиқии мақом ба анъанаи доимрушдкунанда мансуб аст, ҳеҷ гоҳ ба таври мутлақ шакли ниҳоӣ гирифта наметавонад. Бинобар ин китоби шашҷилдаи Шашмақом нашри мукаммалу хотимавӣ нест, зеро шашмақом мусиқиест дорои суннатҳои зиндаи иҷрогарӣ.”
Шашмақом, ки имрӯз ба таҷдид эҳтиёҷ дорад, мураттиб ва муҳаррирони адабии китоб кӯшидаанд ин корро эҳтиёткорона ва дар сатҳи баланди касбӣ анҷом диҳанд. “То кадом андоза ин амал ба мо муяссар гардид, ба қазовати устодони санъат, Шумо, мухлисони муҳтарами мусиқии классикии Шашмақом вогузор менамоем” – омадааст дар поёни пешгуфтори китоб.
Махфират Муҳиддинова
бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа