Шуъбаи адабиёти хориҷӣ – махзани арзишманди китобхона
Ин шуъба бо беш аз 82 ҳазор китобаш ҳаводорони адабиёти хориҷиро ба худ ҷалб мекунад. Толори хониши он аз ҷумлаи толорҳои пурхонандаи Китобхонаи миллист. Хонандагоне ҳастанд, ки асарҳои бузургони адабиёти форсу тоҷикро ҳам бо замонҳои англисиву русиву олмонӣ мехоҳанд бихонанд.
Китоб аз падидаҳои ганҷинаи бузурги фарҳангист, он дар баробари баёнгари фикру андеша ва эҳсосу эҷоди муаллиф буда, бозтоби бахше аз неруи маънавиёт аст. Ҳақиқатан ҳам ҷаҳони маънавӣ ба самте ва ба ранге таҳаввул мекунад, ки назире надорад. Падидаҳои фарҳангӣ оғоз доранду анҷом не. Фармудаи Саъдии Шерозӣ «Бани Одам аъзои як пайкаранд» ба силсилаи наслҳо ҳам муносибате дорад. Авлоду аҷдоди мутамаддини одамӣ, ки миёни онон китоб пули муошират ва тахофум аст, узвҳои як тани воҳиданд. Даргоҳе, ки ҳамаи ин ганҷинаи бузургро ҳифз ва нигаҳдори мекунад, китобхона мебошад.
Яке аз чунин ганҷинаи илму маърифат Китобхонаи миллӣ мебошад. Китобхона дар таърихи навини мо, ҳамчун махзани илму маърифати халқу миллати тоҷик аст. Дар ин ҷо тамоми маҳсулоти чопии дар ҳудуди ҷумҳурӣ нашршуда ва кулли маҳсулоти чопии доир ба Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар нашр мегардад, ҷамъ оварда мешавад.
Яке аз шуъбаҳои фаъоли ин даргоҳ шуъбаи адабиёти хориҷӣ мебошад, ки бонуфузтарин ва шинохтатарин дар байни шуъбаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва хориҷа ба хисоб меравад. Дар он ҳамарўза теъдоди зиёди хонандагон ташриф меоранд ва завқу рағбати онҳо ба адабиёти гуногуни забонҳои ҷаҳон қонеъ мешавад. Шуъбаи мазкур дорои фонди комили адабиёти хориҷӣ буда, айни замон зиёда аз 82 ҳазор нусха китоб ва рўзномаву маҷалла бо 42 забони кишварҳои дунё ҳифзу нигаҳдорӣ мешавад.
Теъдоди хонандагони толори хониши шуъба рўз аз рўз меафзояд. Хонандагони ин шуъба ба адабиёти забони хориҷӣ, аз қабили англисӣ, олмонӣ бештар тавваҷуҳ доранд. Яке аз чунин китобҳои серталаби хонандагон «Фарҳанги донишгоҳии англисӣ- тоҷикӣ» (English-Tajik university dictionary), «Луғати забони олмонӣ» (Wörterbuch deutsch – tadschikisch), «Ёддоштҳои Садриддин Айнӣ» (The Sands of Oxus Boyhood Reminiscences of Sadriddin Aini) ва китобҳои гуногуни бадеӣ мебошанд.
Имрўз ба толори хониши шуъбаи мазкур донишҷўёни муассисаҳои олии кишвар ташриф меоранд ва аз ин ганҷинаи ноёб баҳравард мегарданд.
Кормандони шуъбаи мазкур тибқи дархости хонандагон ва қонеъ намудани талаботи онҳо сари вақт оиди дарёфти маводи чопии лозимӣ кумак намуда, пешкаш менамоянд. Масъулони ин шуъба ҳамчун шўълапошоне ҳастанд, ки шахсони ба ин даргоҳи маърифат воридшударо бо чеҳраи болида пешвоз гирифта, донишу маҳорати хонандагонро пурнур менамоянд.
Манзура Одинаева,
корманди шуъбаи
адабиёти хориҷӣ.