Шуъбаи матбуоти даврӣ дар гузашта ва имрӯз

Бухорои-ШарифШуъбаи матбуоти даврӣ яке аз сохторҳои асосии Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақсади асосии он фароҳамоварӣ, ҳифзу нигаҳдорӣ ва ба хонандагон пешниҳод намудани фонди матбуоти даврӣ мебошад.

Шуъба, соли 1935 дар тобеияти шуъбаи нигоҳдории китоб ҳамчун бахши матбуоти даврӣ таъсис дода шуда, бо сабаби ба маротиб афзоиш ёфтани нашрияҳо ва зиёдгардидани таваҷҷуҳи хонандагон ба фонди шуъба соли 1977 бахши мазкур ба шуъбаи алоҳида табдил дода шуд. шуъбаи матбуоти даврӣ аз он замон то имрӯз барои ташкил ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигаҳдории матбуоти даврӣ муарифии мазмуну мундариҷаи фонди матбуоти даврӣ ва тарғиби он ва иттилоотонию  ғанӣ гардонидани маънавиёти  фарҳангӣ, сиёсӣ, илмӣ ва иқтисодии мардум саҳми арзанда мегузорад.

Дар толори хониши шуъба бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ, идҳои давлатию расмӣ ва чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, намоиши рӯзномаву маҷаллаҳо роҳандозӣ карда мешавад.

Аз ҷониби шуъба барномаи “Захираҳои электронии фонди шуъбаи матбуоти даврӣ таҳия гашта, корбарӣ дар ин самт оғоз шудааст, ки бо амалишавии ин иқдом фонди нашрияҳои даврии электронӣ кардашуда  дастраси хонандагон мегардад.

Самтҳо ва вазифаҳои асосии фаъолияти шуъба иборат аст аз:

– қонеъ гардонидани талаботи иттилоотии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи ватанию хориҷӣ бо истифода аз матбуоти даврӣ;
– ташкил, ҳифз, таъмини нигоҳдории матбуоти даврӣ ва пешниҳоди онҳо баистифода барандагон;
– фароҳамоварии фонди матбуоти даврӣ ва нашрияҳои давомдоре, ки ба забони тоҷикӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва берун аз он дар бораи Тоҷикистон табъу нашр мегарданд;
– нигаҳдории фонди матбуоти даврӣ  тавассути баҳисобгирӣ ва ҷобаҷогузорӣ, муҳофизати бехатар, назорати пайваста ва таъмини раванди истифодаи самараноки онҳо;
– таҳияи феҳристи матбуоти даврии ватанӣ.

Шуъбаи матбуоти даврӣ- бойгонии азими нашрияҳои даврӣ мебошад, ки беш аз як миллион ҳашсад  нусха рўзнома маҷаллаҳо ва нашрияҳои давомнокро, ки бо ҳуруфи тоҷикӣ, русӣ, форсӣ ва лотинӣ нашр шудаанд, маҳфуз медорад.

Ин бойгонии азими нашрияҳо ба ғайр аз хизматрасонии ҳамешагӣ ба хонандаҳо як махзани серҳосил барои олимону пажўҳишгарон, муҳаққиқони соҳаи забону адабиёт, таъриху фарҳанг, рўзноманигориву сиёсат, иқтисоду ҳуқуқ ва дигар илмҳои дақиқу ҷамиятшиносӣ буда, дар пешрафти корҳои илмию адабӣ нақши  калидӣ дорад.

Махзани шуъба, асосан ба се қисм: фонди захиравӣ ё эҳтиётӣ, фонди кушода (нашрияҳои дар толори хонишбуда), ки хонандаҳо аз онҳо озод истифода мебаранд ва фонде, ки кормандон ҳамарўза бо истифода аз он дархости хонандаҳоро қонеъ мегардонанд, ҷудо шудааст.

Фаъолияти шуъба дар  самтҳои хидматрасонӣ ба хонандагон, назорат ва коркарди мунтазами фондҳо, таъмиру тармими рўзномаву маҷаллаҳои фарсудашуда, рақамшуморӣ кардану бастабандӣ намудани нашрияҳо ва ташкили намоишҳо ба роҳ монда шуда аст.

Барои қонеъ гардонидани талоботи рўзмарраи хонандагон ҳар ҳафта як маротиба, рўзҳои панҷшанбе то ҷумъа 52 номгўи рўзномаҳои ба забоҳои тоҷикиву русӣ ва моҳе як маротиба 74 номгўи маҷаллаҳои дохиливу хориҷии тозанашр, 49 номгӯ рўзномаҳои ноҳиявӣ инчунин теъдоди зиёди нашрияҳои давомдор (пайёмҳо, труды, известия, ахборот ва маҷаллаҳои соҳавии илмӣ) қабул намуда, бо рақамгузории махсуси библиографӣ ба фонди умумии шуъба ворид карда мешавад.

То имрўз дар шуъба аз феҳристи алифбоӣ ва анъанавии нашрияҳо истифода мешуд ва ҳоло бошад, нақшаи феҳристи электронии нашрияҳо омода карда мешавад, ки ин иқдом сифату самараи кори шуъбаро дар самти хидматрасонӣ боз ҳам ҷавобгу ба талаботи замони  муосири хоҳад гардонд. Яке аз дастовардҳои асосии илмии шуъба аз ҷониби кормандони он нашр ва рӯнамоӣ шудани “Донишномаи матбуоти даврии тоҷик” мебошад, ки дар муддати 8 сол таълиф ва нашр карда шуд, ки аз ҷониби муҳақиқони соҳа баҳои баланди илмӣ гирифтааст.

Реҷаи корӣ: аз соати 800 то 2000
Рӯзҳои корӣ: ҳар рӯз

Сардори шуъба: Аминов Шафқат Файзуллоевич

Телефон: 221-03-89
987-62-00-70

Муовини сардори шуъба:
Каримова Рухшона
900-99-22-85