Синни нафақаи бонуи хушкалому дилоогоҳ 

Имрӯз Гулчеҳра Собирова, яке аз собиқадорони Китобхонаи миллиро ба нафақа гусел карданд. Дар ҳалқаи кормандону роҳбарон, бо арзи сипос барои заҳматҳои чандинсола ва дастагулу сипоснома барояш беҳтарин хушиҳои зиндагиро орзу намуданд. Муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода аз номи роҳбарияти Китобхона ба Гулчеҳра Собирова барои талошҳои фаровону заҳамоти садоқатмандонааш изҳори сипос намуд.

Ин лавҳаро ман чанде пеш навишта будам, аммо ҳоло ҷое чоп накардаам. Ҳатто намедонистам, ки ӯ имсол ба синни нафақа мерасад. Ҳоло онро пешкаши хонандагон мекунам.

 Дилбастаи адабиёти ҷаҳон

Бо тавсияи устодаш «Робинзон Крузо»-и Даниел Дефоро хонд. Ў ёд дорад, ки ин китобро дар синфи 4 мутолиа карда буд. Қиссаи ҷолиби дарёгарде, ки киштияш чаппа мешаваду  барои зинда мондан талош менамояд, барои хонандаи синфи 4 ҷолибу хонданӣ намуд, ки ўро ба дунёи диграе бурд. Дунёи нав, дунёи кашфнашуда ва пур аз таззод. Дунёе, ки аҷибу ғариб намуд барои духтараки аз одаму олам бехабар. Баъдан китобҳои  «Собор Парижского Богоматери»-и Виктор Ҳугу, «Аэлита»-и Алексей Толстой ва дигаронро мутолиа намуд, ки ин китобҳо барои синну солои болотар пешбинӣ шуда аст. Шояд мутолиаи ҳамин китобҳо буд, ки ў ба адабиёти ҷаҳон дил баст. Ва ин меҳр то ҳол ўро сўи китобҳо мекашад. Ў ҳоло ҳам мехонад, мегўяд китобхонӣ одат аст.

Гулчеҳра Собирова сармутахассиси шуъбаи хизматрасонии библиографии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аст, ки имрўз ба синни нафақа расид. Ҳарчанд боварнакарданист, чун ҷавону зебо нисбати солаш ба назар мерасад. Ба ҷавонии ў ва ҳусни зебояш менигараму таҳқиқоти донишмандонеро ба ёд меорам, ки чанде пеш хонда будам: мутолиа организми инсонро аз пиршавии бармаҳал нигоҳ медорад. Зеро вақте майнаи сар камфаъол аст, организм зуд пир мешавад. Мутолиа кардан фаъолияти майнаи сарро такон медиҳад.

Гулчеҳра Собирова зодаи шаҳри Душанбе буда, соли 1983 пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил шуд. Онро сарбаландона ба поён расондааст. Модари се фарзанд ва бибии 6 набераи дустрӯяку меҳрубон аст. Аз соли 2014 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон кор мекунад.

Ў зани чеҳрахандону доимо аз зиндагӣ розӣ ба назар меояд, ҳамеша дар рўи одам гап мезанад. Ҳар вақт ўро дар дохили лифт ё роҳравҳои китобхона мебинам, ҳамеша хушнуду хушсуҳбат аст. Ҳолпурсӣ мекунаду мавзӯе барои суҳбат пайдо. Чун зиндагиро дўст медорад, барои худаш вақт пайдо мекунад. Ғайр аз кор чизҳое ҳаст, ки таваҷҷуҳи ўро ба худ мекашад, атрофашон суҳбат мекунад, бо дўстонаш гоҳе маҳфилҳову суҳбатҳо ташкил менамояд.

Касони зиёдеро медонам, ки лаҳзашуморӣ мекунанд, ки кай соати корӣ ба поён мерасад. Ў аз зумраи онҳо нест. Аз ў як дафъа ҳам нашунидам, ки «кор ба дилам задааст»  гўяд. Ҳеҷ гоҳ саросема нест, барои ҳама чиз фурсат меёбад: барои мутолиа, ороиш ва нигоҳубини худаш, ҳамчунин барои кораш.

Ў барои худаш зиндагӣ мекунад. Замони он расидааст, ки табъи дил либос бипўшаду истироҳат кунам, мегўяд ў. Зеро фарзандонашро, ки ба гуфти худаш аксар вақт танҳо тарбия намудааст, бузург кардаву соҳиби маълумот ва зану фарзанд кардааст.

– Чун аксар вақт шавҳарам ба сафарҳои дуру дарози корӣ мерафту маҷбур будам фарзандонамро ба танҳоӣ калон намоям. Ҳамеша либосҳои тозаву озода ба онҳо мепўшондаму беҳтарин шириниҳоро барояшон мепухтам. Хеле хуб нигоҳубинашон мекардам. Ба ёдам ҳаст, ҳамеша модарам мегуфт “ту модари хуб ҳастӣ. Фарзандонатро хуб нигоҳубин мекунӣ,  ҳамсари хуб, модари беҳтарин  ва пазандаи моҳир ҳастӣ».  

Гулчеҳра мегўяд ҳамсари хуб барои шавҳар ва модари хубтарин барои фарзандонаш будааст:

– Ҳар рўз торт мепухтам. Агар ҳамсояе ба хона медаромад мепурсид, ки ба чӣ муносибат торт пухтӣ? Мегуфтам ҳамин тавр. Барои шавҳарам, барои фарзандонам.

-Медонед, ба ман рў овард ҳамсўҳбатам, замони Шўравӣ буд, -ҳамсояҳои хубе доштем, ки аз тамоми миллатҳо буданд. Масалан ҳамсояи тоторе доштам, пирогҳову таомҳои лазизтарини мардумашро ба ман омўхта буд. Аз ҳамсояи дигарам, ки украинӣ буду аз ў ҳам хеле пухтупазҳои бомаззаро ёд гирифтам. Чун ман он вақт ҷавон будам, тасаввур кунед, нав 18 сола шудаму ба шавҳар баромада будам, чандон пухтупазро намедонистам. Дар нази ҳамсояҳоямон менишастаму сирри пазандагиро аз худ мекардам. Эҳ… аҷаб давроне буданд он замонҳо-, ба ёд меорад он солҳоро ў.

Бар замми кадбонуи хуб, модари хуб, китобхони хуб ҳам ҳаст. Модараш китобхона дошт, ки қариб ҳамаашонро хонда буд.

Аз мусоҳибам дар бораи хонаводааш пурсидам.

-Дар донишкдаи санъат рўзона кор мекардаму дар бахши шабона таҳсил. Бо шавҳарам, ки ў низ дар донишкадаи мазкур фаъолият менамуд ва мураббии шоҳмот буд, меҳру муҳаббат бастему соли 1983 издивоҷ  намудем. Ў шоҳмотбози машҳур буд ва ўро ҳама мешинохтанд, мегўяд ў.

Аз Гулчеҳра Собирова пурсидам ҳоло ҳам китоб мехонад?

Ў гуфт ҳамеша китоб мехонам. Аз хурдӣ ба китобхонӣ шавқ дорам, аз адабиёти классики рус Толстой, Достоевский, Пушкин, Тургенев ва классикони ҷаҳонро замони мактабхонӣ хонда будам, илова намуд дар поёни сўҳбат ў. То андозае ба қаҳрамони китоб дил баст, ки фанни писандидааш дар мактаб адабиёт шуд.

Гулчеҳра дӯст медорад, ки бештар асарҳои фанастикӣ хонад  ё румонҳои таърихиро мутолиа кунад.

Раҳима Аъзам, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.