Сипосномаи “Ҷумҳурият” ба Китобхонаи миллӣ
Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” дар Рӯзи матбуот Китобхонаи миллиро бо Сипоснома қадрдонӣ намуд. Дар он аз ҷумла омадааст:
“Сипоснома ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд барои таҳия ва чоп намудани Феҳристи “Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (2019-2021)”.
Маврид ба ёдоварист, ки Феҳристи “Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (2019-2021)” дирӯз, 10-уми март, дар остонаи Рӯзи матуботи тоҷик дар Китобхонаи миллӣ рӯнамоӣ шуд, ки дар он зумрае аз донишмандон, пажӯҳишгарон, кормандони Китобхона, аҳли қалами “Ҷумҳурият” ва намояндагони ВАО-и дохиливу хориҷӣ ширкат доштанд.
Ин феҳрист бо талоши Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назари доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода таҳия ва чоп шуд.