Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 11-уми март
Соли 2013 дар шаҳри Москав дар синни 88-солагӣ нависанда, филмноманависи Шӯравиву рус Борис Василев аз дунё гузашт. Вай барандаи ҷоизаи Президенти Федератсияи Русия, ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Комсомоли ленинӣ буд. Дар Ҷенги Бузурги Ватанӣ ширкат карда буд.
Борис Василев аз ҷумлаи адибони зиддисталинизм буд. Боре дар суҳбаташ бо нашрияи The New Times гуфт: “Сталин марди ахмақе буд. Дар умри худ ҳаргиз дар артиш хидмат накард ва аслан нафаҳмид, ки артиш чист. Ӯ наметавонист нақшаро бихонад. Генерал Шапошников, ки он замон сардори ситоди кулл буд, барояш харитаро мефаҳмонд ва ҳама чиро аз рӯи харита тавзеҳ медод. Ғояи “бузургии Сталин” аз афсонае беш набуд. Ва рафиқ Сталин як ахмақ буд ва бадтар аз Ҳитлер”.
Вай як силсила асарҳо дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ навишта буд ва ҳамчунин як силсила повесту қиссаҳои таърихӣ ҳам дорад.
Муҳимтарин асари ӯ “Субҳи ин ҷо сокит аст” мебошад, ки аз рӯи он филме ҳам бо ҳамин ном ба навор гирифта буданд ва як филми диданиву як достони хонданист.
Соли 1702 аввалин рӯзномаи ҳаррӯзаи англисизабони «The Daily Courant» чоп шуд. Ин нашрия бори аввал аз ҷониби Элизабет Маллет дар маҳалли истиқоматии ӯ нашр шуд ва ҳамагӣ аз як саҳифа иборат буд. Маллет эълон кард, ки дар ин рӯзнома танҳо хабарҳои хориҷиро нашр мекунад ва аз ҳар гуна шарҳу тафсири хабарҳо худдорӣ хоҳад кард.
Аммо баъди ҳамагӣ 40 рӯз Маллет The Daily Courant-ро ба Сэмюэл Бакли фурӯхт. Чопи The Daily Courant то соли 1735 давом кард ва баъдан он бо Daily Gazetteer ҳамроҳ карда шуд.
Соли 1912 дар шаҳри Самарқанд адиб ва намоишно манвиси маъруфти тоҷик Ғанӣ Абдулло дида ба олам кушод. Вай соли 1932 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқандро хатм карда, ба Душанбе омадааст.
Корманди илмии Пажӯҳишгоҳи омӯзгории Комиссариати маориф, котиби ИН Тоҷикистон, роҳбари бадеии Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ будааст.
Оғози фаъолияти эҷодияш ба ибтидои солҳои сиюми асри гузашта рост меояд.
Маҷмӯаҳои «Ситораҳои сохтмон» (1932) ва «Бо номи Ватан» (1933)-и ӯ дар Тошканд чоп шудаанд, ки шеърҳои ӯзбекии ӯро дар бар ги-рифтаанд.
Соли 1935 дар Душанбе маҷмӯаи шеърҳои тоҷикияш «Садо» ва достони «Ду соҳил» ба табъ расидаанд. Ҳамзамон, чанд мақолаи илмияш интишор ёфтаанд, ки «Ҷалол Икромӣ ва эҷодиёти ӯ» (1933) аз он шумул аст.
Ғанӣ Абдулло дар адабиёти даврони шӯравии тоҷик ба ҳайси драманависи мумтоз шинохта шудааст, ки драмаҳои «Вахш» (1933), «Водии бахт» (1934), «Пеш аз субҳ» (1949), «Шарафи инсон» (1956), «Суруди кӯҳсор» (1957), (сегонаи) «Тӯфон» (1957, ҳамроҳи Ш. Қиёмов), «Ҳуррият» (1964), «Мо аз Боми Ҷаҳон» (1965) «Сарбозони Инқилоб» (1970) ва ғайра гувоҳи онанд.
Беҳтарини офаридаҳои ӯ дар маҷмӯаи «Ҳуррият» (1972) «Таркиши ҳадафгир» (1976) гирд оварда шудаанд.
Драмаҳои таърихӣ-ватанпарварӣ ва лирикӣ-фоҷиавии «Шӯриши Восеъ»(1936), «Рустаму Суҳроб» (1937, 1967), «Фарёди ишқ» (1975), таърихӣ-шарҳиҳолии ӯ «Ҷомӣ ва Навоӣ» (1969), «Ситораҳои умед» (1975), «Шамъи маърифат» (1978) ва «Мурғи саҳар» (1980) ва «Рухшона» (1982) аз биҳин намунаҳои осори драматургии адабиёти шӯравии тоҷик ҳисобида шудаанд.
Бисёр асарҳояш ба забонҳои русию ӯзбекӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва саҳнагузорӣ шу-даанд.
Асарҳои ҷудогонаи Р.Такур, М.Горкий, Т.Драйзер, А.Островский, К.Симонов, А.Корнейчук ва дигаронро ба тоҷикӣ гардон-дааст.
Ширкатвари Анҷумани якуми нависандаго-ни шӯравӣ (1934), Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1972), Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон.
Бо орденҳои «Дӯстии халқҳо» ва «Нишони фахрӣ», медалу ифтихорномаҳои гуногун сар-фароз гардонида шудааст.
Соли 1934 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
28 январи соли 1984 аз олам даргузашт.
Соли 1917 дар шаҳри Исфара адиби тоҷик Лутфӣ Сайид таваллуд шуд. Фаъолияти кориро бармаҳал сар карда, чанде коргари роҳи оҳан ва сардори бригадаи сангканон будааст. Соли 1939 Техникуми молиявии Ленинобод, баъдан Донишкадаи давлатии омӯзгории Тошкандро хатм кардааст. Соли 1941 ӯро ба ноҳияи Ҳисор фиристодаанд. Дар мактабҳои маҳаллӣ 25 сол аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтааст.
Оғози фаъолияти эҷодияш ба соли 1938 рост меояд, ки аз ҳамон сол аввалин ҳикояҳояш рӯи чопро дидаанд. Чанд ҳикояи ӯ дар моҳномаи «Шарқи Сурх» ба табъ расидаанд, ки аз онҳо «Дар назди гулхан», «Шодмонӣ дар хонаи Худо», «Писари Ҳазрати Одам», «Содиқ-паҳлавон» ва ғайра хотирнишинанд.
Соли 1963 китоби ӯ «Дар назди гулхан», соли 1972 «Асрори саҳро», соли 1984 «Қиссаҳои Хуршед», соли 1985 «Сояи мурғи ҳумо», баъдан «Дар рӯзҳои тӯфон», «Ғурури кӯҳи сепоя» ва ғайра пешкаши хонандагон гардидаанд.
Муаллими шоистаи РСС Тоҷикистон.
Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Соли 2006 аз олам даргузашт.
Соли 1946 дар Гослитиздат маҷмӯи ашъори Анна Ахматова ба чоп имзо шуд. Аммо тибқи қарори КМ ВКП(б) кулли теъдоди нашршуда ба дасти хонанда нарасида нобуд карда шуд. Аз он ҳамагӣ чанд нусха дар дар дасти одамони алоҳида боқӣ монд.
Соли 1950 дар Санта-Моника (шаҳре дар ИМА) дар синни 78-солагӣ адиби олмонӣ, фаъоли ҷамъиятӣ Ҳенрих Манн аз дунё гузашт. Вай бародари То мас Манн буд.
Ҳенгих Манн ба хотири мазмунои интиқодӣ ва сиёсии романҳояш таҳти фишор буд ва дар соли 1933, вақте Ҳитлер дар Олмон сари қудрат омад, аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ маҳрум шуд. Аввал ба Прага рафт ва баъдан ба Фаронса. Иттиҳоди нависандагони Олмон дар муҳоҷиратро сарварӣ кард.
Баъди ишғоли Фаронса аз ҷониби артиши Олмон аз тариқи Испания ва Португалия ба ИМА рафт ва то соли 1940 дар Лос-Анжелес зиндагӣ кард.
Дар остонаи маргаш хост ба Берлини Шарқӣ баргардад, то Академиси санъати Олмонро сарварӣ кунад, чун ғоибона ӯ аввалин президенти ин ташкилот интихоб шуда буд. Вале ба орзуяш нарасид, марг пешдастӣ кард ва 11-уми марти соли 1950 дар Санта-Моника даргузашт. Соли 1961 хокистари ӯро ба Олмони демократӣ оварданд ва дар қабристони Доротеенштадск ба хок супурдан.
Соли 1952 дар Кембриҷ нависанда, намоишно манавис, филмном анависи амрикоӣ Дуглас Адамс ба дунё омад. Дуглас Адамс як нависандаи тахайюлнавис аст ва бештар бо “Китоби раҳнамои мусофирони Каҳкашон” машҳур шуд. Ин асар нахустин бор дар соли 1978 ба унвони як мазҳакаи радиоӣ тавассути ВВС пахш гардид.
Ӯ ҳамчунин яке аз фаъолтарин ҳомиёни ҷонварон ва муҳити зист шинохта шудааст. Бехудо (атеист) буд ва ошкор худро бехудои бунёдгаро меномид. Мегӯянд вожаи “бунёдгаро”-ро ба он хотир барои худ истифода мекард, ки касе ӯро агностик ном набарад.
“Китоби раҳнамои мусофирони Каҳкашон”, “Тарабхона дар интиҳои ҷаҳон”, “Зиндагӣ, ҷаҳон ва ҳама чиз”, “Китоби раҳнамои мусофирони оянда” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.
Соли 1969 дар манзили худ воқеъ дар Питерсфилд дар синни 65-солагӣ нависандаи тахайюлнависи англис Ҷон Уиндем дунёро падруд гуфт. Вай бо тахаллусҳои зиёд асар навиштааст, вале муҳимтарину шинохтатарини онҳо Ҷон Уиндим мебошад.
Соли 1970 дар Темекули Калифорния дар синни 80-солагӣ нависандаи детективнависи армикоӣ Эрл Стэнли Гарднер аз олам гузашт. Вай беш аз 100 роман навиштааст. Ҳамчунин дар асарҳояш тахаллусҳои А. А. Фэйр (A. A. Fair), Карлтон Кендрейк (Carleton Kendrake), Чарльз Дж. Кенни (Charles J. Kenny), Чарлз М. Грин (Charles M. Green), Кайл Корнинг (Kyle Corning), Роберт Пар (Robert Parr), Делла Стрит (Della Street), Лес Тиллрей (Les Tillray)-ро истифода кардааст.
Таҳияи Б.Шафеъ.