Шуарои Эрон. Неъмат Мирзозода (М. Озарм)

Неъмат Мирзозода ё М. Озарм аз зумраи шоирони ҷабҳаи муқовимат ва адабиёт мултазам буд, ки ба заминаҳои мазҳабӣ алоқаи вежа нишон дод. Ў мутаваллиди Машҳад аст ва дар ҳамон шаҳр таҳсилоту мутолиоти ибтидоии худро дунбол кард ва аз ҳамон солҳои ҷавонӣ ба мутолиоти динӣ ва ширкат дар ҷаласоти мазҳабӣ, бевижа Қонуни нашри ҳақоиқи исломӣ зери назари Муҳаммадтақии Шариатӣ (падари доктор Алии Шариатӣ), ки фаъолиятҳои густардаеро оғоз карда буд, алоқа нишон дод.

Заминаи шеъри ў умдатан мазҳабист ва намунаҳои ормониро ғолибан аз миёни бузургони динӣ дар назар мегирифт.

М. Озарм дар соли 1968 дар мусобиқаи шоирии «Понздаҳумин қарни беъсат», ки ба ҳиммати Ҳусайнияи Иршод баргузор шуд, ширкат кард. Манзумаи баланди ў бо унвони «Пайём», ки дар қолиби суннатӣ суруда шуда буд, барандаи мумтоз шинохта шуд, ки борҳо ба таҷдиди чоп шуд. М. Озарм аз назари забони шеърӣ муддате таҳти таъсири ду тан аз шоирони ҳамшаҳрияш – Ахавони Солис ва Шафеии Кадканӣ буд ва шеъру сабки шеърҳояш реша дар забони Хуросон дорад, аммо рафта – рафта худ ба истиқлол расид ва соҳиби сабку забоне вежа шуд.

Вай аз назари мазмун ва муҳтавои зербиноии шеърҳояш тафаккуру тааҳҳуди динӣ аст ва бо бакоргирӣ аз зебоишиносии шеърӣ баён мекунад ва аз ин рў дар канори шуарои мутааҳиди мазҳабӣ ҳамчун Шафеии Кадканӣ, Тоҳираи Сафорзода қарор гирад, ки шеърашон дар ростои бедорӣ ва огоҳии динии мардум аст.

Аз ҷумлаи осори ин шоир «Манзумаи паём» аст, ки бо забоне тўфанда ва лаҳне ҳамосӣ саросар дар иртибот бо Расулуллоҳ аст. Ин китоб аз ҷиҳати бори маъноии қавӣ ва ғании худ, сарфи назар аз фурму сохтор, бисёр қобили таваҷҷуҳ аст.

Асари дигари вай «Саҳурӣ» ном дорад, ки ҳовии нукоти фалсафию ирфонӣ ва иҷтимоӣ-сиёсист ва ашъори тунду муътаризи он пур аз вожагоне  чун: ҷанг, шаҳодат, сангар, мубориза, гулўла ва туфанг аст. Аз дигар осори вай «Лайлатулқадр» ва «Гулхун” – ро метавон ном бурд, ки ин ду китоб низ вежагиҳои осори қаблии ўро дар бар мегирад. Дар ниҳоят метавон гуфт шеъри М. Озарм реша дар тааҳҳудот ва боварҳои динӣ ва мазҳабии ў доранд ва ашъораш муддати зиёде дар даврон ситами шоҳӣ мавриди таваҷҷуҳ ва алоқаи хонандагони бисёре буд.

 

ИН МИСРАҲО АЗ ӮСТ:

Нафрин мабод ҷангали оташгирифтаро,

Ин роҳварони дида шабеҳун

В -аз чашмзахми Аҳриман аз ҳам гусехта

Дигар сазои сарзанише нестанд, мард!

Ҳаргиз мабод нафрат аз ин мардум,

Аз мардуме, ки дўсташон дорӣ,

Ин мардуме, ки дўст

туро доранд.

Ҳушдор! Ҳар гилоя аз ин халқ

Гўӣ киноятест.

Тавҷеҳи зишткории девонро

Ва онгоҳ ҳаргиз мабод…

Эй, хотирот зи «Хотираву ханҷару дарахт»,

Чун «Боғи оийна» «Қақнус» –ро зи тундии борон

ғаме мабод.

Ин абри раҳгузар бинатвонад

Он оташи муқаддами пайвандро хамўш кунад яксар.

Бартар аз ин замона замон ҷорист,

Дар батни ин кавир басе чашма- ст,

Дар матни ин сукут басе фарёд.

***

Маввоҷи бекаронаи шеъри ту беқарор

Ойинасор хотири поки ту беғубор

Шеъри дуруштноки баландат

Пайғамбари саломати ин рўзгор бод

Аз китоби доктор Алиасғари Шеърдӯст “Шеъри муосири Эрон”, Душанбе, соли 212 таҳияи Фирӯза Раҳимова, муовини сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ- библиографӣ.