Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ғолиби озмуни «Китобхонаи беҳтарин» шуд
9-уми апрел дар ҷамъбасти Фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон», ки дар Муасисаи давлатии Маркази кӯдакон ва наврасони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ чун яке аз ғолибони озмуни “Китобхонаи беҳтарин” соҳиби дипломи Вазорати фарҳанг ва Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи М.Миршакар шуд. Ҳафтаи китоби кӯдак дар Тоҷикистон рӯзҳои 2-9-уми апрели соли равон баргузор шуд.
Шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ дар доираи «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» намоиши китоб ва маҳфили «Дар сӯҳбати адиб» бо иштироки адиби кӯдакон ва наврасон Абдусаттори Раҳмон баргузор намуд, ки дар он як гурӯҳ хонандагони фаъоли шуъба ширкат карданд. Рафти чорабиниро телевизиони кӯдакон ва наврасон «Баҳористон» пешкаши бинандагон гардонд.
Дар поёни барномаи фестивал рақсу суруд аз ҷониби хонандагони шаҳру ноҳияҳо пешкаши бинандагон гардид. Ғолибони озмуни «Иншои беҳтарин», «Китобдори беҳтарин» ва «Китобхонаи беҳтарин» муйаян гардиданд. Ҳамчунин ба чанд нафар унвони «Аълочии фарҳнг» тақдим шуд.
Шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории намоиши китобҳои тозанашри бачагона, барномаи телевизионии «Дар суҳбати адиб» ва тарғиби китобхонӣ миёни кўдакону наврасон дар озмуни «Китобхонаи беҳтарин» ғолиб дониста шуда, сазовори Дипломи Вазорати фарҳанг ва Китобхонаи ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи М.Миршакар гардид.
Гуфтанист, ки Китобхонаи милии Тоҷикистон соли аввал ба ин диплом мушарраф шуд.
Раҳима Азам, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.