Солрӯзи марги Констанс Сейвери – адибе, ки 101 сол зист, вале издивоҷ накард

sejveri-konstansШояд на ҳама дар бораи нависанда, шоир ва адиби маъруфи кӯдакнависи британиёӣ Констанс Сейвери донанд. Ӯ 101 сол умр дид, вале боре ҳам издивоҷ накард. Аз хонум Сейвери, ки муаллифи беҳтарин асарҳои назмиву насрӣ буд, фарзанде боқӣ намонд, то насли ӯро идома диҳад. Ва сабаби муҷаррадии умрбодашро ҳам равшан касе намедонад. Нишони зиндагии ӯ ҳамин романҳову достонҳои мондагораш мебошанд, ки дар Аврупо маҳбубият доранд.

2-уми марти соли 1999 дар Строуд нависанда ва шоираи бачагонаи Бритониё Констанс Сейвери дар синни 101-солагӣ даргузашт.

Констанс Сейвери 31 октябри соли 1897 дар шаҳраки Фрокфилд дар оилаи коҳини англикан Ҷон Мэнли Сейвери ва зани ӯ Констанс Элеонор Харборд Сейвери таваллуд шудааст. Дар оила ба ғайр аз Констанс боз чор духтари дигар буд: Ирен, Филлис, Кристин ва Дорин.

Констанс аз хурдсолӣ ба хондан шавқманд буд ва тибқи ёддоштҳои Кристин, аз синни сесолагӣ ба навиштан шурӯъ кардааст. Дар нӯҳсолагиаш, оилаашон ба Бирмингем кӯчид, ки дар он ҷо Констанс дар Мактаби миёнаи духтарон Эдвард VI таҳсил мекунад. Дар соли 1971, Констанс тарҷумаи ҳоли худро навишт, ки дар он бо Ҷозеф Райт забони англисӣ ва готикаи қадима таълим доданашро навиштааст. Сейвери баъди марги модараш ду сол боз омузгорӣ кард. Бо вуҷуди ин, падараш ба кӯмак ниёз дошт ва Констанс хушбахтона, ба Миддлтон баргашт. Нависанда бо ҳамин бо тамом худро ба эҷодиёт бахшид. Дар байни солҳои 1929-1939 ин зан шаш роман, як китоби масалҳои маҷозӣ, ҳудуди шаст ҳикоя, ҳафт суруд, даҳ ҳикоя барои “Соати кӯдакона»-и Би-би-сӣ”, беш аз даҳ мақола ва шеърҳои зиёде  эҷод кардааст.

Констанс Савери ҳеҷ гоҳ издивоҷ накардааст.

Дар солҳои чилум Констанс ба тиҷорати асарҳояш оғоз кард. Дар он вақт нашриёти ӯ Longmans, Green and Co асарҳои: «Бародарони душман» (1943), «Киштии хубе Лилияи сурх» (1944), «Майдонҳои кабуд» (1947), «Зумрадҳо барои подшоҳ» (1945) нашр мекарданд.

Романи «Эмма» соли 1980 аз ҷониби Dent & Sons нашр шудааст, ки дар он Сейвери бо тахаллуси “Бонуи дигар” баромад кардааст. Дарвоқеъ, ин асар идомаи повести нотамоми «Эмма»-и нависандаи бритониёӣ Шарлотта Бронте мебошад. Ин асар муваффақияти калон ба даст оварда буд (ҳатто дар ИМА ду бор чоп шуд) ва то солҳои 2000-ум, вақте ки гузинаи дигари роман, ки аллакай аз ҷониби Клэр Бойлан ба итмом расида буд, нашр мешуд.

Дар солҳои 80-ум саломатии нависанда бад шуд: Сейвери зуд нобино гардид. Бо вуҷуди ин, оҷизӣ ба эҷодиёти вай халал нарасонд.

Вай 2 марти соли 1999 даргузашт. Романи ӯ “Ёддоштҳои Ҷек Челвуд” пас аз маргаш рўйи чоп омадааст.

Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА